Ислоҳоти динӣ ё манъи фаъолияти Ваҳҳобия дар Арабистони Саудӣ

Арабистони Саудӣ, ки дар олами ислом ва мусулмонони ҷаҳон ҳамчун гаҳвораи тамаддуни дини ислом шинохта шудааст айни ҳол дар ҳолати аз сар гузаронидани тағйироти ҷиддӣ ё ислоҳоти динӣ қарор дорад.
Хеле ҷолиб аст ки ташаббускори ин иқдом худи Шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад бин Салмон мебошад.
Дар маҷму ислоҳоте, ки дар Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии Шоҳзодаи валиаҳд амалӣ карда мешаванд, бештари соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ фарҳангӣ ва сиёсӣ-диниро фаро мегиранд.
Тафсири арзишҳои исломӣ дар чаҳорчӯби ислоҳоти Муҳаммад бин Салмон як масъалаи мураккаб ва бисёрҷониба буда, ҳам дастгирӣ ва ҳам интиқодро ба худ ҷалб мекунад.
Ҳанӯз соли 2016 дар Арабистони Саудӣ як барномаи пурсарусадо бо нми “Диди 2030”(«Видение 2030».) муаррифӣ гардид ки ба таҷдиди ҷомеаи Арабистони Саудӣ равона шуда буд. Албатта ташаббускори ин барнома ки ислоҳоти куллии ҷомеи арабиро тақозо мекард, шоҳзода Муҳаммад бин Салмон, ки амалан кишварро идора мекард, буданд. Яъне пас аз 80-соли таъсиси давлат, Арабистони Саудӣ асосан ба тағйири идеология даст зад, ки амалан мазмуни ба охир расидани ҳукмронии ваҳҳобияро дошт.
Ҳамин тавр Шоҳзода дар моҳи марти соли 2022 дар шарҳи ислоҳоти дар кишвар амалишаванда чунин таъкид намуд: “Мо ба таълимоти воқеии ислом, ба тарзи ҳаёти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва чор халифаи ростқавл, ба ҷомеаи кушода ва осоишта бармегардем.”
Муҳаммад бин Салмон дар бораи гузаштаи кишвараш ва зарари қарори сиёсии такя ба Ваҳҳобияро ба Арабистони Саудӣ эътироф мекунад.
“Дар солҳои 1950 ва 1970, “Мо замони хеле душвор доштем.” Мо як лоиҳаи пан-арабӣ, инчунин дигар лоиҳаҳои сотсиалистӣ ва коммунистӣ доштем – дар баробари дигар лоиҳаҳо дар минтақа. Дар он вақт, ба бисёр гурӯҳҳои экстремистӣ имкон дода шуд, ки ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ ворид шаванд ва ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва дастгоҳи маъмурӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин боис шуд, ки оқибатҳои даҳшатнок ба амал оянд ва мо шоҳиди онҳо шудем”, – иқрор шуд ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш.
Ба гуфтаи ӯ, худи Арабистони Саудӣ қурбонии радикалҳо ва “ҳадафи асосии лоиҳаҳои экстремистӣ ва ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон” шуда буд.
Ислоҳоте, ки дар Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии шоҳзодаи валиаҳд амалӣ карда шуданд, ба бисёр соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва динӣ дахл доранд.
Аз ҷумла дар доираи ин ислоҳот дар робита бо арзишҳои исломӣ:
Суст кардани меъёрҳои иҷтимоӣ, ба монанди такмили ҳуқуқи занон барои иҷозат додан ба ронандагӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ ва сабук кардани низоми васоят аксар вақт ҳамчун қадаме ба сӯи додани шаъну шарафи бештар ва имкониятҳо ба занон, чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили кушодани кинотеатрҳо, баргузории консертҳо ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ ҳамчун кӯшиши гуногунрангтар ва гуворотар кардани ҳаёти мусулмонони ин кишвар ки бо принсипҳои исломии адолат ва баробарӣ дар назди Худо мувофиқ аст, тафсир карда мешаванд.
Тағйироти иқтисодӣ, ки ба коҳиш додани вобастагӣ аз нафт ва рушди дигар бахшҳо, аз қабили таъмини некӯаҳволӣ ва ояндаи наслҳо, ҳамчун принсипи муҳими исломии ғамхорӣ ба наздикон ва ҷомеа равона шудааст.
Ҷалби сармоягузорӣ бошад ба кушодани кишвар ба сармоягузории хориҷӣ ва сайёҳӣ ҳамчун роҳи беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ дида мешавад, ки инчунин бо идеяи ғамхорӣ ба некӯаҳволии мардум мувофиқ аст.
Вале масъале, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуд, ислоҳоти динӣ мебошад, ки барои ватани бумии ислом албатта боиси нигаронӣ мебошад.
Стратегияи нави роҳбарияти кишвар ин аз нав дида баромадани асосҳои ҳувияти миллӣ мебошад, ки таъкидро аз тамаркузи танҳо динӣ ба омезиши давлатдорӣ, миллатгароӣ, пешрафти иқтисодӣ ва муосирсозӣ интиқол медиҳад. Пас бешубҳа дар ин ислоҳот симбиози таърихие, ки байни сулолаи ҳукмрони Оли Сауд ва ҷунбиши динии ваҳҳобӣ, ки ҳамчун сутуни қонуният ва суботи иҷтимоӣ хидмат мекард, мавриди тағйирот қарор мегирад.
Муҳаммад бин Салмон борҳо дар бораи талош барои “Исломи мӯътадил”-и озод аз экстремизм сухан гуфтааст. Ин ҳамчун бозгашт ба принсипҳои аслӣ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳофаринии ислом, рад кардани тафсирҳои тундравона, ки ба зӯроварӣ ва таҳаммулнопазирӣ оварда расонидаанд, тафсир карда мешавад.
Албатта худи ин принсип ба идеологияи ваҳобия аллакай мухолиф мебошад. Ҳачунин дар ислоҳоти динии Муҳаммад бин Салмон кушиш барои “Исломи мӯътадил”-и озод аз экстремизм ба назар мерасад. Аз ҷумла маҳдуд кардани таъсири пулиси динӣ, заиф кардани қудрати пулиси динӣ ва маҳдуд кардани таъсири руҳониёни тундрави динӣ аз ҳамин қабиланд. Ин ҳамчун кӯшиши озод кардани ҷомеа аз догматизм ва имкон додани тафсири васеътари матнҳои динӣ тафсир карда мешавад.
Бо вуҷуди ҳамин ин ташаббуси ислоҳотхоҳонаи Муҳаммад бин Салмон тарафдорону мунаққидони худро дорад.
Тарафдорони ислоҳот онҳоро ҳамчун як таҳаввулоти пешрафта, ки бо рӯҳияи замон ва арзишҳои аслии исломии адолат, раҳмат ва ғамхорӣ ба некӯаҳволӣ мувофиқ аст, мебинанд. Ба ақидаи ин коршиносон ислоҳот барои муосирсозии кишвар ва беҳтар кардани зиндагии шаҳрвандон равона шудаанд ва дар айни замон ба асосҳои ахлоқии ислом такя мекунанд.
Мунаққидон бошанд, ба риёкорӣ ишора намуда, изҳор медоранд, ки ислоҳот ба ҷои либерализатсияи воқеӣ, барои тақвияти қудрати сулолаи Оли Сауд ва қонунӣ кардани монархия хизмат мекунанд. Баъзеи онҳо ҳатто таъкид мекунанд, ки ислоҳот боиси аз меъёрҳои анъанавии исломӣ дур шудани мардум ва коста шудани ҳувияти динӣ мегардад.
Албатта ислоҳоти пешгирифтаи Муҳаммад бин Салмон кӯшише барои тағйир додани Арабистони Саудӣ ва ба талаботи иҷтимоии ҷомеаи асри ХХ! ҷавобгу намудани он аст.
Ин шояд ҷанбаи калидӣ бошад. Муҳаммад бин Салмон борҳо хоҳиши худро барои дур шудан аз тафсирҳои тундрав ва радикалии ислом, ки ба назари ӯ боиси ифротгароӣ ва хушунат шудаанд, баён кардааст.
Ҳадаф аз ин ислоҳоти динӣ бозгашт ба модели исломи таҳаммулпазир, кушода ва осоишта аст, ки онро исломи аслӣ меҳисобад.
Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосири
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳромбеков Д.А.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх