ИСЛОҲОТ РОҲИ ЯГОНАИ РУШДИ ҶОМЕА АСТ

Ҳар як ҷомеа, фарҳанг, дин новобаста аз моҳияту мазмун ё сохтор дар ҳар давру замон ислоҳотро дар шаклҳои гуногун аз сар гузаронданд. Ислом ҳам дар баробари дигар динҳо ислоҳоти зиёдеро аз сар гузаронидааст, ки самтҳои хеле гуногун доранд. Ислоҳоти модернистӣ ва рационалистӣ як ҷараёни пуриқтидор дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷаҳони ислом буда, намудҳои гуногуни “ислоҳот” бо роҳҳои гуногун ҳамкории доимии мактабҳои исломиро роҳандозӣ мекард. Ислоҳоти муосир дар соҳаи ҷамъиятӣ имконпазир ва ҳам хеле зарур аст. Аммо, барои баъзе гуруҳҳои таассубгарои динӣ ин раванд писанд нест. Масалан, ваҳҳобиён, мисли католикҳои асримиёнагӣ ислоҳотро дар ҳаёти динӣ намепазируфтанд ва бозгашт ба иҷрои бечуну чарои Навиштаҳои Муқаддас талаб мекарданд. Барои гуруҳҳои бунёдгарои исломӣ ҳукм кардан ба “фосид” ва бидъаткор дар нисбати эхтироми авлиёҳо, зиёрати қабрҳо, таълимоти тасаввуф ва инчунин расму оинҳо ва мазҳабу фирқаҳои дигар як падидаи муқарраӣ аст. Барои ин гуруҳҳо муҳим нест, ки аз ин ислоҳот мусулмонон чӣ ба даст меоранд. Барои онҳо басанда аст, ки ислоҳот ба тафаккур ва ҷаҳонбинӣ, назарҳои иҷтимоӣ ва равонии онҳо мувофиқат намекунанд. Пас ҷомеаи мусулмонӣ набояд ислоҳот кунад ва пеш равад.
Агар нигоҳ кунем, ислоҳоти протестантӣ ҳам дар аввал дар шакли пурра либералӣ набуд. Баъзе унсурҳои “фундаментализм” дошт, ки баъдан дар шаклҳои нав дар ҷомеаи исломӣ ҳам мавриди амал қарор гирифтанд. Мазҳаби католикӣ, ки бар асоси салоҳияти калисо ва иерархия асос ёфта буд, ба ислоҳоти ҷиддӣ рӯ наовард то ҳол чунин сохтори қабулшудаи асрҳои пешин идома дорад. Худоро тавассути расму оинҳо ва маросимҳое, ки коҳинон анҷом медоданд, парастиш мекунанд ва мешиноснад. Наҷот танҳо тавассути итоат ба онҳо имконпазир ҳисобида мешуд.1. .https://www.opendemocracy.net/…/sam…/islamic-reformation
Муҳаққиқ Эрнест Геллнер, муддати тӯлонӣ шабоҳат ва фарқияти байни протестантизм ва исломи ортодоксро таҳқиқ намуда, изҳор дошт, ки ислоҳот метавонад дар шакли нав онҳоро муаррифӣ намояд. Ин олим симметрияи оинагиро байни ду соҳили баҳри Миёназамин пешниҳод кардааст: Аврупои масеҳӣ калисои муташаккил бо зангӯлаҳо ва шамъҳо, маросимҳои мураккаб, иерархияи пурғавғо, дуои доимии роҳибон, дар ҳоле ки чунин навиштаҷоти сахтгирона бо ислоҳоти протестантҳои мухолиф буд. Дар тарафи дигари баҳр исломи ортодоксӣ, сахтгирона бо навиштаҷоти мустанад ва афкори ғайримаъмулӣ буд.
Дар тӯли таърихи аксари кишварҳои исломӣ, марказу ташкилотҳои гуногуни тарғиботӣ вуҷуд доштанд. Муҳим аст, ки инҳо намунаҳои созмони иҷтимоиро ташкил медоданд, ки бар болои ҷомеа ҳукмрон буданд. Дар чунин ҳолат, сатҳи тафаккури динӣ байни ҷамоатҳои динӣ ва минтақаҳои деҳотӣ ё қабилавӣ ва миллӣ куллан аз ҳам фарқ мекард. Агар дар Африқои Шимолӣ Миср, Ироқ ва Сурия сулолаҳои суфиён ҳамчун миёнарав пеши роҳи низоъҳои байниқабилавӣ ва диниро мегирифтанд, дар баъзе қисматҳои дигар масалан, дар Арабистони Саудӣ мубаллиғони ваҳҳобӣ кушиш мекарданд, ки тамоми ин мактабу мазоҳиби диниро решакан кунанд. Зеро сарвати назаррас дар шакли вақфҳо ба дасташон буд ва пешвоёни онҳо бо қудратҳо робитаҳои назаррас доштанд. Ин баъзан эътирозҳои уламоро ба вуҷуд меовард, ки дар байни онҳо машҳуртаринаш Ибни Таймия (1263-1328) буд. Ӯ рақобати сахте бо муаллимони тасаввуф дошт, зиёрати равзаи Паёмбар ва авлиёро ва бахусус маросимҳои зикрро куллан ба бидъат маҳкум мекард. Ӯ боварӣ дошт, ки ҳамаи ин ширк, яъне ворид кардани худоёни дигар ба Худои ягона аст. Муқовимати Ибни Таймия бо суфиён як қатор мушкилотҳои навро вориди ҳаёти динии кишварҳои мусулмонӣ кард. Парадоксӣ аст, ки қабри худи ӯ ба макони ибодати салафиҳои муосир табдил ёфт. Таълимоти Ибни Таймия қисми таъсирбахштарини таълимоти илоҳиётӣ ва ҳуқуқии давлати муосири Саудӣ ва рӯҳониёни Саудиро ташкил медиҳанд. Чунин ҳамлаҳои рӯҳониёни қатъӣ ба ҳаракатҳои мазҳабӣ ва суфӣ дар таърихи мусалмонон давра ба давра такрор мешаванд. Сарнавишти чунин воизон аз тавозуни қудрат ва сарпарастии эҳтимолии афроди бонуфуз вобаста аст.
Аммо, ҷомеа ҳамеша дар зери таъсири омилҳои гуногун тағйир меёбад, бо гузашти вақт падидаҳои нав пайдо мешаванд. Дар чунин маврид ҷомеа ба ислоҳот ночор рӯ меорад. Агар аз доираи таассуби динӣ берун набарояд, аз дастоварди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва илму технология ақиб мемонад. Пас дар кадом шакле набошад, ислоҳот зарурати айнӣ дар кишварҳои мусулмоннишин аст. Ислоҳот ин тасдиқи андешаҳои нав дар муқобили ортодоксии лафзӣ ва амалӣ, аммо дар заминаи комилан дигар аст. Ва ин як падидаи даврӣ аст. Навовариҳо дар таълимот ва қонун қисми модернизатсияи сиёсӣ ва фарҳангӣ буданд, ки ҳадафи он мутобиқ кардани ислом бо ҷомеа, фарҳанг ва сиёсати муосир буд.
Намунаи амалии ислоҳоти муосир ин ислоҳоти давлати Туркия буд. Қонуни давлат ба таври расмӣ қабул ва татбиқ мешавад, қонуни шаҳрвандӣ, ва қавонини иҷтимоӣ ба расмият дароварда шуд, ки меъёрҳои шариатро низ дар мавриди зарурат дар бар мегирифт, Инчунин ислоҳотхоҳони дигар, мухолифони гегемонияи қудратҳои авкирупоӣ дар ҷаҳони ислом буданд ва мисли миллатгароёни дунявӣ, наҷоти мардуми исломиро ба ҳамон тарзе медиданд, ки Аврупо бартарии худро ба даст овард, илми табиӣ, рационализм, ислоҳоти иқтисодӣ ва низомӣ ва ташкили оқилонаи давлат ва ҷомеа. Онҳо изҳор доштанд, ки ҳамаи ин бо ислом комилан мувофиқ аст, на бо исломи фасодзадаи чунон ки онҳо медиданд, балки бо исломи аслии Паёмбар. Онҳо мафҳуми модернистиро бо исломи аслӣ як хонданд. Дин дар аслаш аз илм ва дониш ҳимоят мекунад. Аммо ва аз байн бурдани “қафомондагӣ” ва фасоди ахлоқӣ маънавӣ ва фарҳангие, ки дар натиҷаи садсолаҳо нодуруст шакл гирифтааст, кори осон нест.
Вобаста ба вазъи кунунӣ яке аз кишварҳои меҳварии минтақа Аарабистони Саудӣ низ рӯ ба ислоҳот оварда, расман таъкид намудааст, ки аз таълимоти ваҳҳобияи таассубгаро канорагирӣ мекунад. Шояд ин дарки воқеъияти зиндагӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Зеро ягон кишвар аз раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳо дар канора буда наметавонад. Технологияяи муосир ҷаҳони гуногунро бо ҳам пайвастааст, ки омезиши арзишҳо як падидаи доимӣ шуда истодааст. Агар пештар ҷараёни ваҳҳобия дар бораи ислоҳот шунидан намехост, имрӯз ба ҷуз ислоҳот роҳи дигар пешбурди давлатдориро пайдо накард. Ишораҳои Шоҳи Арабиситони Саудӣ дар бораи ислоҳот дар самти муносибати давлат ба дин, таъмини ҳамзистии арзишҳо ва фарҳангҳо, рушди сайёҳӣ, тағйири низоми таълим дар мактабҳо, боздиди иштироки занон дар ҳаёти ҷомеа бори дигар исбот намуд, ки ислоҳот на танҳо дар кишварҳои мусулмоннишин имконпазир аст ва зиёда аз ин ислоҳот роҳи ягонаи рушд ва таъмини зиндагии шоиста барои мардуми мусулмон аст.
Котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М. А.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх