ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

5 – уми октябри соли 2026 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Марказ Холиқзода Абдураҳим Гафор, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикситон Зинатулло Исмоилзода, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Искандари Носир, муовинон ва ҳайати кормандони Марказ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ дирктори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим оид ба нақши забони тоҷикӣ дар пойдории миллати тоҷик, таҳкими ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки забон дар тӯли таърих на танҳо воситаи баёни андеша, балки нигаҳдорандаи хотираи таърихӣ, фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллат буда, омили муҳими пайванди наслҳо ва ҳифзи ҳастии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ мақоми хос касб намуда, барои рушди он ва таҳкими мавқеи забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаҳои устувор фароҳам оварда шудаанд.
Дар ин раванд, таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзу рушди забони тоҷикӣ, густариши забони илмӣ ва такмили истилоҳоти соҳавӣ нақши муҳим дорад.
Таъкид шуд, ки ҳифзи забон танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ набуда, масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Риояи меъёрҳои забони адабӣ, истифодаи дурусти забони давлатӣ дар фаъолияти хизматӣ, покизагии забон ва ғанӣ гардонидани забони илмӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми аҳли ҷомеа, бахусус кормандони илмӣ маҳсуб меёбад.
Дар идомаи ҳамоиш Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатулло оид ба нақши таърихии Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ, таҳкими забони илмӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ маърӯза намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид карда шуд, ки арҷгузорӣ ба забони давлатӣ арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва ҳастии миллат буда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки ин мероси гаронбаҳоро бо эҳсоси баланди миллӣ ҳифз намуда, ба наслҳои оянда ба таври шоиста ба мерос гузорад.
Дар фароварди маҷлис ба Мирзозода Азизулло собиқадори соҳаи матбуот медали “100 – солагии Матбуоти тоҷик” тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх