Мақоми панду андарз дар «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ

Муслиҳиддин Саъдии Шерозиро халқи тоҷику форс ва умуман мардуми олам ҳамчун муаллими ахлоқ, устоди панду андарз мешиносанд ва эътирофаш кардаанд. Албатта, чунин волоияту қадрдонӣ бесабаб нест. Гӯё малоик хоки ӯро бо панду андарз сиришта бошанд. Чун номи Саъдӣ шунида мешавад, асари гаронарзишаш «Гулистон» бо панду андарзҳои ҷолибаш пеши назар меояд. «Гулистон» хазинаи панд аст, ки инсонро дар тамоми нишебиҳои зиндагӣ роҳнамост. Ин шоҳасар бо панд оғоз ёфта, бо панд анҷом пазируфтааст. Ва он танҳо аз ҳамин нигоҳ инсонро роҳнамост. Аз ин боргоҳ ҳар фард ба қадри фаҳмиши хеш дурру гуҳар, зару зевар мегирад. Вале агар чун фард ба «Гулистон» ворид нагардад, чӣ донад, ки гулистон чӣ гуна гулҳои ранг ба рангу хушбӯй дорад.
Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан,
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ.
Вале ин сухан маънои онро надорад, ки ҳар вақт, ки хоҳӣ сухан гӯию, дар байни сухани гӯянда сухан орӣ. Ин амал аз рӯйи одоб нест. Вақте гӯянда суханашро тамом кард ва аҳли нишаст хомӯш монданд, он лаҳза бояд сухан бигӯйӣ. Ва ин рафтор яке аз шартҳои шоистаи адаб бошад. Чун дар тамоми асар сухан аз одобу ахлоқ аст, барои ҳар як хонанда ғизои таъсирбахше мебошад, ки дар тамоми умри хеш ба он суд меорад.
Мо насиҳат ба ҷойи худ кардем,
Рӯзгоре дар ин ба сар бурдем.
Гар наояд ба гӯши рағбати кас,
Бар расулон паём бошаду бас.
Ҳамин тавр, Саъдӣ ба хонанда гӯшзад менамояд, ки ҳар дурру гуҳаре буд, нисорат кардам. Гоҳ дар насиҳат сухани талхат гуфтаму гоҳ сухани шаҳдрези бозарофат. Қабулашон фармо, биёмӯз ва дар зиндагият истифода бар, то ба мурод бирасӣ. Дигар аз рукнҳои сухан гуфтан, панду андарз додан бо мулоиматӣ, хушгуфторӣ ва билохира сухани лутфомез аст. Ба ҳамин тариқ, Шайх Саъдӣ одоби суҳбату таҳаммулро ба ҳар як шахси солимфикр зарур медонад. Зеро дар ҳалли бисёр масъалаҳо, байни ҷомеа силоҳ ҳамин аст ва сухани хубу лутфомез дар ҳар маврид тире ба нишон хоҳад буд. Саъдӣ ба ин масъала бештар аҳамият дода, ду боби «Гулистон» – бобҳои чор «Дар фавоиди хомӯшӣ» ва ҳашт «Дар одоби суҳбат» ба ҳамин мавзӯъ бахшидааст. Масъалаи муҳими дигар, ки дар ҳама давру замон зарӯр мебошад, ин таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Дар тарбият ва ба воя расондани он заҳмату талоши на як шахс, балки волидон, муаллимон ва муҳит муҳим мебошад. Ба ин хотир ҳикояе дар бораи омӯзгор меорем.
Ҳикояҳо аз “Гулистон”:
Муаллимеро дар диёри Мағриб дидам туршрӯй, талхгуфтор, бадхӯй, мардумозор, гадотабъ, нопарҳезкор, ки айши мусулмон ба дидани ӯ табаҳ гаштӣ ва хондани «Қуръон»-аш дили мардум сиёҳ кардӣ. Ҷамъе писарони покиза ва духтароне ба дасти ҷафои ӯ гирифтор; на заҳраи ханда ва на ёрои гуфтор. Гаҳ орази симини якеро тапонча задию гоҳ соқи булурини дигареро шиканҷа кардӣ. Алқисса, шунидам, ки тарфе аз хабоиси нафси ӯ маълум карданд ва бизаданду биронданд ва мактаби ӯро ба муслиҳе бидоданд: порсову салим, некмарди ҳалим, ки сухан ҷуз ба ҳукми зарурат нагуфтӣ ва муҷиби озори кас бар забонаш нарафтӣ. Кӯдаконро ҳайбати устоди нахустин аз сар бирафт ва муаллими дуюминро ахлоқи малакӣ диданду як-як дев шуданд, бо эътимоди ҳилми ӯ тарки илм доданд. Ағлаби авқот ба бозича фароҳам нишастандӣ ва лавҳ дуруст нокарда, дар сари ҳам шикастандӣ:
Устоди муаллим чу бувад беозор,
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.
Баъд аз ду ҳафта бар он масҷид гузар кардам ва муаллими аввалинро дидам, ки дилхуш карда буданд ва ба ҷойи хеш оварда. Инсоф биранҷидам ва лоҳавл (тавба кардам) гуфтам, ки дигарбора Иблисро муаллими малоика чаро карданд? Пирамарде зарифи ҷаҳондида гуфт:
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
«Ҷаври устод беҳ, ки меҳри падар!»
Аз мазмуни ҳикоя бармеояд, ки муаллими аввал зоҳири нохуб, амали номатлуб дошта, вале педагоги хуб будааст. Пеш аз ҳама, шогирдон аз устод тарсу ҳарос доштанд ва ба суханаш гӯш медоданду боадаб буданд ва вазифаро иҷро мекарданд, аммо муаллими дуюм, ки ҳалиму меҳрубон буд, шогирдон сухани устодро нашниданд ва ба корҳои беҳуда машғул шуданд. Чунин рафтори омӯзгор бачаҳоро ба кӯчаи сарбаста раҳнамо сохт. Боз волидайни шогирдон маҷбур шуданд, ки муаллими авваларо ба мактаб оранд.
Ба воситаи ин ҳикоят Саъдӣ таъкид менамояд, ки интизом дар таълим суду самараи бештар дорад. Муаллим ҳам бояд босалобат ва сахтгир бошад, то ки кӯдакон дониш омӯзанд. Имрӯз ҳам андешаи Саъдӣ аҳамияти калони амалӣ дорад, имрӯз ҳам агар ба суханони устод шогирдон гӯш надиҳанду беҳурматӣ намоянд, дониши дуруст гирифта наметавонанд. Омӯзгор, пеш аз ҳама, бояд синфро идора кунад, шогирдон интизом дошта бошанд ва ба сухани муаллим гӯш диҳанд. Вагарна саъю талоши омӯзгор беҳуда аст.
“Адаб аз кӣ омухтӣ?” Луқмони Ҳакимро гуфтаанд: -Адаб аз кӣ омухтӣ? Гуфт: -Аз беадабон ҳар чӣ аз онҳо дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам.
“Кам хӯрдан адаб acт” Обидеро ҳикоят кунанд, ки шабе даҳ ман таом мехурд ва то саҳар хатме мекард. Соҳибдиле бишнид ва гуфт: -Агар ним ноне мехӯрду мехобид, бисёр аз ин фозилтар мебуд.
Андарун аз таом холӣ дор,
То дар ӯ нури маърифат бинӣ.
“Хоркани ҳимматбаланд ва Ҳотами Той”
Ҳотами Тойро гуфтанд: -Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон касеро дидаӣ ё шунидаӣ? Гуфт: -Бале, рӯзе ба амирони араб чиҳил шутур қурбон карда будам. Пас ба гушаи саҳро ба ҳоҷате бурун рафтам (барои коре ба саҳро баромадам). Хорканеро дидам, ки пуштае хор фароҳам оварда (ҷамъ кардааст). Гуфтамаш: -«Ба меҳмонии Ҳотам чаро намеравӣ, ки халқе бар симоти (дастархони) ӯ гирд омадаанд? Гуфт: Ҳар кӣ нон аз амали хеш хурад, миннати Ҳотами Той набарад. Ман ӯро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар (баландтар) дидам.
“Ҷавони донишманд”
Ҷавоне хирадманд аз фунуни фазоил хаззи вофир дошт ва табъи нофир (аз донишҳои гуногун маълумоти зиёд дошт ва аз бисёр гап задан нафрат мекард). Чандон, ки дар махофили донишманд нишастӣ (ҳар кадар дар мачлисҳои донишмандон менишаст) забон аз сухан бибастӣ (гaп намезад). Боре падараш гуфт: -Эй писар, ту низ он чӣ медонӣ, бигӯй! Гуфт: -Тарсам, ки бипурсандам аз он чӣ намедонам ва шармсорӣ барам (метарсам он чиро, ки намедонам пурсида шармандаам кунанд). Байт: Ногуфта надорад касе бо ту кор,
Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр!
“Овози нохуш”
Яке дар масҷиди Санҷор барои савоб бонги намоз (азон) мегуфт, ба тарзе, ки шунавандагон аз ӯ нафрат мекарданд. Соҳиби масҷид амире буд одил ва нексиришт. Намехост, ки муаззин дилозурда гардад. Гуфт: -Эй ҷавонмард, ин масҷид муаззинони қадим дорад. Ҳар якеро панҷ динор мураттаб доштаам (маош қарор додаам). Туро даҳ динор медиҳам, то ҷои дигар равӣ. Бар ин қавл иттифоқ карданд ва (ӯ) бирафт. Пас аз муддате дар гузаре (дар сари роҳе) пеши амир боз омад ва гуфт: -Эй худованд (хуҷаин), бар ман ҳайф кардӣ (дар ҳаққи ман ҷабр кардӣ, ки ба даҳ динорам аз он букъа (масҷид), бадар кардӣ. Он ҷо ки рафтаам, бист динор медиҳанд то ба ҷои дигар равам (лекин ман) қабул намекунам. Амир аз ханда бехуд гашт ва гуфт: -Зинҳор наситон (нагир), ки ба панҷоҳ динор розӣ мегарданд.
Байт: Ба теша кас нахарошад зи рӯи хоро гил,
Чунон, ки бонги дурушти ту мехарошад дил
“Ҷавоби модар”
Рӯзе ба ғуруру чаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам. Дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт: -Магар хурдиатро фаромуш кардӣ, ки дуруштӣ мекунӣ?
Қитъа
Чӣ хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,
Чу дидаш палангафкану пилтан:
«Гар аз аҳди хурдет ёд омадӣ,
Ки бечора будӣ дар оғуши ман.
Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,
Ки ту шермардию ман пиразан».
“Ҳунарат чист?”
Араби саҳроиеро дидам, ба писари худ мегуфт: -Туро хоҳанд пурсид, ки ҳунарат чист, нагӯянд, ки падарат кист?
Писареро падар насҳат кард,
К-“Эй ҷавонмард, ёд гир ин панд.
Ҳар ки бо аҳди худ вафо накунад,
Нашавад дӯстрӯю донишманд”.
Шарифова Санавбар – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх