РИОЯИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ – БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Аксарияти қонунҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб мерасанд, асосан, ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мешаванд. Бинобар ин, риоя ва эҳтироми он аз тарафи аҳолии кишвар шарт ва зарур мебошад. Яке аз қонунҳое, ки мардуми тоҷик онро хуб пазируфтаанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки соли 2007 қабул гардидааст. Ба тасвиб расидани ин қонун дар замони Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик басо муҳим буд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қисми зиёди хароҷоти зиёдатӣ, сарфаи беҳуда ва риёкории мардум нуқта гузошт. То қабули Қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд [2].
Барои дарк кардани нақши бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пеш аз ҳама мо бояд вазъи татбиқёбии анъана ва ҷашну маросимҳои сершумори милливу таърихии тоҷикон дар солҳои охирини замони шӯравӣ ва давраи то қабул шудани ин қонун дар замони истиқлолиятро ба хотир оварем. Масалан, чӣ тавре, ки дар хотир дорем, дар он даврони сипаришуда анъана ва ҷашну маросимҳои милливу динӣ ба ҳадде зиёд буданд, ки мардум намедонист кадоме аз онҳоро иҷро кунад. Илова бар ин, баъзе анъана ва ҷашну маросимҳо бо унсурҳои зиёди хурофотӣ ва бо дину фарҳанги миллии тоҷикон бегона то ба ҳадде олуда шуда буданд, ки аз ҳам ҷудо кардани унсурҳои худӣ ва бегона, зарурӣ ва нолозим дар таркиби онҳо хеле мушкил буд. Инчунин, аксарияти анъанаҳо ва ҷашну маросим ба таври маҷбурӣ ва бетартибона татбиқ мешуданд. Ҳатто, бархе аз онҳо, масалан, ҷашни хонадоршавӣ, барои бархе аз мардуми доро ба як маъракаи худнамоӣ, табдил ёфта буданд. Дар ҷашнҳои арӯсӣ истифодаи теъдоди зиёди мошинҳо, бо маблағи калон даъват намудани сарояндаҳои номдор, харҷи зиёди анвои нӯшокиву хӯрок, пулчаспониҳо ба ҳукми анъана даромада буданд, ки аслан ба ғайр аз намоишкорӣ ва исрофкории бемаънӣ маъно ва моҳияти дигаре надоштанд. То қабули қонун маросимҳои азодорӣ низ тадриҷан моҳияти аслии худро гум карда, дар бисёр маврид хароҷоти онҳо аз хароҷоти ҷашни хонадоршавӣ камтар не, балки зиёдтар буд. Зери ин намоишкориҳо бошад, миёни хамзадаи соҳиби маърака ва қарзҳои гирифтаи ӯ ноаён мемонд. Танҳо пас аз гузаштани маърака камбағалию тангдастӣ якҷо бо дигар мушкилиҳои рӯзгор бо соҳибхона даст ба гиребон мегардид [3].
Ҷашну маросими миллӣ яке аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ҳамчун шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон тавассути аз насл ба насл додани донишҳо, меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ то ба имрӯз омада расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо онҳо бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбанд. Чӣ тавре, ки шоҳидем тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гаштани ҷашну маъракаҳо ва амали гаштани расму оинҳо барои аксарияти мардуми мо, ки дар ҳоли тангдастию камбағалӣ қарор доштанд, мушкилоти зиёди моливу пулиро ба миён оварда буд.
Рафъи ин мушкилот, пеш аз ҳама, зарурати танзими расму оинҳои милливу диниро тақозо менамуд. Бо назардошти ҳамин талабот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими анъанаҳо ва ҷашну маросими милливу диниро ба ҳайси яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ ба ҳисоб гирифта, тамоми саъю талоши худро дар ин самт барои қабули қонунҳои саривақтӣ ва таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум равона намуд.
Имрӯз сарфакорӣ, истифодаи мақсадноку самараноки имкониятҳои молию пулии ҳар як фард, ҳар як оила ҳукми зарурати ҳаётиро гирифтааст ва манфиатҳои фардиву хусусии одамон дар доираи манфиати омма ба назар гирифта мешаванд.
Агар кас нек бияндешад, дарк мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои тамоми халқу кишварро ҳимоя намуда, ба насли имрӯза дарси илму адаб, ақлу амал, аҳду вафо, афву хирад, сабру саховат, шукру сипос, сарфаю сариштакориро омӯзонид ва шароите ба вуҷуд овард, ки тафаккури нави миллӣ пайдо шавад.
Натиҷаи роҳнамоии падаронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки дар кишварамон насле ба камол расида истодааст, ки соҳиби дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, ихтисоси баланд, забондону соҳибмаърифат мебошанд ва барои тарққиёту ободии Ватан содиқона хизмат карда истодаанд [1].
Бо эътимоду боварӣ гуфтан мумкин аст, ки аксарияти ҷавонони соҳибмаърифату шарафманди даврони имрӯза аз марҳалаи ҷӯяндагиву тарҳрезӣ ба созандагӣ гузашта, пайваста сифатҳои инсонии худро такмил медиҳанд, ки назаррасу пурсамар аст.
АДАБИЁТҲОИ ИСТИФОДАШУДА
1. Вализода О. Қонуни танзим иқдоми саривақтиву зарурӣ буд. Қонуни танзим – омили рушди мафкураи миллӣ: маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (ш.Душанбе, 06 июни соли 2024).
2. Гулов Ш.М. Танзими ҷашну маросим баракати зиндагист! Сомонаи интернетии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. www.tnu.tj
3. Муродов Амиршоҳ. Танзими анъана ва ҷашну маросим, дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон. Сомонаи интернетии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. www.tgpu.tj
Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх