Ҳамкорони азиз,
мардуми шарифи Тоҷикистон!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон, ки яке аз муқаддастарин ҷашнҳои динии мардуми мусулмон мебошад, табрику таҳният менамоям.
Иди Қурбон таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ меҳру муҳаббат, инсондӯстӣ, хайру саховат, раҳму шафқат ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ин иди муборак моро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар, дастгирии ятимону ниёзмандон ва анҷоми амалҳои неку шоиста ҳидоят менамояд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз ин ҷашни муқаддасро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегиранд.
Бешубҳа, ин ҳама самараи сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва инсонмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа пайваста талош менамоянд.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки фарҳанги таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва диниву маънавӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин асосҳои пешрафти ҷомеа мебошанд.
Маҳз бо шарофати чунин сиёсати оқилона имрӯз дар Тоҷикистони азизамон тамоми шаҳрвандон дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои муқаддаси динӣ зиндагӣ ва фаъолият доранд.
Иди саиди Қурбон барои ҳар як инсон фурсати беҳтаринест, ки ба аёдати падару модар, дастгирии ниёзмандон, пос доштани арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва таҳкими робитаҳои неки инсонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Зеро фарҳанги миллии мо ҳамеша бар меҳрубонӣ, эҳтиром ва накӯкорӣ асос ёфтааст.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба ҳамаи Шумо, ҳамкорони гиромӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори орому осуда, файзу баракати зиндагӣ, саодати хонаводагӣ ва дар фаъолияти меҳнатиятон комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям.
Бигзор Иди саиди Қурбон ба ҳар хонадон нуру сафо, меҳру муҳаббат, баракат ва хушбахтӣ оварад ва Тоҷикистони азизамон ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушду шукуфоӣ намояд.
Иди саиди Қурбон муборак!