Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ соли 1207 дар шаҳри Балх ба дунё омадааст. Номи ӯ Муҳаммад буда, бо тахаллусҳои Ҷалолудин, Мавлавӣ ва Мавлоно машҳур аст. Падараш Баҳоуддин Валад ном дошта, аз намояндагони аҳли илм ва яке аз орифони давру замон буда, бо номи Султон-ул-уламо низ машҳур буд. Нақши аввалинро дар тарбияи ӯ падараш гузоштааст. Дар оғози ҳуҷуми муғулҳо Баҳоуддин бо аҳли оилааш аз он ҷо куҷида ба шаҳрҳои Нишопур, баъдан ба Ҳиҷоз ва Қуния мераванд. Ҷалолуддин дар овони ҷавонӣ илмҳои расмии замони худро аз худ намуда, баъд аз вафоти падараш ҳакмчун як мударриси бузург ба тадриси шогирдон машғул мешавад.
Мероси адабии Мавлоно хеле пурсарват ва рангоранг аст. Он аз ҷиҳати навъ назму насро ташкил медиҳад. Мавлоно ду шоҳкории бузург аз худ боқӣ гузоштааст, ки ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ мебошанд: “Маснавии Маънавӣ” ва “Девони Шамси табрезӣ”.
Маснавии Маънавӣ яке аз шоҳасарҳои адабиёти классикии мо мардуми форсу тоҷик буда, муаллифи онро шуҳратёри ҷаҳон намудааст. Дар он масъалаҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ, мазҳабию динӣ, фалсафию ахлоқӣ ва тарбиявӣ инъикос ёфтааст. Шоир ин асари гаронарзиши худро дар давоми даҳ сол эҷод намудааст. Маснавӣ китоби таълимӣ ва дарсӣ буда, дарёест, ки шиновар аз он таъсири зиёд мегирад. Маснавӣ китобе нест, ки тобеи фаслбандиҳои суннатӣ ва қолабию анъанавӣ бошад, балкӣ бештар тобеи услуби Қуръонист. Мавлоно дар зимни баҳс дар нуқтае ба ёди воқеаи машҳуре меафтад ва дар он бора баҳс мекунад. Ӯ ҳикояеро мегӯяд. Он ҳикоя ӯро ба гуфтани ҳикояи дигар мекашонад.
Ҳикоя:
“Дар ҷустуҷӯйи инсон” Ҳушманде шамъ ба даст дар рӯзи равшан машғули ҷустуҷӯ буд ва бо алоқаи фаровон ҳамаи кӯчаҳову бозорҳоро зери по мегузошт. Раҳгузаре ба ӯ расиду гуфт:
-дар ҷустуҷӯйи чӣ ҳастӣ ва дар рӯзи равшан бо ҷароғ думболи чӣ чизе мегардӣ?
Ҳушманд гуфт:
-думболи инсон мегардам.
Раҳгузар гуфт:
-беҳуда ҷустуҷӯ накун. Ман зиёд гаштаам ва ҳатто як нафар инсон наёфтаам.
Ҳушманд гуфт:
-Билохира Шумо инсонро суроғ доред?!
-Раҳгузар гуфт:
-Дар ин кӯчаву бозор марду зани бисёр вуҷуд дорад:
Ҳушманд гуфт:
-Ман одам намехоҳам, балки инсоне мехоҳам, ки ҳангоми туғёни хашму шаҳват битавонад худро идора кунад.
Гуфт: “Хоҳам мард дар ҷодай дураҳ,
Дар раҳи хашму ба ҳангоми шараҳ.
Вақти хашму вақти шаҳват мард ку?
Толиби марде чунинам кӯ ба кӯ”.
Раҳгузар гуфт:
-Дунболи чизи камёбе мегардӣ!
Дар Маснавии Маънавӣ пайваста андешаҳои зоҳидона, орифона ва ҳикматона дида мешавад, ки хонанда ҳангоми мутолеаи он зери таъсири амиқе қарор мегирад. Мавзуи хирад, дониш, ақл, ҷабру ихтиёр, инсонсолорӣ, бузургманишӣ ва амсоли инҳо дар таълифоти Мавлоно мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Мавлоно ақлу донишро тавсифкунон таъқид кардааст, ки ақл дар зиндагии инсонӣ роҳнамою корсоз мебошад.
Ақл бошад роҳнамои мулки ҷон,
Ақл бошад корсозу кордон.
То чӣ оламҳост дар савдои ақл,
То чӣ бопаҳност ин дарёи ақл.
Инсонсолорӣ шеваи андешаи файласуфон ва рӯшангарон аст, дар таълифоти Мавлоно ҷойгоҳи махсус дорад. Мутафаккир мавзӯи инсон ва инсонсолориро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, такомули рӯҳу равони инсонро дар бузургандешии ӯ дида, ҷаҳлу залолатро бандагӣ ва бузургандеширо зиндагӣ донистааст.
Ай писар. ҷаҳлу залолат бандагист,
Ин бузургандешии мо зиндагист.
Яъне мафҳуми зиндагӣ дар бузургандешӣ ва инсонсолорӣ нуҳуфтааст. Андешаҳои Мавлоно ки саропо ҳикмату фалсафаи ориёӣ аст, бо ҳиматбаландӣ ва бузургманишӣ ба мардум аз шикастани қулфи зиндони ҷаҳолат мужда медиҳад. Мавлоно ба бисёр масъалаҳои зиндагӣ бо тафаккури баланди фалсафӣ назар намуда, дар партави ишқу маърифат олами инсониро тасвир намудааст. Осори эҷоднамудаи Мавлоно дар тамаддуни шарқӣ, исломӣ, ҷаҳонӣ ҷойгоҳ ва мақоми ӯро муайян намудааст. Ин аст, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо мешиносанд.
Мутафаккири бузург мавлонои Балхӣ дар тамоми Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, марду зан новобаста аз дину мазҳаб ва миллату забони гуногун, аз рӯи ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Ғазалҳои ӯро, кӣ бо забони тоҷикӣ садо медиҳанд овозхонон дар кишварҳои гуногуни дунё ба монанди Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва ғайра месароянд ва мардум аз он ҳаловат мебаранд.
Панду андарз, одобу ахлоқ яке аз анъанаҳои хеле қадими мардуми форсу тоҷик буда, ҳанӯз аз асрҳои III-VIII сарчашма гирифтааст. Аз он ҷумла омӯхтани эҷодиёти яке аз бузургони гузаштаи асри-XIII Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ хеле муҳим мебошад. Мавзӯи инсон дар осори нобиғаҳои олам мавқеъи марказӣ дорад, ва дар осори Мавлоно бошад тарбияи ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, тарбияи инсон мавқеъи ососиро ишғол менамояд. Ӯро яке аз устодони мумтози панду ахлоқ мешиносанд.
Тавре, ки айён аст қариб тамоми ашъори пурмазмуни Ҷалолиддини Балхӣ панду андарзҳо ва насиҳат мебошад. Суханони дилангезу пурмазмуни ӯ ҳар шахси оқилу дарандешро ба сӯӣ қуллаҳои баланди илму маърифат, хушахлоқию ватандӯстӣ ва сабру таҳаммул равона мекунад. Панду насиҳад дар ашъори Мавлоно бисёр дилкашу мафтункунанда тасвир ёфтааст. Байтҳои ӯ як ҷаҳон маъно дошта, хонандаро ба шӯру шавқ оварда, ӯро барои ҳаёти ибратбахшу одоби нек ҳидоят менамояд.
Аз насиҳат тоза гардад ҳар диле,
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар манзиле.
Масъалаҳои дӯстиву ахлоқӣ, панду насиҳат, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ дар осори Мавлоно мавқеъи марказӣ доранд. Инчунин мавзуъ ё ибораи «Инсони комил» дар таълимоти Ҷалолиддини Румӣ мақоми махсусеро ишғол мекунад. Ба андешаи ӯ бисёр воқеа ва ҳодисаҳои судманди ҳаёти ҷомеа ба мавҷудият фаолияти инсони комил иртиботи мустаҳкам дорад. Бештари осори Мавлоно хусусияти пандомӯзӣ доранд ва хонандаву шунавандаро ба роҳи рост, ростию росткорӣ равона месозад. Инчунин: шоир таъқид бар он менамояд, ки саодатмандӣ, бахту некрӯзии инсон дар покии виҷдон ва бомаърифатии ӯ мебошад. Одам ба чунин сифатҳо ороста бошад азизу мукаррам аст ва ҳар ҷо, ки қадам ниҳад тоҷи сари мардумон мегардад.
Бо ташаббуси содиқонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ташкилоти бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО соли 2007 эълон гардидани соли Мавлоно, аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик фарзандони бузурге дорад ва номи онҳо дар ҷаҳон машҳур аст.
Шоир дар рубоиҳои хеш, он касонеро, ки умрро беҳуда мегузаронанд, мазаммат мекунад, шоиста он бошад, ки аз паи амале кӯшӣ ва ба халқ нафърасон бошӣ. Ба ин мазмун чунин овардааст:
Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад,
В-ин мояи умр ройгон мегузарад.
Дар манзил махуспу ғофил манишин,
К-аз манзили умр корвон мегузарад.
Шуҳрату маҳбубияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки яке аз адибон ва мутафаккирони форсу тоҷик мебошад дар таъриху фарҳанги миллӣ бисёр мақоми волоро соҳиб гаштааст. Миёни халқу миллатҳои турктабор, ҳинду араб, пушту ва Аврупо низ маъруфу шуҳратёр мебошад. Сабаби маҳбубияти зиёд пайдо кардани Мавлоно аз худи шарҳи ҳоли адиб равшан мегардад, дар андешаи ӯ дину мазҳаб, халқияту нажод тафовут надошта, ҳамеша тарафдори инсони комил, инсони поку нексиришт, инсони ҳақбину ҳақшинос буд. Мавлоно ингуна инсонҳоро ситоиш намуда, онҳоро ҳамсояи Худо ва дӯсти Худо донистааст.
Дар асрҳои минбаъда ҳам то имрӯз маҳбубияти Мавлоно миёни мардуми форсу тоҷик ва дигар миллатҳо хеле зиёд мебошад. Дар бораи ин чеҳраи шинохта ва маъруф, олимони давру замони гуногун баҳои баланд додаанд ва худро пайраи ӯ донистаанд.
Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷумлаи он адибону орифони бузургест, ки на танҳо дар адабиёту фарҳанги форсу тоҷик , балки дар ҷаҳон мақоми волоро соҳиб гаштааст. Асари гаронбаҳои ӯ «Маснавии Маънавӣ», ки соли 1259 ба навиштани ин асар оғоз намудааст ва даҳ соли ҳаёти азизи хешро барои таълифи он сарф намудааст. Маснавӣ ҳамчун як ганҷинаи бебаҳо барои масъалаҳои муҳими ҳаёти маънавии ҷомеа ва олимону донишмандон мавриди истифода қарор дорад.
Маснавии Маънавиро бори нахуст олими англис Р.А. Николсон аз забони форсӣ ба забони Англисӣ тарҷума намудааст (солҳои 1925-1937), ки аз 25632 байт иборат аст. Ҳоло дар пажӯҳишгоҳи илмии шарқшиносии Академияи Миллии Тоҷикистон маҳфуз аст. Соли 1959 нашр шудааст.
Хулоса мавзӯӣ дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ, одобу ахлоқ ва ишқу муҳаббат дар ғазалиёти Мавлоно мақоми шоиста дорад. Зиндагӣ ва ҳаёти ибратомӯзи ӯ шоҳиди гуфтаҳост. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ соли 1273 дар шаҳри Қунияи Рум вафот мекунад. Маҳз андешаҳои хирадмандонаи ӯ дар бораи дӯстӣ ва якдилӣ буд, ки дар сари қабри ӯ садҳо мардуми гуногунмиллат ҷамъ омаданд ва ҷасадашро ба хок супориданд ва то имрӯз мавриди зиёрати ҳамагон қарор дорад. Ба андешаи Мавлоно бо дӯсти мувофиқ суҳбат оростан лаззати хосе дорад ва дар баробари ин, дӯстони кинаҷӯ ва мағруру худписандро сахт маломат мекунад. Онҳоро ба сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмию донистани қадри якдигар даъват мекунад.
Шарифова С. сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъзазҳои исломӣ.