Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ – 9-уми сентябри соли 1991 дар ҷумҳурӣ раванди демократикунонии ҷомеа инкишоф ёфт. Дар раванди демократикунонии ҷомеа шаҳрвандон озодиҳои зиёдеро ба даст оварданд. То ҳатто кор ба ҷое расид, ки коргарони оддӣ, ба монанди коргарону деҳқонон ба корҳои давлату давлатдорӣ, интихобкунӣ ва интихобшавӣ, муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, машғул гардиданд. Тарафгирии номзадҳо оғоз гардид. Ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии зиёде ташкил карда шуда, фаъолияташон ба сиёсикунии ҳаёти ҷомеа нигаронида шуда буд. Шаҳрвандон барои тарафдории номзадҳо ба майдонҳо баромаданд. Аз ин манфиатҷӯёну манфиатхоҳон истифода бурданд. Дар байни мардум кинаву адоват нофаҳмиву бадбинӣ, маҳалчигӣ барангехта шуд. Дар натиҷаи ин ҳама, дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид.
Мардум сарсону саргардон гаштанд. Дар ба дари хешу табор шуданд. Аз хонаву дар монданд. Аз ҷойҳои зисташон дур шуданд. Молу ҳолашон дар саҳрову талу теппаҳо монд. Ба ҷонашон марг таҳдид мекард. Авзои ҷомеа ноором буд. Ноумедиҳои мардум рӯз то рӯз зиёд мешуд. Зиндагӣ ва нонёбӣ мушкил буд. Мардум барои нон навбат меистоданд. Нон намерасид. Гуруснагӣ таҳдид мекард. Кафолати ҳаёти инсон таъмин набуд. Дар ҷумҳурӣ вазъияти фавқуллода эълон карда шуда буд. Алангаи ҷанг шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро гирифта буд.
Мардум орзуи тинҷиву амониро мекарданд. Ҳеҷ кас намедонист, ки то пагоҳ зинда мемонад. Ҳаёти инсон қадр надошт. Инсоният дар он давра бесарусомониҳои зиёдеро паси сар кард. Аз воситаҳои ахбори омма, ба монанди телевизион ва радио мардум оҳиста-оҳиста хабарҳои хуш, хабарҳои расидан ба тинҷиву амониро мешуниданд. Рӯзе аз телевизион ва радио хабар расид, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шурои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва мардум бо орзую омоли расидан ба сулҳу субот ва тинҷиву амонӣ онро ба хуши қабул карданд.
16 ноябри соли 1992 иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва дар кори он Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Аввалин сухани гуфтаашон ин «ман ба шумо сулҳ меорам» мебошад. Мардуми парокандашударо сарҷамъ кард. Гурезагонро ба хонаҳояшон баргардонид. Сулҳу суботро дар ҷомеа ва давлат аз сари нав таъмин намуд. Бо мухолифин музокирот ва гуфтушунидҳо оғоз шуданд. Дар натиҷа, рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Аз ҳамон сол инҷониб рӯзи 27-уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад ва мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи истироҳатӣ эълон карда шудааст.
Бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мухолифин гузаштҳои зиёд кард. Дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои давлатӣ 70 фоиз ба 30 фоиз тақсим карда шуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори якум тағйироту иловаҳо бо роҳи раъйпурсӣ аз 26-уми сентябри соли 1999 ворид карда шуд, ки дар натиҷаи он ҳизбҳои сиёсии динӣ барои иштирок дар ҳаёти сиёсии давлат ва корҳои идоракунии давлатӣ ҳуқуқ пайдо намуданд. Парламенти касбӣ ташкил карда шуд. Ҳаёти сиёсии ҷомеа муътадил гашт. Мақомоти давлатӣ ба пуррагӣ амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин намуданд. Мардум бениҳоят аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурсанду шод шуда, дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбубамон сарҷамъ шуда, ба корҳои созандагию ободкорӣ машғул гаштанд. Солҳо мегузаранд, аммо хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз фаромуш намегарданд.
Айни ҳол, моро зарур аст, ки ба қадри Ваҳдати миллӣ, ба қадри хизматҳои Пешвои муаззами миллат бирасем ва баҳри ободонии Ватани азиз заҳмат кашем, меҳнат кунем. Ваҳдати миллӣ, амну осоиштагиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва ба наслҳои оянда расонем, то ки миллати мо пояндаву ҷовид боқӣ бимонад.
Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон