Давлати Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо арзишмандтарин дастоварди сиёсӣ дар ҷаҳони муттамаддин комёб шуд. Ин ҳам бошад шинохта шудани он ҳамчун давлати мустақил буд.
Вале, мутаассифона, барои дар сатҳи зарурӣ дарк накардани моҳияту мақоми ин дастовард аз ҷониби гурӯҳҳои сиёсӣ, кишвар ба муноқишаҳои дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, ки хасороти зиёди ҷониву молӣ дошт. Вале он воқеиятеро, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар бораи ба сулҳу ваҳдату оромӣ овардани кишвар пешбинӣ карда буд, бо заҳматҳои зиёди Пешвои миллат ва мардуми шарифи кишвар ҷомаи амал пўшид. Имзо шудани ин санади тақдирсози таърихӣ ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшид, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нестшавӣ наҷот бахшид. Миллати тоҷик на танҳо давлатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, балки дар таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар қадамҳои устувор гузошт.
Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам дастоварди арзишманд ба шумор меравад, ки сулҳу суботро дар кишвар барқарор карда, барои рушди институтсиноалии кишвар ва давлатдории муосир шароити мусоиде фароҳам овард. Аз ин рӯ, барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон ин раванд на танҳо як дастоварди сиёсӣ, балки як марҳилаи тақдирсозе мебошад, ки тибқи қонунҳо ва санадҳои муҳими миллӣ ва байналмилалӣ, дар таркиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997) ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардиданд.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Чунки пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, кишвар тавонист сулҳу суботро барқарор кунад ва барои рушди минбаъда шароит фароҳам оварад. Ваҳдати Миллӣ асоси таҳкими давлат, амният ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ гардид. Барои ташаккули тафаккури сиёсии миллати мутамаддини тоҷик раванди сулҳ ба як мактаби тақдирсоз табдил ёфта, пояҳои давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Чун аксарияти мардуми ватандӯсти мо дарк намуданд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон, пароканда шудани миллати тоҷик ва ҳатто аз байн рафтани марзу буми ягонаи он гардад. Воқеан дарси ибратбахш таърих медиҳад. Чунин вазъ таҷрибаи талхи давлатдории Сомониён ба ёд меовард, ки садҳо маротиба мо онро аз саҳифаҳои таърих варақ зада будем. Зеро давлати Сомониён низ дар натиҷаи дастгирии аҷнабиҳо, тақвият бахшидани дасисаҳои гурӯҳҳои гуногун, шиддат гирифтани мухолифату задухӯрдҳо дар миёни фарзандони як миллат давлати тоҷиконро аз байн бурд.
Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи мухолифин баъди гуфтушунидҳои тулонӣ ахиран ба хулосае омаданд, ки ҷангу низоъҳо ва бадбинию қасдгирӣ аз азал дар фарҳанги тоҷик ҷой надоштва ҷой доштан ҳам наметавонад. Миллати тоҷик бори дигар собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои сулҳхоҳу сулҳофар мебошад. Дар марҳилаи тақдирсоз метавонад, ки бо ҳам муросову мадоро намояд ва ҳамдигарро бахшанд. Албатта, ба даст овардани ин Ваҳдат ба хираду раҳнамоии Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайванди бевосита дошт. Зеро дар ибтидо таъкид доштанд, ки ба ҷанги бародаркӯш хотима мебахшем, гурезаҳоро ба ватан баргардонида, харобаҳоро аз нав обод мекунем ва миллати тоҷик бо он қодир аст. Ҳамин тавр ин музокирот дар ниҳоят ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва (27 июни 1997) анҷом ёфт, ки нуқтаи гардиши муҳим дар таърихи муосири Тоҷикистон гардид.
Агар дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ зарари иқтисодии низои дохилиро тахлил намоем, он андозаи 8-10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аммо, барқарор намудани иқтисод ва истеҳсолоти дохилии кишвар вақти тӯлонӣ ва заҳмату талошҳои зиёдеро тақозо менамуд. Хушбахтона имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки тамоми маҳсулоти ниёзи мардумро корхонаҳо дар дохили кишвар истеҳсол ва дастрасӣ мардум мекунанд ва теъдоди онҳо рӯ ба афзоиш дорад. Сатҳи камбизоатӣ дар ин солҳо коҳиш ёфта, рушди иқтисодии кишварро созмонҳои молиявии ҷаҳон эътироф мекунанд.
Ҳамаи ин пешрафтҳоро мо аз баракати Ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу суботи пойдор, заҳмати пурмаҳсули мардум ва раҳбарии хирадмандонаи Президенти муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон медонем. Дар амри ба даст овардани комёбиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, созмонҳои иҷтимоӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши сазовори худро мегузоранд.
Албатта, ваҳдат на фақат рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон, балки беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.
Имрӯз иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари ободи мо, меҳмоннавозии халқи инсондӯстамон мамлакатҳои бурунмарзиро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, ки ин ҳам аз ваҳдату ягонагии мо, самимӣ будани мо нисбат ба Ватан гувоҳӣ медиҳад.
Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз дар ободкорӣ, амниятӣ мардум, рушди истеҳсолот, некуаҳволии халқ намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст. Пас маълум мегардад, ки танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии ватан ва осоиштагии мардумро таъмин намуд.
Ҳамин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо аллакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».
Набояд фаромуш намуд, ки беҳамтоии модели тоҷикии оштии миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф шудааст ва дар амалияи ҳалли низоъҳои ҷаҳонӣ падидаи беназир ва ибратбахш ҳисобида мешавад.
Пас мардуми кишварамон бояд арзишҳои муҳимтарини калидии ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Нигоҳ доштани сулҳу субот. Ваҳдати Миллӣ ба пешгирии низоъҳо ва нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.
Таҳкими истиқлолияти давлат. Ҷомеаи муттаҳид метавонад манфиатҳои миллӣ ва соҳибихтиёрии кишварро беҳтар ҳифз кунад.
Рушди иқтисодӣ. Сулҳ ва ҳамоҳангӣ шароити мусоидро барои сармоягузорӣ, сохтмони инфрасохтор ва беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ фароҳам меорад.
Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ. Ваҳдати Миллӣ эҳтиром ба анъанаҳо, забон ва таърихи мардуми тоҷик, инчунин муносибатҳои мутақобилан судмандро байни намояндагони минтақаҳо ва миллатҳои гуногун тақвият медиҳад.
Тақвияти ватандӯстӣ. Ваҳдат эҳсоси масъулияти шаҳрвандонро барои ояндаи ватани худ тақвият медиҳад ва барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.
Воқеан боиси ифтихор аст, ки ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии миллиро ифода менамояд. Ин рӯз ба мо аҳамияти нигоҳ доштани субот ва ҳамдигарфаҳмиро барои шукуфоии минбаъдаи кишвар хотиррасон мекунад. Маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ, кишвар метавонад бомуваффақият проблемаҳои муосирро ҳал ва ояндаи шоистаеро бунёд кунад.
Ваҳдати миллӣ—ин ягонагии миллат, ки бо иттиҳоди мардум дар атрофи арзишҳо, ҳадафҳо ва анъанаҳои бузургтарин сарҷаъм шудаанд таъриф мешавад. Ин консепсия барои кишварҳои гуногун ва аз ҷумла барои Тоҷикистон, аҳамияти калон дорад. Дар назарияҳои илмии имруза Ваҳдати миллӣ ҳамчун воситаи муҳими пешбурди кишвар, зисти осоишта ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ зикр мешавад.
Ҳамин ягонагӣ ва ваҳдат кишварро бо ояндаи дурахшон таъмин сохта метавонад. Ваҳдати миллӣ на танҳо барои ҳозира, балки барои оянда низ муҳим аст. Он боиси ба вуҷуд омадани наслҳои оянда мегардад, ки аз ватани худ бо ҳисси масъулиятшиносӣ ифтихор мекунанд.
Илова бар ин, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ҳиссагузорӣ ва масъулият дар ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои он дошта бошад, то ки наслҳои оянда метавонанд дар як ҷомеаи осоишта ва ҳамбастагӣ зиндагӣ кунанд.
Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи муосир буда, дар таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи Ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дорад, зеро маҳз тавассути он кишвар тавонист оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, роҳи рушди устуворро интихоб намояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати сиёсиву иқтисодӣ ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамчун вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа боқӣ мемонад.
Чунки он сипари асосӣ аз таҳдидҳои геополитикӣ, экстремизм ва дахолати беруна аст. Аз ин ру, Ваҳдати миллӣ на як шиор ё ҷашни ифтихорӣ бошад, балки ба ҳайси шарти зарурии шукуфоӣ ва соҳибихтиёрии миллат бояд баромад намояд.
Сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир, н.и.ф., дотсент Баҳромбеков Д.А.