Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳар миллате, ки ба ягонагӣ ва ҳамбастагӣ расидааст, тавонистааст давлатдории худро ҳифз намуда, ба пешрафту тараққиёт ноил гардад. Барои мардуми Тоҷикистон ваҳдати миллӣ на танҳо мафҳуми сиёсӣ, балки арзиши муқаддаси маънавӣ ва асоси зиндагии осоишта мебошад.
Пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон давраи бисёр душвори таърихиро аз сар гузаронид. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисод, фарҳанг ва зиндагии мардум зарари калон расонд. Бо вуҷуди ин, бо хиради сиёсӣ ва иродаи қавии фарзандони миллат сулҳу субот барқарор гардид ва роҳи рушди давлат боз шуд. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими пешрафти ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ эътироф шудааст.
Ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва муттаҳидии тамоми қишрҳои ҷомеаро дорад. Вақте ки мардум дорои ҳадафҳои муштарак мебошанд ва барои манфиатҳои миллӣ талош мекунанд, ҷомеа устувор ва пешрафта мегардад.
Рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади тақдирсоз ба низои дохилӣ хотима бахшида, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҳамон вақт ҳар сол 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
Наќши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тањкими суњу вањдати миллии тољикон дар арсаи олам камназир аст. Мањз талошњои хастанопазири Пешвои миллат, ки ба ќиммати љони хеш ва бо аз худ гузаштанњои эшон самараи нек ба бор овард ва сулњи тољикон пирўз гардид. Роњбари давлат мањз њамин маъниро таъкид намудааст, ки: «Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди халқамон ва омили асосии рушди давлати соҳибистиқлол мебошад».
Мафҳуми ваҳдат дар адабиёти классикии тоҷик низ ҷойгоҳи хос дорад. Саъдии Шерозӣ дар ин хусус менигорад:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард орад рузгор,
Дигар узвњоро намонад ќарор.
Ин абёт инсонҳоро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ даъват намуда, аҳамияти ваҳдатро дар ҷомеа равшан нишон медиҳанд.
Ваҳдати миллӣ барои пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда дорад. Маҳз дар фазои сулҳу субот давлат тавонист барномаҳои муҳими рушди иқтисодиро амалӣ намояд. Дар солҳои истиқлолият роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бунёд гардиданд. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи сулҳу ваҳдат мебошанд. Дар фазои орому осуда шаҳрвандон имконияти кору фаъолият, таҳсил ва зиндагии шоистаро пайдо мекунанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъалаи тарбияи ҷавонон аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ҷавонон бояд сабақҳои таърихиро омӯзанд ва арзиши сулҳу ваҳдатро амиқ дарк намоянд. Муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва оила дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим мебозанд. Ҳадафи асосӣ аз он иборат аст, ки ҷавонон худро вориси арзанда ва ҳомии давлату миллат эҳсос намоянд.
Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад. Маҳз ба шарофати сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ Тоҷикистон тавонист роҳи рушди устуворро пеш гирад ва дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо намояд.
Ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Насли ҷавон бояд арзиши сулҳу субот, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дарк намуда, барои таҳкими онҳо саҳм гузорад. Танҳо дар сурати ҳифзи ваҳдат метавон рушди устувори давлат ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин кард.
Ваҳдати миллӣ рамзи бақои миллат, асоси суботи ҷомеа ва кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Мушовири директори Марказ А.Мирзозода