Фасод як навъ сӯиистифода ҳисобида мешавад ва як амали манфӣ аст, дар ҳар як давлат ва ҷомеаи муосири миллӣ то ин ё он дараҷа вуҷуд дорад. Ин сӯиистифода метавонад дар ҳама заминаҳои иҷтимоӣ, оилавӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто фарҳангӣ анҷом дода шавад. Ҳар чизе, ки аз роҳи дуруст ва урфу одат дур мешавад, дар он соҳа ба фасод табдил меёбад. Дар ин мақола, мо қасд дорем, ки мафҳуми фасод ва баъзе намудҳои онро дар ҷомеа мухтасар баррасӣ кунем. Фасод чист? Фасод калимаест, ки ба дуршавӣ аз идеали маънавӣ ё ахлоқӣ ишора мекунад. Он амалҳои сершуморе ба монанди пора, судхӯрӣ, ва дуздӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Ба истилоҳи маъмул, фасод сӯиистифода аз неъматҳо ва манфиатҳои ҷамъиятӣ барои манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ мебошад. Фасод маънои монеъ шудан ба иҷрои амалҳои дуруст ва солим дар ҷомеаро дорад ва боиси дур шудани ҷомеа аз меъёрҳо ва амалҳои дуруст мегардад.
Хулоса, фасод як падидаи номатлуби ахлоқӣ-иҷтимоӣ ва як навъ зарари иҷтимоӣ дар ҷомеа аст.
Агар мо хоҳем, ки маъноҳои дигари фасодро қайд кунем, метавонем бигӯем: ошӯб, харобкорӣ, табоҳӣ, фоисқӣ, бадахлоқӣ, айёшӣ, фоҳишӣ, бетартибӣ, бепарвоӣ ва ғайра. Фасод инҳироф аз роҳи дуруст аст, ки метавонад дар ҳар соҳа рух диҳад ва агар шахс бо намудҳои он ошно бошад, метавонад аз пайдоиш ва паҳншавии фасод пешгирӣ кунад. Дар ҷаҳони муосир аз ҳама бештар чаҳор намуди фасод паҳн гардидданд:
Фасоди сиёсӣ: Фасоди сиёсӣ як навъ ҷиноятест, ки аз ҷониби одамоне содир мешавад, ки масъулият ва қудрат доранд ва аксар вақт онро тавассути забон як кардан ва ба мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсии худ анҷом медиҳанд. Фасоди фарҳангӣ: Фасоди фарҳангӣ маънои фаъолиятеро дорад, ки хилофи расму оинҳо, арзишҳо ва манфиатҳои ҷомеа аст.
Фасоди ахлоқӣ: Ба вайрон кардани меъёрҳои ахлоқи иҷтимоӣ ишора мекунад, ки амнияти ҷамъиятиро коҳиш медиҳад ва майли ба каҷрафторӣ ва амалҳои ғайриахлоқиро афзоиш медиҳад.
Омилҳои маъмултарини фасоди ахлоқӣ дар ҷомеа инҳоянд: 1. Бесамарии ҳукуматҳо ва муқовимат бо пешрафти мувофиқ ба замони онҳо; 2. Бесамарӣ ва заъфи низоми маориф; 3. Афзоиши камбизоатӣ ва эҷоди тафовутҳои синфӣ дар ҷомеа;
4. Заиф шудани пояҳои арзишмандии афрод дар ҷомеа; 5. Камбизоатии фарҳангӣ; 6. Заъф ва бесамарии низоми оилавӣ ; 7. Нотавонии ВАО-и давлатӣ дар таҳияи мундариҷаи мувофиқ барои ҷомеа;
8. Густариши муносибатҳои ғайрианъанавӣ. Фасоди иқтисодӣ ва молиявӣ: Фасоди иқтисодӣ аз риоя накардани қонунҳо ва сӯиистифода аз вазифаҳои корӣ аз ҷониби масъулини мақомоти иқтисодӣ ба вуҷуд меояд. Ин навъи фасод аз камбизоатии иқтисодии афрод ё аз набудани банақшагирии ҳукуматҳо, бетартибиҳои молиявӣ, низоми номуассири қонунгузорӣ, набудани қонунҳои муассир ва нотавонии роҳбарон, хоҳиши қудрати афрод ва набудани назорати дуруст ва саривақтӣ бо онҳое, ки низоми иқтисодиро халалдор мекунанд, ба вуҷуд меояд. Ришвахорӣ, қаллобӣ ва азхудкунӣ аз ҷумлаи фасодҳои иқтисодӣ мебошанд.
Фасоди амниятӣ: судҷӯӣ ва ришвахории кормандони мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ. Фасод дар мақомоти амниятии давлатӣ ва низоми ҳифзи ҳуқуқ сӯиистифода аз ваколатҳои расмӣ барои манфиати шахсӣ аст, ки ниҳодҳои тартиботи ҳуқуқиро хароб мекунад, эътимоди мардумро коста мегардонад ва ба амнияти миллӣ таҳдид эҷод мекунад. Сабабҳо ва омилҳои зуҳури ин навъи фасод инҳоянд: -системаи пӯшида: дараҷаи баланди махфият ва мустақилияти мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ назорати ҷамъиятиро халалдор мекунад; -ваколатҳои васеъ: ҳуқуқ ва ваколатҳои васеъ ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва маҳдуд кардани озодиҳо заминаҳоро барои сӯиистифода фароҳам меорад; -назорати заиф: нокифоягии назорати мустақили берунӣ ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Шаклҳои асосии зоҳиршавии фасоди амниятӣ: -ришвахорӣ: тамаъҷӯӣ ва пулситонӣ барои қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ё рад кардани гузаронидани санҷишҳо; -ҳифзи ғайриқонунии тиҷорат: пуштибонии фаъолияти ғайриқонунӣ аз ҷониби мансабдорон; -қаллобӣ ва таҳриф кардани далелҳо: эҷоди сунъии далелҳо барои иҷрои вазифа ё манфиати шахсӣ; -суиистифодаи маълумоти махфӣ: интиқоли маълумоти махфӣ барои мақсадҳои тиҷоратӣ ё сиёсӣ.
Оқибатҳои манфии фасоди амниятӣ барои давлат: -инҳирофи ниҳодҳо: волоияти қонун халалдор шуда, ҷойи онро созишномаҳои пинҳонӣ ва соягӣ мегиранд; -афзоиши ноамнии ҳуқуқӣ: шаҳрвандон дар муқобили худсарӣ ва фасодкории мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ имконияти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худро аз даст медиҳанд; -косташавии мақом ва нақши ҳокимият: нуфузи сохторҳои давлатӣ дар ҷомеа коҳиш меёбад.
Фасоди маъмурӣ: Фасоди маъмурӣ ба риоя накардани қонунҳо аз ҷониби мансабдорон, инчунин пардохт ва гирифтани пора дахл дорад. Фасоди маъмурӣ истифодаи ғаразноки камбудиҳои қонунӣ ва риоя накардани қонунҳои муқарраркардаи ташкилотҳо мебошад. Умуман, фасоди маъмурӣ метавонад ба панҷ ҳолат тақсим карда шавад: – риоя накардани қонунҳо ва қоидаҳо; – тағйир додани қонунҳо аз ҷониби мансабдорон; -риоя накардани вазифаҳои қонунӣ; -эҳтиром накардани ҳуқуқи шарафи инсонии муштариён ва онҳое, ки ба муассисаҳои дахлдори давлатӣ меоянд ва муроҷиат мекунанд;
– гирифтани пора ва риоя накардани адолат дар муносибат ба муштариён.
Сабабҳои аслии афзоиши фасод дар соҳаи маъмурӣ: – набудани системаи мушаххаси масъулият барои роҳбарон дар муассисаҳо: боиси бесамар шудани ташкилот ва нотавонии афрод ва ташкилотҳои сатҳи боло барои баррасии фаъолияти онҳо аз ҷиҳати илмӣ-интиқодӣ мегардад; -салоҳияти беназорати роҳбарон: набудани назорат бар роҳбарон аз ҷониби ташкилотҳои сатҳи боло боиси фасод ва бетартибии маъмурӣ дар муассисаҳо мегардад; – ноустуворӣ дар идоракунӣ: бемасъулиятӣ, берун аз қоидаҳо ва принсипҳо вазифаҳои худро иҷро кардани роҳбарон боиси нотавонии онҳо дар анҷом додани лоиҳаҳое мегардад, ки барои идоракунии фаъолияти муассиса таҳия шудаанд; – адами амнияти корӣ ва равонӣ барои кормандон: набудани қадрдонӣ ва инчунин набудани низоми арзёбии хаттӣ дар муассиса боиси коҳиши эҳсоси мансубият ва эҷоди эҳсоси нохушоянд дар кормандон мегардад; – норасоии қонунҳо ва қоидаҳои маъмурӣ: ин камбудӣ боиси вайроншавии тартибои корӣ ва пайдоиши нофаҳмиҳо дар байни муштариён ва ҳатто кормандон мегардад; – интихоби ва ҷобаҷокунии нодурусти кадрҳо: ҷойгир накардани одамон дар ҷойҳои кории мувофиқ дар асоси қобилиятҳо, дониш ва принсипҳои шуғли онҳо; – бесамарӣ ва заъфи низоми маъмурӣ: ҷойгир кардани менеҷерони ноқобил дар вазифаҳое, ки ба таҷрибаи онҳо мувофиқат намекунанд, набудани таваҷҷӯҳ ба риояи қонунҳо ва принсипҳои маъмурӣ аз ҷониби кормандон ва корфармоён ва набудани системаи арзёбии хаттӣ фасоди маъмурӣ ва риоя накардани ҳуқуқи муштариёнро афзоиш медиҳад; – нотавонии касбии кормандон; -нотавонӣ дар арзёбии кормандон дар асоси принсипҳои ташкилӣ ва таҳсилоти инфиродӣ; – набудани системаҳои дурусти ҳавасмандгардонӣ, мукофот ва муҷозот дар муассисаҳо; – дониши заифи ихтисосии менеҷерон; – набудани виҷдони корӣ ва интизоми шахсӣ; – паҳншавии пайвастагии афрод ба манфиатҳои шахсӣ. Фасоди иҷтимоӣ: Вайрон кардани меъёрҳо ва анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи иҷтимоиро фасоди иҷтимоӣ меноманд. Яке аз омилҳои муҳими бавуҷудоварандаи фасодҳои иҷтимоӣ тафовути синфӣ мебошад. Омилҳоеро, ки боиси фасод ва инҳирофҳои иҷтимоӣ мешаванд, дар маҷмӯъ дар якчанд заминаҳои асосӣ метавон баррасӣ кард:
Заъф ва нотавонии пояи оила. Оила, ҳамчун сутуни асосии ҷомеа, дар таълим ва тарбияи афрод бо беҳтарин роҳ нақши муҳим мебозад. Набудани муассисаи назоратӣ барои оилаҳо ва набудани таълими волидон ва бобою бибиҳо ҳамчун волидайн дар оила, набудани таълими арзишҳои ахлоқӣ ва қонунҳои иҷтимоӣ ба кӯдакон дар синну соли мувофиқ боиси коҳиши амнияти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ мегардад ва баъдан боиси дар ҷомеа густраши ёфтани фасоди бештар, аз ҷумла молиявӣ ва маъмурӣ мегардад. Таълим додани оилаҳо ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои фаъолиятҳои оилавӣ барои омӯзонидани ин масъалаи муҳим ба аъзои оила амният ва сулҳро дар ҷомеа афзоиш медиҳад. Эҷоди эҳсоси амният ва ҳамбастагӣ дар оила, ҳамчун хурдтарин қисми ҷомеа, ба мушкилоти оила таваҷҷӯҳ кардани муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро талаб мекунад.
Сирояти фасод ба низоми маориф. Пас аз оила, низоми маориф дар тарбияи афрод дар ҷомеа нақши бузургтаринро мебозад. Барои эҷоди як ҷомеаи муосири доорои фарҳанги қобили қабул ҳифз кардани низоми маориф аз сирояти фасод хеле муҳим мебошад.. Танҳо бо ҳамин шарт, низоми маориф, ба зеҳни афрод таъсири созанда расонида, тавассути таълим додани принсипҳои ахлоқӣ, тарбия ва ташаккули шахсияти солиму комил, аҳли ҷомеаро аз фасоди ахлоқӣ ва иқтисодӣ ҳифз карда метавонад.
Фарҳанги номуносиб – омили дигарест, ки ба пайдоиши фасод дар ҷомеа мусоидат мекунад. Бояд қайд кард, ки фарҳанги номуносиб ҳама намуди фасодро, аз ҷумла ахлоқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Эҷоди фазоҳои муносиби фарҳангӣ ва таълимӣ барои одамони синну соли гуногун барои таълим ва паҳн кардани фарҳанг мувофиқи расму оин ва хусусиятҳои ҷомеа яке аз ҳадафҳои низоми иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ эҷоди фарҳанги ба замона ҷавобгӯи умумӣ ва паҳн кардани фазилатҳои ахлоқӣ барои нигоҳ доштани тартиботи иҷтимоӣ ва коҳиш додани хароҷоти мубориза бо фасоди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Нотавонии ҳукуматҳо дар мубориза бо ҳама намуди фасод. Ҳукуматҳо ҳамчун яке аз муҳимтарин ниҳодҳои иҷтимоӣ масъули нигоҳдорӣ ва ҳифзи истиқлолият, арзишҳо ва эътиқодҳо мебошанд. Ҳукумати қавӣ ва масъулиятнок ҳукуматест, ки ҳам метавонад худро аз фасод ва инҳирофҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар инҳирофҳо муҳофизат кунад ва ҳам аз пайдоиши инҳирофҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа пешгирӣ кунад. Агар низоми маъмурӣ ва ҳукумат дар ҷомеа бо инҳироф ва фасод олуда бошад ё қобилияти принсипиалии муқовимати ҷиддиро бо инҳироф ва фасоди иҷтимоӣ надошта бошад, фасод ҳамаи рукнҳои он ҷомеаро фаро мегирад. Ҳукумат бо назорати маориф, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои асосии давлатӣ дар мубориза бо фасод нақши асосӣ мебозад.
Заъфи эътиқоди ахлоқии афрод ва ба вуҷуд омадани фасоди иҷтимоӣ. Он чизҳое, ки то ин ҷо шарҳу тавзеҳ дода шуданд, омилҳои асосии фасоди иҷтимоӣ ҳисобида мешаванд, аммо қисми дигари омилҳое, ки мустақиман ва мувофиқан бо фасоди иҷтимоӣ ва инҳироф алоқаманданд, ба худи шахс алоқаманд аст ва он заъиф ва пажмурда шудани эътиқоди ахлоқӣ дар афрод аст. Агар ахлоқ ва риояи принсипҳо ва арзишҳои ахлоқӣ дар қабатҳои гуногуни ҷомеа ва дар афрод вуҷуд надошта бошад, ҳеҷ омили дигар наметавонад аз фасоди ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ва дигар инҳирофҳо дар афрод пешгирӣ кунад. Заъфи эътиқоди ахлоқӣ дар рафтор ва шахсияти афрод бо роҳҳои гуногун зоҳир мешавад, азҷумла: -риоя накардани принсипҳо ва қонунҳои иҷтимоӣ. Набудани таълими дурусти қонунҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ба афроди табақаҳои гуногуни ҷомеа ва эҷоди қонунҳои ҷазо ва ҳавасмандкунӣ барои афроди гуногун боиси фасоди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар сатҳи ҷомеа мегардад;
-пайравии хоҳишҳои ва манфиатҳои шахсӣ яке аз омилҳои асосии фасод дар афрод ва ҷомеа аст;
– вазифа ва масъулиятҳои худро дуруст иҷро накардани ҳар як ниҳод ё муассисаи иҷтимоӣ низ яке аз омилҳои зуҳур ва густариши фасод ҳисобида мешавад.
Омилҳои пешгирии фасоди иҷтимоӣ: Таълими кӯдакон ва оилаҳо. Коҳиш додани тафовутҳои синфӣ. Қабули қонунҳо мувофиқ ба замон ва фарҳанги ҳамаҷониба. Коҳиш додани камбизоатӣ ва маҳрумият. Таҳияи мундариҷаи муассири дорои мазмуни зиддикоррупсионӣ дар ВАО.
Муҷозоти мувофиқи ҷиноят дар ҷомеа. Кӯшишҳо барои нигоҳ доштан ва таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ. Умуман, фасод маънои сӯиистифодаи шахс аз вазифа ва мақоми ишғолнамудааш барои ҳосил кардани манфиатҳо ва ғаразҳояшро дорад. Яъне, шахси фасодкор мавқеи худро барои ба даст овардани мартабаҳои баландтар ё ба даст овардани манфиатҳои бештар истифода мебарад.
Аз ин дидгоҳ, фасод як навъ зарари иҷтимоӣ аст, ки дар сурати пешгирӣ нашудан ва густариш ёфтанаш ба инҳирофҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ оварда мерасонад. Буҳрони ниҳоди оила, таълими номуассир, набудани таълими арзишҳо ва принсипҳои ахлоқӣ, адами қонунҳои иҷтимоии мувофиқ ба замон, фарҳанги ақибмондаи ҷомеа – инҳо чанде аз омилҳои пайдоиш ва густариши фасод дар ҷомеа мебошанд. Ҳукумат ва давлат бо доштани имконияти назорат бар маориф, донишгоҳҳо ва дигар ниҳодҳои асосии давлатӣ, дар мубориза бо фасод нақши калидӣ мебозад.
Шоев Зиёвиддин, номзади илмҳои фалсафа, сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.