Имсол шоҳиди баргузории бошукӯҳ ва беназири ҷашни бузурги Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон будем. Давлати миллии мо 35-сола шуд! Чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили арзандаи ин санаи таърихӣ аз чанд моҳ пеш оғоз гардида, дар рӯзи 9-ми сентябр ба авҷи худ расиданд. Тамоми нерӯву тавони сохторҳо ва ниҳодҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа ба он равона гардида буд, ки ин ҷашни муборак дар сатҳи баланд, бо шукӯҳи хос ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ таҷлил карда шавад. Дар ҳақиқат ҳам чунин шуд. Ҷашни мубораки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд, бо шукӯҳи хос ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ таҷлил гардид. Дар тамоми гӯшаю канори кишвар фазои идона ҳукмфармо буд, чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ, иҷтимоиву созандагӣ баргузор шуданд ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ин ҳама нишон дод, ки таҷлили солгарди Истиқлол танҳо як маросими тақвимӣ набуда, балки барои ҷомеа имкони бознигарӣ ба роҳи тайкардаи давлату миллат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси масъулият дар назди Ватан низ мебошад.
Дар ин миён, сию панҷ соли истиқлол барои мардуми Тоҷикистон на танҳо давраи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои соҳибихтиёрӣ, балки давраи ташаккули муносибати нави ҷомеа ба арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ низ ба шумор меравад. Дар фазои сулҳу субот ва осоиши истиқлол эҳёи арзишҳои эътиқодии шаҳрвандон имкони рушди қонунӣ пайдо кард. Конститутсия озодии виҷдон ва таъмини шароити мусоид барои адои онҳоро ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд эътироф намуд. Дар даврони истиқлол барои ба роҳ мондани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, рушди маърифати динӣ, адои маросими ҳаҷу умра ва эҳёи як қатор арзишҳои фарҳангиву маънавии марбут ба дини ислом заминаҳои ҳуқуқию институтсионалӣ фароҳам оварда шуданд. Имрӯз арзишҳои ахлоқӣ бо эҳсоси шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ на дар шакли рақобат, балки дар роҳи таҳкими якдигар амал мекунанд. Барои шаҳрванд дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу субот, эҳтироми ҳамватанон, саҳм гузоштан дар ободии кишвар, дастгирии ниёзмандон, ҳифзи мероси миллӣ ва тарбияи насли солим, ҳамзамон арзишҳои шаҳрвандӣ ва эътиқодӣ-ахлоқӣ мебошанд.
Ин воқеиятро метавон аз яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол донист. Шаҳрванд метавонад узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамзамон пайрави аз арзишҳои динӣ-мазҳабӣ дошта бошад. Зеро дунявӣ будани давлат ба маънои маҳрум намудани шаҳрванд аз диндорӣ ё дур кардани арзишҳои ахлоқию маънавӣ аз ҳаёти шахсии ӯ нест. Баръакс, низоми дунявӣ имкон медиҳад, ки муносибати шаҳрванд ба дин бар асоси қонун озодона сурат гирад. Маҳз дар чунин фазо масъалаи масъулияти эътиқодӣ дар баробари ҷомеа ва давлат аҳаммияти бештар пайдо мекунад.
Аммо шояд дар нигоҳи аввал чунин намояд ва дар зеҳни баъзеҳо чунин пиндор ба вуҷуд ояд, ки ин ду воқеият – дунявӣ будани давлат ва диндор будани шаҳрвандон – дар ду сатҳи аз ҳам ҷудо қарор доранд: давлат қонун ва қарор қабул мекунад, шаҳрванд онро иҷро менамояд, дар ҳоле ки дин ба ҷанбаи ахлоқӣ маънавӣ шахсӣ тааллуқ дорад. Аз ин рӯ, қонун, қарор ё иқдоми давлатӣ дар шуури як шаҳрванди новобаста аз эътиқод ҳамчун як меъёри ҳуқуқӣ ва ҳатмияти маъмурӣ қабул мегардад.
Дар шароити давлати дунявӣ муносибати як фарди эътиқодманд ба қонун ва иқдомҳои давлат бояд танҳо ба иҷрои механикии талаботи ҳуқуқӣ ва маъмурӣ маҳдуд нашавад, балки шаҳрванд вазифаҳои шаҳрвандии худро бояд авлавият бахшад, чун масъалаи таъмини амнияти ҷомеа дар умум асос аст.
Бинобар ин дар низоми давлати миллӣ ва дунявӣ метавон иқдомҳои давлатро тавре маънидод намуд, ки муносибати шаҳрвандӣ на мазмуни «итоати механикӣ», балки мазмуни «итоати маънодору маънавӣ» ва масъулиятшиносона гирад.
Арзишҳое, ки давлат барои таъмини онҳо қонунгузорӣ ва сиёсати ҷамъиятиро ба роҳ мемонад, дар бисёр мавридҳо бо арзишҳои ахлоқие, ки дини ислом низ онҳоро эътироф ва таъкид мекунад, ҳамоҳанг мебошанд. Адолат, сулҳу субот, ваҳдату ҳамбастагии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, пешгирии зарар ва фасод, ободкорӣ ва созандагӣ, ғамхорӣ ба аҳли ҷомеа, рушди илму маориф, меҳнати ҳалол, пешрафти иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум аз ҷумлаи чунин арзишҳои умумӣ мебошанд.
Пас шаҳрванд бояд дарк кунад, ки риояи қонун ба ҳифзи ҷомеа, таъмини амният, субот, тартибот ва манфиати умум мусоидат мекунад (ва ин аҳдофу арзишҳои муҳими иҷтимоӣ дар таълимоти динӣ низ мавриди аҳаммият ва таъкид қарор гирифта, ҷанбаи ахлоқиву савобнокӣ доранд), муносибати ӯ аз «маҷбурият» ба «масъулият» табдил меёбад. Маҳз дар ҳамин нуқта, дин метавонад нақши муҳими пурмазмункунонӣ ва маънобахшӣ дошта бошад.
Барои маънидодкунии масъулияти шаҳрвандӣ дар муносибат бо қонунҳо ва иқдомоти давлати дунявӣ зарур нест, ки ҳар як меъёри ҳуқуқӣ ё ҳар як қарори давлатӣ дар осори фиқҳӣ ҷустуҷӯ карда шавад. Зеро қисми зиёди масъалаҳои марбут ба давлатдорӣ, идораи корҳои умум, муносибатҳои иҷтимоӣ ва танзими ҳаёти шаҳрвандӣ ба шакли имрӯзаи худ дар давраи ташаккули фиқҳи классикӣ вуҷуд надоштанд. Аз ин рӯ, дар шароити муосир муҳимтар аз ҷустуҷӯи ҳамсонҳои бевоситаи таърихӣ дарки арзишҳо, ҳадафҳо ва принсипҳои умумие мебошад, ки метавонанд миёни низоми ҳуқуқии давлат ва ахлоқи исломӣ робитаи маънавӣ ба вуҷуд оваранд.
Аз ин нуқтаи назар, бояд ба як воқеияти муҳим таваҷҷуҳ кард: қисми зиёди қонунҳо, қарорҳо ва иқдомоти давлати муосир барои таъмини арзишҳое равона мешаванд, ки худи онҳо дар таълимоти исломӣ низ дорои аҳаммияти баланданд. Адолат ва баробарӣ, сулҳу субот ва амният, ваҳдат ва ҳамбастагии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пешгирии зулм, зарар ва фасод, ҳифзи ҳаёт ва моликият, ғамхорӣ ба аҳли ҷомеа, дастгирии ниёзмандон, ободкорӣ ва созандагӣ, рушди илму маориф, ҳавасмандии меҳнату фаъолияти созанда, пешрафти иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ аз ҷумлаи чунин арзишҳои умумӣ мебошанд. Қуръон низ ба адолат, ҳамкорӣ дар некӣ ва парҳезгорӣ ва ислоҳи муносибатҳои байни одамон таъкид мекунад. Масалан, дар Қуръон адолат ҳамчун арзиши мустақим таъкид шуда, ҳамкорӣ дар некӣ ва тақво тавсия гардидааст.
Қонунҳои давлат, ки барои ҳифзи ҷони инсон, мол, ҳуқуқи шаҳрвандон, амният, тартибот, субот ва манфиати умум равона шудаанд, барои ҳамагон яксон аст. Масалан, қоидаҳои марбут ба бехатарии ҳаракат, ҳифзи моликият, ҳифзи муҳити зист, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи саломатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ пеш аз ҳама барои пешгирии зарар ва ҳифзи манфиати инсон ва ҷомеа хизмат мекунанд. Шаҳрвандон низ дар навбати худ новбаста аз эътиқод чунин қонунҳоро на танҳо аз тарси ҷазо риоя кунанд, балки онҳоро бо дарки масъулияти ахлоқии худ низ иҷро намояд: барои он ки ба ҷони дигарон зарар нарасонад, ҳуқуқи онҳоро поймол накунад, амнияти ҷомеаро халалдор насозад ва дар нигоҳ доштани тартибу оромӣ саҳм гузорад. Дар ин сурат, иҷрои ҳамон як меъёри ҳуқуқӣ аз сатҳи уҳдадории беруна ба сатҳи рафтори бошуурона ва маънодор боло меравад.
Яке аз мисолҳои равшан ва барои ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳ таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатӣ мебошад. Шукргузорӣ аз неъмати сулҳу оромӣ, соҳибихтиёрӣ, амнияти миллӣ, дуо барои ояндаи дурахшони кишвар, эҳтиром ба ҳомиёни Ватан, таҳкими ваҳдат, саҳм гузоштан дар ободии мамлакат ва нишон додани масъулияти шаҳрвандӣ амалҳое мебошанд, ки дар чорчӯби арзишҳои умумии ахлоқии динӣ арзёбӣ мешаванд. Аз ин рӯ, шаҳраванд Рӯзи Истиқлолро бо нияти шукри неъмати соҳибихтиёрии миллӣ, сулҳу оромӣ, ҳифзи Ватан, пуштибонӣ аз ваҳдат ва арҷгузорӣ ба амнияти ҷомеа таҷлил карданд. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкони ҳифз ва рушди озодонаи арзишҳои динӣ ва мазҳабии худро фароҳам овардааст.
Имрӯзҳо, мусулмонони кишвар дар фазои сулҳу субот ба эътиқоди исломии худ пайравӣ намуда, мероси мазҳабии ҳанафӣ ва ҷаҳонбинии мотуридиро ҳифз ва идома медиҳанд ва ҳамзамон аз таҳмили идеологияҳо ва равияҳои бегона эмин мемонанд. Аз ин ҷиҳат, шукргузорӣ аз неъмати Истиқлол барои шаҳрванди мусулмон на танҳо арҷгузорӣ ба соҳибихтиёрии миллӣ, балки қадршиносӣ аз имкони зиндагии озодона дар доираи эътиқод ва ҳувияти мазҳабии худ низ мебошад.
Иштирок дар таҷлили Рӯзи Истиқлол барои шахс воситаи изҳори шукри неъмати соҳибихтиёрӣ, сулҳу амният, ҳифзи ваҳдат, эҳтироми Ватан ва саҳмгузорӣ дар корҳои созанда буд. Пас чунин муносибат аз доираи як иштироки бошууронаи расмӣ фаротар рафта, ба як рафтори маънавӣ, ахлоқӣ табдил меёбад.
Дар ин замина, давлати дунявӣ, Конститутсия ва низоми ҳуқуқӣ арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, барои шаҳрванд шароити мусоиди адои маросимҳои ибодатӣ фароҳам овардааст ва шаҳрвандон дар навбати худ вазифа доранд, ки ин истиқлолиятро ҳифз намоянд.
Файзуллозода Х. Ҳ. – сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон