Барои воқеъбинона, дуруст ва аз лиҳози илмӣ асоснок муайян намудани нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур аст, ки пеш аз ҳама, муҳтавои мафҳуми худшиносии миллӣ равшан карда шавад. Аз нигоҳи ин ҷониб муҳтавои мафҳуми мазкур аз се унсури муҳим ва калидӣ: эътирофи мансубият ба умумияти этникӣ, огоҳии комил аз таърих ва фарҳанги миллат ва саъю талош барои арҷ гузоштану баланд бурдани мақом ва нақши арзишҳои миллӣ мураттаб ёфтааст.
Ҷойи пӯшида нест, ки Пешвои миллат дар Паёми соли гузашта сароҳатан иброз доштанд, ки “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”. Андешаи мазкур маънои онро дорад, ки Президенти кишвар ба арзиши этникӣ дар муқоиса ба арзиши динӣ авлавият қоил аст, яъне бо тоҷик будани худ ифтихор менамояду баҳри боло бурдани мақоми байналмилалии онро талош менамояд.
Баҳри пайгирии воқеъбинонаи ҳадафи мазкур, агар, мо ба таълифоти Пешвои миллат таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки он хеле доманадор ва гуногунпаҳлу мебошад. Дар таълифоти Пешво мо арҷгузориро ҳам ба арзишҳои тоисломии миллат ва ҳам арзишҳои исломии миллат хеле равшан мушоҳида менамоем. Эмомалӣ Раҳмон таърихи миллати тоҷикро хеле муфассал омӯхта, дар заминаи он асари маъруфи “Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз ориён то Сомониён”-ро дар чаҳор китоб таълиф намуданд, ки ба худ ҳамто надорад. Дар ин асарҳо Пешвои миллат таърихи гузаштаи миллатро мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор дода, ба фаъолияти мондагори шахсиятҳои алоҳидаи таърихи баҳои арзанда додаанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат эъломияи машҳури Куруши Кабирро мавриди баррасии амиқи илмӣ қарор дода, ба чунин хулосаи воқеан ҳам дақиқу одилона расидаанд: «Ин эъломияи башардӯстона, ки метавон нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва гузашта аз ин эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандони гуногунмиллату мухталифоин шумурд, аз тамаддуни ориёӣ сарманшаъ гирифтааст. Шояд дар таърихи аҳди қадим ин эъломия нахустин иқдомест сӯи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути рӯшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро падид овард».
Воқеан ҳам, озодии дину мазҳаб, ки Куруши Кабир дар асри VI то мелод амалан дар ҳаёт татбиқ намуд, дар Аврупо танҳо дар асри XVIII мавриди истифода қарор гирифт. Яъне, мардуми ориёӣ қариб 2,5 ҳазор сол пеш аз аврупоиҳо ба чунин як фарҳанги баланди аҳамияти умумибашаридошта расидаанд, ки бешак боиси ифтихори бузург аст.
Таърих ва фарҳанги тоисломии мардуми тоҷикро мавриди таҳлил ва таҳқиқи ҳаматарафа қарор дода, Пешвои миллат доир ба макони зиндагӣ ва фаъолияти Паёмбари тоисломии мардуми ориёинажод Зардушт андешаҳои хеле ҷолиб ва арзишманд баён доштаанд. Дар асари пурқимати таърихии хеш «Тоҷикон дар оинаи таърих» аз Бохтар будани Зардуштро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зер собит намудаанд: «Мувофиқи маълумоти муаррихи Юнони қадим Ктесий, ки солҳои 416-399 то милод дар дарбори подшоҳи ҳахоманишинӣ Ардашери II беш аз 17 сол табиби дарбор буд ва ба китобхонаи подшоҳию маъхазҳои таърихӣ ошноӣ дошт, Зардушт аз аҳли Бохтар будааст. Ва ҳеҷ наметавон пиндошт, ки Ктесий дар дарбори шоҳони номии Эрон зиставу китобе бо номи «Таърихи Форс» навишта, макони зиндагии Зардуштро ба Эрон не, балки дидаву дониста, ба Бохтар нисбат дода бошад. Ин далел аз ҷониби академик Б. Ғафуров низ дастгирӣ шудааст…
Далели дуюме, ки аз аҳли Бохтар будани Зардуштро тақвият медиҳад, номи падару модар, хешу табор, дӯстону ҳаммаслакон ва душманони ӯ мебошанд, ки дар «Ясно» ва дигар қисматҳои «Авесто» зикр шудаанд. Номи падари Зардушт, мувофиқи маълумоти «Авесто», дар шакли Пурушаспа омада, «чаҳорумин шахсе буд, ки хаомаро фишурда аз он нӯшокии муқаддас ҳосил кардааст» (Аз «Ясно»-и 3)» (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Иборат аз чаҳор китоб. Китоби якум. – Душанбе: «Ирфон», 2009, саҳ.54.)
Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат ҳамчун шахси фарҳангдусту меҳанпараст ва дар сатҳи баланд худшиносу худогоҳи миллӣ ба нақши созандаи фарҳанги тоисломии мардуми тоҷик низ баҳои баланд додаанд. Шиносоӣ бо осори пурмуҳтавои Пешвои миллат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ниёгони мо воқеан ҳам фарҳанги башардӯстона ва созанда доштаанд, ки осори он дар байни мардум то ба имрӯз дар шакли анъана ва тасаввуротҳои ақлонӣ зинда мондаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таъсири амиқ ва таърихии дину оини ниёгони мо ба фарҳанги башарӣ, аз ҷумла ба фарҳанги имрӯзаи тоҷикон як ҷанбаи хеле муҳими фаъолияти таҳлилию таҳқиқоти Пешвои миллатро ташкил намудааст, ки воқеан ҳам дар боло бурдани худшиносию худогоҳии миллӣ хеле муассир мебошад. Пешвои миллат аз нақши созанди фарҳанги ниёгони мо таассуроти нек бардошта, мақоми онро дар ҳаёти имрӯзаи мо мушаххасан қайд намудаанд ва барои пешрафти минбаъдаи фарҳанги миллӣ дар шакли зер таманнои нек низ намудаанд: «Дар охир метавон қайд кард, ки баъзе унсурҳои дини зардуштӣ, аз қабили макрӯҳ накардани обу хоку оташ, амали носавоб донистани куштани чорвои наврасу дуҷон, дар айни нашъунамо ё ҳосил гуноҳ донистани буридани шохи дарахт, ба хонаи арӯси нав ё тифли навзод роҳ надодани каси шумқадаму баднафс, танҳо нагузоштани арӯсу домод ҳафтаҳои аввали хонадорӣ, дуд кардани ҳазориспанд барои рафъи ҷуку ҷонзод ва даҳҳо мисоли дигар аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки имрӯз ҳам Зардушт бо оини ростину маниши неку зикри амалҳои хайраш дар ҳар хонадони миллати фарҳангдӯсту хирадпарвари тоҷик ошён дорад. Ва дар фарҷом таманнои онро дорем, ки Зардушт – ин паямбари адолату ростӣ дар оғози шоҳроҳи ҳазорсолаи сеюм низ ба ворисони тоҷикзабону ориёиниҳодаш бо андарзу ҳикмату фалсафаи ҷовидонаи худ пуштибонӣ ва раҳнамоӣ кунад» (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Иборат аз чаҳор китоб. Китоби якум. – Душанбе: «Ирфон», 2009, саҳ. 63).
Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат ҳамчунин ду асари мондагори дигаре бо номи “Нигоҳе ба таърих ва тамадлдуни ориё”(2006) ва “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориё” (2007) таълиф намудаанд, ки бидуни тардид дар тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллии мардуми тоҷик дорои саҳми беандоза мебошанд.
Бидуни тардид сазовори дастгирӣ ва таҳсин аст, ки Пешвои миллат ҳамчун роҳбари давлат ва ҳам тоҷикони тамоми ҷаҳон барои тақвияту таҳкими худшиносии миллати тоҷик на танҳо ба фарҳанги тоисломии ӯ, балки ба мақом ва нақши фарҳанги исломии миллат низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд. Худи номи асари Пешвои миллат “Муҳаммад бузургтарин марди ҷаҳон ва пайғамбари дини ҳақ” аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Пешвои миллат дини ислом ва арзишҳои онро сахт эҳтиром менамоянд ва онҳоро ҷузъи ҳувияти миллӣ маҳсуб медоннад. Дар асари мазкур Пешвои миллат ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад (с)-ро ба риштаи таҳлилу таҳқиқ кашида, дар охир таҳқиқоти худро бо чунин андешаҳои аз лиҳози илмӣ асоснок ва муътамад ҷамъбаст менамоянд: “ Ҳамин тариқ, бо рисолати Паёмбар (с) ва интишори ислом дар баробари чор тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ, тамаддуни масеҳӣ, тамаддуни яҳудӣ, ва тамаддуни буддоӣ дар арсаи таърих тамаддуни ислом падид омад, ки дар тайи асрҳои минбаъда ба чаҳор самти олам густариш ёфта, дар андешаву ҷаҳонбинии инсоният таҳрикоти бузурге ворид намуд. Дертар дар аҳди давлатдории хулафои рошиддин дини ислом ба қаламрави Эрону Осиёи Хурд паҳн шуда, пайравони зиёде пайдо кард ва дар арсаи олам мақоми арзандаи умумибашарӣ ёфт, ки ниёгони дорои кеши зардуштии мо – тоҷикон низ баъди паси сар кардани тамаддуни ориёӣ шомили тамаддуни ислом гардиданд. (Чеҳраҳои мондагор, саҳ. 157).
Қобили зикр аст, ки на танҳо аҳамияти рисолати Паёмбари ислом (с), балки ҳаёту зиндагӣ ва олами андешаҳои башгардӯстонаи асосгузори мазҳаби ҳанафӣ – Имоми Аъзам низ мавриди таҳқиқу баррасии ҷиддии Пешвои миллат қарор гирифтаанд, ки бешак як саҳми муҳим дар бедорию худшиносии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад. Пешвои миллат тоҷик будани Имоми Аъзам ва саҳми бузург доштани ӯро дар интишори афкору андешаҳои исломии хирадгароёна ва таҳаммулпазирона ба инобат гирифта, доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти эҷодии Имоми Аъзам чор асари пурқимат таълиф намудаанд: “Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ”, “Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор”, “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо”, Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам”.
Пешвои миллат худ ва мардуми мусулмони тоҷикро ҳамчун вориси бевоситаи мактаби таҳаммулгароёнаи Имоми Аъзам дар ҳифзи покиву асолаи дини ислом масъул маҳсуб медонад. Дар ин бора Пешвои миллат чунин андешаҳои муассирро таъкид намудаанд: “Ин аст, ки мо дар баробари ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ масъулияти худро дар самти нигоҳдории покиву асолати арзишҳои динӣ ва дар айни замон пешгирӣ кардани ҳар гуна зуҳуроти ифротгароии динӣ эҳсос мекунем. Ин роҳро мо аз мактаби гузаштагони некному бузургамон, аз ҷумла, пири мазҳабамон – имоми Аъзам омӯхтаем”. (Чеҳраҳои мондагор, саҳ. 187). Ногуфта намонад, ки Пешвои миллат аҳамияти умумибашарии таълимоти Имоми Аъзамро низ мавриди таҳлил қарор дода, доир ба хусусияти фарогир доштани таълимоти мазкур навиштааст: “Ӯ мазҳаби фиқҳиеро поягузорӣ кард, ки рафъи низои тамаддунҳоро дар чаҳорчӯбаи шаръии тамаддуни исломӣ осон гардонид. Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ дар масъалаи гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдро дар меҳвари арзишҳои ислом нигоҳ дошта, дар баробари ин тавонист, ки қаламрави нуфузи онро васеъ гардонад”. (Чеҳраҳои мондагор, 195).
Аз баҳогузории Пешвои миллат ба таълимоти Имоми Аъзам маълум мегардад, ки маҳз хирадгароию таҳаммулпазирии таълимоти ӯ сабаби асосии мақбули ҳамагон гардидани таълимоти ӯ ва дар муқоиса бо дигар мазҳабҳо ҳар чӣ бештар тавсеа ёфтани он дар олами ислом гардидааст. Аз ин нуқтаи назар, дар таҳлилу таҳқиқи Пешвои миллат маҳз ду сифати зикршуда асоси муқовимат ба ҳар гуна афкору муқаррароти ифротии динӣ маҳсуб ёфта, омили муҳими ҳифзи покиву асолати динӣ арзёбӣ мегардад.
Вақте нақши Пешвои миллатро дар тақвияту таҳкими худшиносии миллии мардуми тоҷик баррасӣ карданӣ мешавем, ҷанбаи муҳим ва хеле назаррасро самти амалии фаъолияти Пешво ташкил менамояд. Ҷойи пӯшида нест, ки маҳз бо ибтикору иқдомҳои бевоситаи Пешвои миллат яке аз унсурҳои хеле муҳим ва тақдирсози ҳувияти миллӣ – забони тоҷикӣ дар ҷомеа мақом ва нақши баланди созандаро соҳиб гардид. Дар натиҷа забоне, ки ҳамчун василаи муошират хидмат менамуд, имрӯз ба забони илм табдил ёфт. Воқеан ҳам боиси хурсандист, ки имрӯз донишмандони кишвар дар ҳамаи соҳаҳои илм ба забони модарии худ асарҳо таълиф менамоянд. Сазовори таҳсин аст, ки имрӯз дар кишвар Комиссияи Олии Аттестатсионӣ фаъолият менамояду ба дилхоҳ рисолаи илмӣ ба забони тоҷикӣ баҳои воқеъбинона ва муносиби илмӣ медиҳад. Ҳамаи ин равандҳо бешак омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ маҳсуб меёбанд.
Дар самти мазкур Пешвои миллат масъулияти баландро бар душ гирифта, асари хеле пурмҳтаво ва пурқимати худ: «Забони миллат – ҳастии миллат» – ро таълиф намуда, дар боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии миллии мардум қадами хотирмон гузоштаанд. Пешвои миллат дар асари номбурда вазъи забони тоҷикиро дар тӯли таърих – аз даврони ҳукмронии муғулҳо то ба имрӯз давра ба давра таҳлил намуда, таъкид сохтаанд, ки забони тоҷикӣ ба шарофати меҳнати содиқонаи фарзандони сарсупурдааш чӣ қадар шароитҳои сангинро паси сар намуда то ба замони мо расид ва ҳолати мазкур фарзандони бонангу бономуси миллатро водор месозад, ки иқдоми миллатдӯстонаи наслҳои пешинро сарбаландона идома диҳанд.
Вақте самти амалии фаъолияти Пешвои миллатро дар таҳкими худшиносии миллӣ мавриди таҳқиқ қарор медиҳем, албатта, ҷаҳонӣ гардидани Наврӯзу эҳё гардидани анъанаҳои қадимаи мардумӣ, мисли Сада, Меҳргон ва Тиргон пеши назар ҷилвагар мешаванд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз маҳз бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ касб намуд ва имрӯз вақте дар гӯшаи дурдасти ҷаҳон Наврӯз таҷлил мегардаду онро ба забони зебои тоҷикӣ талаффуз менамоянд, дили ҳар тоҷики миллатдӯст пур аз фараҳ мегардад.
Хулоса, он чӣ ин ҷо дар мавриди нақши Пешвои миллат дар таҳкими худшиносии миллӣ рӯи коғаз оварда шуд, танҳо қатрае аз баҳр маҳсуб меёбад. Агар фаъолияти меҳанпарастонаю миллатдӯстонаи Пешвои миллатро, ки омили муҳим ва асосии худшиносию худогоҳии миллӣ маҳсуб меёбанд, муфассал таҳлил намоем, ҷилд-ҷилд асар таҳия мегардад. Аз ин рӯ, андешаҳои худро бо чунин ҷумла ҷамъбаст менамоем, ки афкору аъмоли Пешвои муаззами миллат дар роҳи таҳкиму тақвияти худшиносию худогоҳии миллӣ роҳнамои хеле муҳим ва зарурӣ барои ҳар фарди худшиносу худогоҳи тоҷик маҳсуб меёбанд.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ
Абдухалилзода К.А.