Истиқлол – иззати миллат

Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Халқи тоҷик баъди садсолаҳо соҳиби давлати мустақил гардида, мақому манзалати аз даст рафтаро бо шарофати истиқлоли давлатӣ аз нав барқарор намуд. Ин дастоварди бузург барои миллат ин бахти баланд ва воқеаи хеле фараҳбахш буд. Аз нахустин рӯзҳои истиқлоли давлатӣ, ҳукумат роҳи минбаъдаи инкишофи хешро ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян сохт. Аз ҷиҳати шароити таърихӣ, ҳарчанд эъмори давлати дунявӣ кори саҳл набуд, вале ақлу заковат ва хиради азалии миллати тоҷик ва дарки ҳуввияти миллӣ ба он боис гардид, роҳи интихобнамудаи рушди ҷомеаи навини тоҷикон дуруст баргузида шавад.
Дар чунин шароит замон ба сари ҳокимият шахсеро овард, ки тақдири миллати тоҷик ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон аз ӯ вобаста буд. Ин шахсияти таърихӣ, фарзанди содиқи Ватан, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мавсуф аз рӯзҳои нахустини ба қудрат омаданаш бо кӯшишҳои шабонарӯзӣ ва ҳамгироии мардуми кишвараш ба бунёди давлатдории навини тоҷикон асос гузошт.
Имрӯз дар сайёра зиёда аз се ҳазор халқияту миллатҳо ва ақалиятҳои миллӣ дар дусаду анд давлат ба сар мебаранд, ки аксари онҳо соҳиби давлати мустақили миллии худ нестанд. Ҳамчунин, мо низ аз таърих огоҳ ҳастем, ки тули садсолаҳо асъори миллӣ ва ҳатто парчами милли худро надоштем. Бо ба даст омадани истиқлоли давлатӣ Сарвари давлати ҷавону соҳибихтиёр фаъолияти хешро аз тасдиқи рамзҳои давлатӣ, асъори миллӣ ва бунёди муассисаҳои таълимию фарҳангии кишвар оғоз намуда, шарафи давлат ва иззати аз дастрафтаи тоҷиконро аз барқарор намуд.
Баъди ба даст омадани истиқлоли давлатӣ барои муаррифии миллати тоҷик роҳе ҷуз эҳёи арзишҳои миллӣ дида намешуд. Аз ин рӯ сарвари давлат дар кӯтоҳтарин муддат ба таҷлили бузургтарин ҷашнҳои миллӣ, ки мақсад аз таҷлили онҳо баҳам овардан, муттаҳид намудан ва муаррифӣ намудани миллати тоҷик, баъди офатҳои табаддулоти сиёсӣ боз ободу зебо намудани кишвари азизамон маҳсуб мегардид, рӯ овард. Дар ин самт як қатор чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар мавриди таҷлили 1100 солагии Давлати Сомониён, Соли 2006 соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2500-солагии шаҳри Хуҷанд, 2700 солагии китоби гаронмояи гузаштагони мо – Авесто, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1310 солагии Абӯҳанифа Имоми Аъзам, 1200 солагии Имом Бухорӣ, Ҷашнвораҳои шоирони оламшумулу донишмандони бузуги тоҷик ба монанди бузугдошти одамушуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандиву Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абӯалии Синову Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хаким Тирмизӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров ва боз бузургдошти даҳҳо донишмандони шаҳири тоҷик таҷлил гардид, ки бо кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешволи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамон шӯҳрат ва нуфузи собиқаи аздастрафатаашро барқарор намуд.
Дар баробари муаррифии фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ боз ба эҳё ва муаррифии дигар арзишҳои давлатдории миллӣ – арзишҳои миллӣ-таърихӣ оғоз намуда, як қатор ёдгориҳои бузурги таърихию фарҳангии кишварро ба воситаи конфронсҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангии ташкилоти бонуфузтарин фарҳангии дунё Юнеско ворид намуд, ки бо шунидани маданияти Саразму Ҳисор ва таҷлили Наврӯзи Аҷаму Саддаву Меҳргон сокинони Сайёра кишвари моро ҳамчун кишвари соҳибтамаддуну сокинони онро ҳамчун мардумони дорандаи фарҳанги қадиму ваҳдатофар ва тамаддунсоз мешиносанд.
Қобили зикри хос аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми фаъолияти давлатӣ барои муҳофизати соҳибистиқлолӣ ва ягонагии давлати ҷавони тоҷикон равона шуда буд. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ бештар ба ҳамон самт равона гардида буд, ки аз як тараф дар арсаи байналхалқӣ ҳарчи бештар ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро муаррифӣ карда тавонанд, аз тарафи дигар, ҷавобан ба чунин кӯшишҳои кишвари мо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ низ ҷумҳуриамонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф намоянд. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба хотири эҷоди шароити мусоид барои тақкими минбаъдаи истиқлол, ҳифзи тамомияти марзӣ, тақвияти мақоми кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъолонаи он дар раванди умумиҷаҳонӣ буд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир мушарраф гардид, ки пеш аз ҳама аз ҷониби 170 кишвари ҷаҳон эътироф шудани он ҳамчун кишвари мустақил, аз ҷониби кишварҳои Созмони милали мутаҳид эътироф шудани пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи обу гармшавии иқлим, ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва дохилии барои давлат манфиатовар, қабули барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди босуръати иқтисоди кишвар, қабули ҳадафҳои стратегии кишвар, бунёди як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ, неругоҳҳои барқию обӣ, биноҳои бисёрошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.
Баяд хотирнишон намуд, ки дар тули таърих ҳаводиси зиёду нангинеро миллати тоҷик паси сар карда, расидан ба истиқлоли давлатӣ яке аз ормонҳои аслии онҳо мубаддал шуда буд. Вале, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлатдории навини худ ба мушкилоту монеаҳои басо сангин рӯ ба рӯ гардид. Вобаста ба ин бо хизматҳои шабонарӯзии фарзонфарзанди миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амнияту оромии ҷомеа, барқарор намудани сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон, амалӣ карда шуд, ки аз муҳимтарин дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар тӯли соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.
Аз ин лиҳоз, гуфтан мумкин аст, ки мафҳуми истиқлол барои давлату миллат – шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат маънидод мешавад, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кардааст ва набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамнаво сохт.
Дар назди таърих сеяки аср чандон соли зиёд нест, аммо дар ин сеяки аср тоҷикон таҳти роҳбарии Сарвари раъиятпешааш дар давлатдории навинии хеш корҳоеро анҷом дода тавонистанд, ки садсолаҳо ба ормонҳои миллии тоҷикон табдил ёфта буд.
Дар фароварди сухан таманнои онро менамоем, ки истиқлоли давлатӣ чун зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси тоҷику тоҷикистонӣ оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дораду дарахти пурбори меваҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба бор оварад. З5 солагии Истиқлоли Ватан – иди шарафи давлату иззати миллати тоҷик ба ҳама ҳаватанони азизамон муборак бошад!
ТОҶИДДИН ҒУЛОМОВ,
Мутахассиси пешбари Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ, доктори илмҳои таърих,

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх