Таҳаввули тафаккури динӣ ва таъсири он ба ташаккули тафаккури миллӣ

Дар тӯли таърихи инсоният, дин на танҳо як системаи эътиқод, балки омили муҳими рушди иҷтимоӣ, ҷаҳонбинии фард ва ҷомеа, танзимкунандаи муносибат бо арзишҳои дигар низ будааст. Таҳаввулоти тафаккури динӣ тағйиротро дар ҷаҳонбинии одамон, дарки мафкуравии ҷаҳон, ахлоқ ва ҷойгоҳи худ дар ҷомеа инъикос кардааст. Дар айни замон, динҳо ба ташаккули шуури миллатҳо таъсири ҷиддӣ расонида, ба тақвияти ҳувияти фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд. Агар ташаккули марҳилавии  таҳаввулоти тафаккури диниро тибқи маълумотҳои илмӣ-таърихӣ ва дигар сарчашмаҳо  пайгирӣ намоем чунин таснифот шудааст:

Дар эътиқодҳои ибтидоӣ: анимизм (боварӣ ба рӯҳҳои табиат);

Тотемизм (эҳтиром ба ҳайвонот ё растаниҳо ҳамчун аҷдодони қабила);

Фетишизм (боварӣ ба хосиятҳои ҷодугарии ашё) ва ғайра эътиқодҳои маҳаллӣ нажодӣ ҳам вуҷуд доштанд.

Ин шаклҳои шуури динӣ дар ҳамон даврон ба одамон дар аввалин  фаҳмишҳои оламу одам, табиату зуҳуротҳои табии ва шарҳи ин падидаҳо, ҳамчунин барои зинда мондан ва тақвияти ягонагии қабилавӣ кӯмак мекарданд.

Албатта, бо мураккаб шудани ҳаёти ҷамъиятӣ ва ташаккули шуури ҷамъиятӣ фаҳмиш ва муносибат ба дину эътиқод ҳам ба таҳаввулот дучор гардид. Ҳамин тавр барои гузаштан ба динҳои бисёрхудоӣ замина пайдо шуд. Махсусан ташаккули тамаддунҳои қадима дар Шарқ (Шумер , Аккад, Миср, Бобул ва ғайра) боиси пайдоиши системаҳои мураккаби динӣ бо худоёни сершумор гардид.

Ҳамин тавр дин қисми қудрати давлатӣ ва тартиботи иҷтимоӣ гардид, ки таконе барои иҷтимоӣ- сиёсӣ шудани динҳо шуд.

Минбаъд давлатҳо ва империяҳои бузург дар пойдорӣ ва ҳуввиятшиносиву худшиносии миллӣ аз таълимоти динӣ васе истифода мебурданд. Аз динҳои бисёрхудоӣ дар Миср ва давлати Ҳахманишинӣ  то империяи Юнон ва Рим дар давлатдории худ аз тафаккури динӣ ва эътиқоду боварии мардум васеъ ва моҳирона истифода мебурданд. Пас дин ҳама вақт дар хизмати ҳукуматҳо ва давлатҳо будааст.

Пайдоиши динҳои яктопарастӣ ба монанди яҳудия, масеҳият ва ислом нуқтаи кулминатсионии иҷтимоишавӣ ва сиёсишавии динҳо мебошад. Маълум аст, ки ин хусусияти муҳими ташаккулёбии динҳои ҷаҳонии   буддоия, масеҳият ва ислом мебошад. Аз ҷумла, ҳамин эътироф ва тасдиқи идеяи як Худо ба рушди меъёрҳои ахлоқии умумӣ ва муттаҳидшавии ҷамоатҳои калони одамон мусоидат кард.

Дар ҷомеаи муосир  таҳлилу баррасии  вазъи динию сиёсӣ дар ҷомеаҳои мусулмонӣ, ба хусус дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон имрузҳо афзалият пайдо намуда, аҳами­яти махсус касб кардааст. Зеро аксари ҷомеаҳои муосири мусулмонӣ дар муқоиса бо кишварҳои пешрафта хусусияти сун­на­тӣ дошта, дар он ислом нақшу мақоми устувор дорад.  Вале масъалаи ҷиддӣ чунин аст, ки   дар сатҳи шуури муқаррарии оммаи мардум   ислом ҳамчун ҷаҳонбинӣ ва дар қисме аз киш­вар­ҳои мусулмонӣ асоси қонунгузории давлатӣ ва зербинои идеологӣ пазируфта мешавад. Ҳузури чунин тасаввурот дар зиндагии воқеии ҷомеаҳои суннатӣ ба пайванд гирифтани ислом бо сиёсат таъсири манфӣ мегузорад. Ба сиёсат омезиш додани арзишҳо ва муқад­да­соти динӣ ҳамчун як падидаи нохушоянд дар таҷрибаи таърихии кишварҳои мусулмонӣ метавонад барои зуҳуроти ифротгароии динӣ мусоидат намояд. Таҳ­лил­ҳо нишон медиҳанд, ки ҳам нерӯҳои дохилии ман­фиат­ҷӯ барои тақвияти мавқеи худ ва ҳам давлатҳои абар­қуд­рат барои роҳандозӣ намуда­ни ҳадафҳои геопо­литикӣ аз ҳамин омил истифода мебаранд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз аз оғози асри XVIII олами ислом бо са­бабҳои гуногун дар маркази таваҷҷуҳ, мубориза ва манфиатҳои иқтисодии кишварҳои бузурги ҷаҳон қарор гирифта буд. Маҳз табиати сиёсӣ гирифтани ислом ва дар ҷомеаҳои суннатии мусулмонӣ нақши муҳими иҷтимоӣ доштани он ба давлатҳои абарқудрат имконият дод, ки бо истифода аз падидаи ба ном “исломи сиё­сӣ” бо дасти худи мусулмонон ба таъсиси ҳизбу ҳара­кат­ҳои ғайрисуннатии ифротӣ ноил гарданд ва тавассути фаъолияти онҳо дар кишварҳои гуногун низоъҳои сиёсӣ-диниро баран­гезанд. Моҳирона истифода бурдани унсури динӣ тасаллути комили давлат­ҳои пеш­раф­таи ҷаҳонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишварҳои му­сул­монӣ таъмин кард ва рушди иқтисодии онҳоро аз нигоҳи тақсимбандии минта­қавӣ тобеи худ гардонид. Вобаста ба мавқеъгириҳои муосири геополи­ти­кӣ раванди аз нав тақсим кардани ҷаҳон, алалхусус минтақаи аз нигоҳи захира­ҳои табиӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ниҳоят қулайи Ховари Миёна аз миён нарафтааст, балки хусусияти буҳронии бештар пайдо кардааст. Ин кашмакашҳо баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани ҷаҳони якқутба боз ҳам пуршиддат гар­дид. Таҷриба нишон дод, ки ҳар қадар ҷомеа анъ­ана­вӣ бошаду дин дар муайян кардани тарзи тафаккур ва зиндагии мардум нақши муҳим бозад, ҳамон қадар пиёда сохтани аҳдофи сиёсии нерӯҳои ифротии дохилӣ ва нақшаҳои геополитикии давлатҳои манфиатҷӯ имконпазир мегардад. Аз ин рӯ, интихоби низоми давлатдории дунявӣ ва ҷудо кардани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат дар ҷомеаҳои суннатӣ яке аз роҳҳои самарабахши муқовимат бар зидди ҳама гуна ниятҳои нопоки ноором кардани вазъият ва ҳифзи амнияти кишвар мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани ис­тиқ­лолияти давлатӣ низоми давлатдории дунявиро асос қарор дода, хусусияту асосҳои ҳу­қуқии онро тавассути Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда устувор намуд,

Аз ин мавқеъ, истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули истиқлолияти фикрӣ низ мусоидат кард, ки ис­тиқ­лолияти динӣ ҷузъи муҳими онро ташкил медод. Дар натиҷа эҳёи босуръати дин рӯи кор омад ва ҷиҳати бозан­дешии худшиносии динӣ, ҷашну маросимҳо ва ни­ҳодҳои динӣ, ба мис­ли масҷиду мадрасаҳои динӣ такони бузург дод. Дар айни замон андешаҳои бегонаи ҳиз­бу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динии ифротидошта аз берун ба фазои динии кишвар ворид гардида, вазъиятро мураккаб сохтанд. Чунин ҳолат зарурати омӯзиш ва таҳлили воқеъбинонаи вазъи динӣ-сиёсии ҷомеа­ро ба миён овард, ки баҳогузории мукаммали он бидуни гузаронидани назарсан­ҷи­ҳои сотсиологӣ ғайриимкон аст.

Набояд фаромуш кард, ки масъалаи ҳифз намудани хотираи таърихӣ, эҳё намудани арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ маҳз аз баракати истиқлолияти давлатӣ имконпазир гардид. Дар ин давра, давлати миллии соҳиб­ис­тиқ­лоли тоҷикон тавассути кӯшишҳои пайгиронаи Пеш­вои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар робита ба шинохти дурусти меъёрҳои дини ислом ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ ва ҳам дар самти эҳёи арзишҳои фар­ҳангӣ ва ташаккули худшиносиии миллӣ ҳамчун пояи маънавии ҳастии миллат ва давлати тоҷикон ташаббускор шуда, як қатор чорабиниҳои ҳаётан муҳимро анҷом доданд.

Новобаста аз ин, бо сабаби дар тафаккури авомонаи ҷомеаи суннатӣ ҷойгоҳи хос доштани дин ва роҳ ёфтани фарҳангу идеяҳои динӣ-сиёсии бегона дар фазои иттилоотии кишвар раванди ташаккули худшиносии миллӣ ҳануз ҳам ба мушкилӣ ру ба ру ҳаст. Аз ин нигоҳ, дар шароити ҷомеаи суннатӣ маҳз низоми давлатдории дунявӣ метавонад заминаи ҳуқуқиро барои ҳифзи хотираи таърихӣ, арзишҳои миллӣ муҳайё сохта, ба ташаккули худшиносии миллӣ мусоидат намояд ва аз зуҳури таассубу ифротгароии динӣ дар сатҳи сиёсат пешгирӣ карда, амният ва рушди босуботи ҷомеаро таъмин созад.

Садори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир, н.и.ф., дотсент Баҳромбеков Д.А.

 

 

 

 

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх