“Таҷрибаи тоҷикии ҳалли муноқишаҳо, на танҳо дорои хусусияти хосаи худ, балки дорои механизмҳо ва технологияи умумӣ низ аст, ки метавонад дар созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳо мавриди истифода қарор гирад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Барои мардуми Тоҷикистон сулҳ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои муқаддас мебошанд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад, Сарвари давлат дар андешаи оромиву осоиштагии миллат буд.
Баъди истиқлоли давлатӣ арзиши муқаддасу таърихӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ мебошад. Тинҷию осудагӣ дар мамлакат роҳи рушду такомули минбаъдаро равшан сохт.
Бо таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26 июни соли 2007) сулҳу суботи тоҷикон боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими нуфузу мавқеи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид: имрӯз башарият илова бар ин, ки таҷрибаи сулҳи моро мавриди дастгирӣ, омӯзиш ва истифода қарор додааст, инчунин дигар иқдомоти башардӯстонаи давлати тоҷиконро низ доир ба ҳалли проблемаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон бо гармӣ истиқбол ва пуштибонӣ мекунад.
Бисёр коршиносон, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ, махсусан намояндаҳои хоси Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Комиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба тандурустӣ, наҷоти кӯдакон бо технологияи нодире, ки дар ҷараёни ба даст омадани сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон истифода шуд, қоил буданд ва ин таҷриба қобили қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт.
Дар заминаи ин таҷрибаҳо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» 25 июни соли 2026 қабул гардид.
Қабули қатъномаи мазкур маҳсули хиради азалӣ ва аз сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ будани Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад.
Барҳақ фармудаанд, ки бе сармояи дониш ва бе пирояи таҷриба нодираи даҳр гаштан номумкин аст.
Мо ифтихор дорем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан созандаву сулҳдӯст мебошад.
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла ҷавононро водор месозад, ки барои ворисони сазовори ниёгони тамаддунсози худ шудан пайваста ба хотири ҳамқадами замон тараққи кардани сарзамини худ саъй намоем, то ки кишварамон ба муқобили омилҳои номатлуби ҷаҳони муосир ва оқибатҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ пойдору устувор бошад.
Одинашоҳ Вализода,
мудири шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим
ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии
«Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»