Хатарҳои ифротгароии динӣ барои раванди ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон дар кишвар: таҳдидҳо ва роҳҳои пешгирӣ

Экстремизм ва терроризм имрӯз яке аз таҳдидҳои асосӣ барои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ин падидаҳо на танҳо барои амнияти давлат таҳдид эҷод мекунанд, балки сулҳу суботи ҷомеаро низ халалдор месозанд. Гурӯҳҳо ва созмонҳои радикалӣ кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз усулҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, барои паҳн кардани ғояҳои худ ҷавононро ба сӯи худ ҷалб намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мушкилот ҷиддӣ муносибат карда, барои мубориза бо экстремизм ва терроризм чораҳо меандешад. Қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои мухталиф таҳия ва қабул карда шудаанд, ки ба пешгирӣ, ошкор ва аз байн бурдани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ нигаронида шудаанд. Ин инчунин барномаҳои таълимиро дар бар мегирад, ки мақсади онҳо огоҳ кардани ҷавонон дар бораи хатарҳо ва оқибатҳои ҳамроҳшавӣ ба созмонҳои экстремистӣ мебошад.
Аспекти муҳими мубориза бо терроризм ин корҳо ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои муноқишаҳои низомӣ мебошад. Ҳамин тавр, бо талошҳои ҳукумат аз Сурия ва Ироқ қариб 400 шаҳрванди Тоҷикистон баргардонида шуданд, аз ҷумла 84 ноболиғ дар соли 2019, 146 зану кӯдак дар соли 2022, 104 зану кӯдак дар соли 2023 ва 47 зану кӯдак дар соли 2024. Ин нафарон барои баргашт ба ҳаёти муътадил дастгирии зарурӣ гирифтанд, ки ин намунаи реинтеграцияи муваффақ буда, аҳамияти дастгирӣ аз ҷониби давлатро нишон медиҳад.
Мубориза бо экстремизм ва терроризм талошҳои муштараки тамоми ҷомеаро талаб мекунад. Муҳим аст, ки ҳар як шаҳрванд таҳдидҳои марбут ба ин падидаҳоро дарк кунад ва дар пешгирии онҳо фаъолона иштирок намояд. Ин хусусан ба ҷавонон дахл дорад, ки аксар вақт ҳадафи ҷалби гурӯҳҳои экстремистӣ қарор мегиранд. Огоҳӣ ва маърифатнокӣ метавонанд дар пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва ҳифзи насли ҷавон аз таҳдиди радикализатсия нақши калидӣ дошта бошанд.
Таърифи терроризм ва экстремизм
Терроризм — ин истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он бо мақсади тарсонидан ё маҷбур кардан, махсусан барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ мебошад. Он метавонад ҳуҷумҳоро ба одамон, биноҳо ё ҷойҳои ҷамъиятӣ бо мақсади эҷод кардани тарсу ваҳм, таъсир расонидан ба ҳукумат ё ҷомеа дар бар гирад. Терроризм аксар вақт бар зидди шаҳрвандони оддӣ равона шуда, ҳадафаш паҳн кардани номуайянӣ ва тарсу ҳарос дар байни аҳолӣ мебошад.
Экстремизм — ин ақидаҳо, боварҳо ё амалҳои ифротӣ мебошанд, ки меъёрҳои ҷомеа ва қонунҳоро вайрон мекунанд. Он метавонад дар шакли идеологияҳои радикалӣ зоҳир шавад, ки ба зӯроварӣ, бадбинӣ ё таҳзиб (дискриминатсия) нисбат ба одамон дар заминаи нажод, дин, миллат ё дигар нишонаҳо даъват мекунанд. Экстремизм аксар вақт барои ворид кардани тағйироти куллӣ дар ҷомеа тавассути усулҳои хашмгин ё зӯроварӣ кӯшиш карда, созиш ё муколамаро рад мекунад.
Намудҳои экстремизм инҳоро дар бар мегиранд:
Экстремизми динӣ: вақте ки одамон динро ҳамчун баҳона барои зӯроварӣ ё бадбинии дигарон истифода мебаранд.
Экстремизми сиёсӣ: вақте ки гурӯҳҳо ё шахсони алоҳида барои тағйир додани сохти сиёсӣ ба чораҳои ифротӣ, аз ҷумла зӯроварӣ даст мезананд.
Экстремизми нажодӣ ва миллатгароӣ: вақте ки одамон боварӣ доранд, ки нажод ё миллати онҳо аз дигарон болотар аст ва инро ҳамчун асос барои камсинушӣ ё зӯроварӣ истифода мебаранд.
Гурӯҳҳои экстремистӣ мехоҳанд истиқлолияти кишварҳо, махсусан давлатҳои мусулмониро аз байн баранд ва дар зери назорати худ як давлати воҳид бо номи “хилофат” таъсис диҳанд. Онҳо сарҳадҳои мавҷударо эътироф намекунанд ва мехоҳанд, ки ҳама аз қоидаҳои онҳо пайравӣ кунанд. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз таблиғот (пропаганда) ва зӯроварӣ истифода мебаранд. Ин барои ҳар як кишвар хатарнок аст, зеро ба амният ва тавоноии идоракунии он таҳдид мекунад.
Ин ғоя ва нақша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, оинномаҳо ва маводҳои таблиғотии гурӯҳҳои экстремистии динӣ ба таври возеҳу равшан баён шудаанд ва ҷое барои шакку шубҳа намегузоранд. Ба таври мисол, созмони террористии «Ҳизб-ут-таҳрир» солҳои зиёд аст, ки дар оинномаҳо ва варақаҳои таблиғотии худ назарияи «таъсиси хилофати воҳиди исломӣ»-ро расман тарғиб мекунад, ки дар он давлатҳои мустақили минтақаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, танҳо ҳамчун вилоятҳои хурди ин «хилофат» нишон дода шудаанд: дар умум, таъсиси «хилофат» ва маҷбуран тобеъ кардани давлатҳои мустақили мусулмонӣ ҳадафи асосии ин ҳизби экстремистӣ ба шумор меравад;
Созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДОИШ-и собиқ) харитаи сиёсии хилофати исломии худро таҳия карда, онро дар воситаҳои ахбори омма паҳн ва тарғиб менамояд: агар ба ин харита назар андозем, тамоми минтақаҳо ва давлатҳои мусулмонии ҷаҳон, аз ҷумла давлати мустақили мо, ҳамчун музофотҳо ва вилоятҳои тобеи ин хилофат нишон дода шудаанд.
Бо забони оддӣ гӯем, экстремистҳо ва террористҳо гурӯҳи одамоне мебошанд, ки мехоҳанд бо истифода аз тарсу зӯроварӣ дигаронро маҷбур созанд, ки мувофиқи қоидаҳои онҳо зиндагӣ кунанд. Онҳо хоҳиш ё ҳуқуқҳои одамони дигарро ҳурмат намекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки сулҳу тартиботро дар ҷомеа вайрон кунанд.
Усулҳои ҷалб ва вербовкаи шаҳрвандон ба созмонҳои экстремистию террористӣ
Омилҳои асосии майли ҷавонон ба ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он:
Омили аввал — ба вуҷуд омадани холигоҳи идеологӣ (мафкуравӣ) дар байни ҷавонони маҳаллӣ мебошад, зеро исбот шудааст, ки дар ҳар ҷое, ки холигоҳи идеологӣ эҷод мешавад, ҷои онро ғояҳои нав мегиранд. Дар натиҷа, боварии ҷавонон ба ғояҳои сохти давлатӣ заиф шуда, онҳо ба идеологияҳои хориҷӣ рӯ меоранд. Инсон мавҷуди зинда аст ва табиатан ба чизе майл дорад, ки ҳамеша фаъол аст.
Омили дуюм — сатҳи пасти саводнокии дунявӣ, набудани фарҳанги сиёсӣ ва донишҳои баланди ҳуқуқӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир, қонунгузории кишвар барои ҷавонон доираи васеи имкониятҳоро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ба таълиму тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, то онҳо тавонанд аз тамоми зинаҳои таҳсилот истифода баранд.
Омили сеюм — ба норасоии дониш, аз ҷумла дониши динӣ вобаста аст. Дар зоҳир, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ гӯё ба ислом «хизмат» мекунанд, аммо дар асл онҳо душмани ислом ва мусулмонон мебошанд.
Омили чорум — масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро мегирад. Созмонҳои экстремистӣ аз ҷониби таъсискунандагони худ маблағгузорӣ мешаванд ва бо ин роҳ ҷавонони бекорро, ки ба маблағ ниёз доранд, ба сӯи худ ҷалб мекунанд.
Дар байни омилҳои дигар, камфаъолии ниҳодҳои иттилоотиро метавон ҳамчун омили панҷуми рушди экстремизм арзёбӣ кард, зеро мардум, бавижа ҷавонон, дар бораи моҳият ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ маълумоти кофӣ надоранд.
Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ:
Дар ҳоли ҳозир, таблиғу ташвиқи адабиёте амалӣ шуда истодааст, ки мазмуну мундариҷаи он ба рушди худшиносии миллӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон нигаронида шудааст.
Барои мубориза бо экстремизм, пешбурди таблиғоти муносиб на танҳо аз ҷониби мақомоти сиёсию давлатӣ, балки аз ҷониби зиёиён, шахсони обрӯманд, олимон ва уламои дин низ муфид хоҳад буд.
Таблиғи шахсиятҳои барҷаста, олимон, мутафаккирон, нависандагон ва зиёиёни миллат, ки ҳамасола бо ташаббус ва иқдоми мустақими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, намунаи асарҳои онҳо нашр мешаванд.
Дар мавриди сабабҳои воқеии майли баъзе ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ ва пажӯҳишҳо бо ҷалби коршиносон талаботи рӯз мебошад. Натиҷаҳои он ба таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои ҷиддӣ ҷиҳати аз байн бурдани сабабҳои экстремизм мусоидат хоҳанд кард.
Ҳаёти ҷавонон дар умум мисли як рӯди хурӯшон аст. Агар мо онро самаранок ва мақсаднок истифода барем, ҳаёти мо ободу шукуфон хоҳад шуд. Дар ғайри ин сурат, ин рӯдхона ба селе табдил меёбад, ки аз он ба ҷуз вайрониҳо чизе боқӣ намемонад.
Чӣ бояд кард, агар шумо ё хешовандони шумо зери таъсири таблиғоти экстремистӣ қарор гиред ё ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ шомил шавед?
Имрӯзҳо созмонҳои экстремистию террористӣ дар шабакаи интернет ва инчунин дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ таблиғоти густурда бурда, аз арзишҳои динӣ барои гумроҳ кардани шаҳрвандон ва ҷалби онҳо ба сафҳои худ истифода мебаранд.
Мардуми тоҷик беш аз 1300 сол аст, ки дини исломро эътироф мекунад ва вақте сухан дар бораи ояту ҳадисҳо меравад, онро бидуни ҳеҷ шакку шубҳа қабул менамояд.
Аз ин ҳам бештар, аксари ҷавонон барои қонеъ кардани талаботи динии худ ба баромадҳои ғаразноки мубаллигони афғон ва салафиҳои тоҷик гӯш медиҳанд. Ин гуна муносибат ба дин оқибатҳои даҳшатбор дорад. Тамошои мунтазами баромадҳои экстремистӣ ба ҷаҳонбинии инсон таъсири манфӣ расонида, ақидаҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро бедор мекунад.
Пас, дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо таблиғоти экстремистӣ чӣ бояд кард?
Аввалан, назорати доимии телефонҳои мобилӣ аз ҷониби волидон зарур аст. Дар сурати пайдо шудани шубҳа ва агар кӯдакон ба масъалаҳои динӣ дар интернет таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, фавран пеши ин корро гиред.
Сониян, агар шахси ношинос бо шумо тамос гирифта, маводҳои динӣ фиристад ва дар бораи мафҳумҳои бидъат, куфр, ҷиҳод, ҳиҷрат, шаҳид шудан ва ғайра суҳбат оғоз кунад ё барои содир кардани амали террористӣ маблағ ваъда намояд, дар ин ҳолат шаҳрвандон вазифадоранд, ки фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.
Барои пинҳон доштани таблиғоти экстремистӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Дар раванди пешгирии экстремизм масъулият на танҳо ба дӯши давлат, балки ба дӯши ҳар як шаҳрванд низ мебошад. Ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, омӯзгорон, ҳамсояҳо ва хешовандонро зарур аст, ки наврасону ҷавононро зери назорат гиранд ва ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои экстремизм дар рафтори ҷавонон, фавран пеши онро гиранд. Вазифаи тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он иборат аст, ки наврасон, ҷавонон ва инчунин шахсони гумроҳшудаву фиребхӯрдаро ба роҳи рост ҳидоят кунанд.
Ваҳобзада

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх