Забони тоҷикӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурўҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад. Бори аввал Қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 қабул карда шуд. Аммо 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забони тоҷикӣ ба тасвиб расид ва рӯзи «Иди забон» ба 5-уми октябр гузаронида шуд.
Забон рукни асосии нишони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ҳар як халқ ба ҳисоб рафта дар таҳвили ин навъи мерос саҳмгузор будааст. Коршиносон ва ҷомеашиносон чунин хулоса баровардаанд, ки ҳар як ҳафта тақрибан як забон аз байн меравад ва ҳар як нафар дар ҳифзу ҳимояи зобони модарии хеш вазифадор аст.
Забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад. Яке аз арзишмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёби мегардад. Тавассути забон одамон ба ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд ва таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад.
Забон инчунин, падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳуввияти хешро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавиашро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва сунатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки ниёгони шарафманди мо дар тӯли таърихи дуру дароз, дар паҳнои васеи Осиёи Марказӣ нақши бузург бозида, бо қавму миллатҳои ҳамсоя робита барпо намудаанд, забони тоҷикиро аз тӯфони рӯзгорон ҳимоя карда, онро ҳамчун ганҷинаи беназир ба ояндагон мерос гузоштаанд.
Мо, вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чи бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии ҳар як халқ дар забону адбиёт ва таъриху фарҳангаш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад.
Ҳамин тариқ бояд гуем, ки забони давлатиамон ин арзишмандтарин неъмате аст, ки моро ва таърихамонро аз насл ба насл интиқол медиҳад. То чӣ андоза мо забони худро эҳтиром намоем то ҳамин андоза ба давлату халқу миллати худ эҳтиром гузошта метавонем. Забони тоҷикӣ дар тӯли ин солҳо дар баробари забони давлатдориву коргузорӣ, вазифаи васлгарии халқияту миллатҳои гуногунро низ ба ҷо овардааст. Забони тоҷикӣ забони ҳамдилӣ, забони илму фарҳанг ва забони сулҳу осоиштагӣ аст.
Забони миллии давлатӣ дар мақоми забони илму фарҳанг омили огаҳии соҳибзабонон аз таърихи қадимии забон, осори фаровони ниёгони бофазламон, ки дар давоми таърихи садсолаҳо ба забони илм таълиф ёфта, диққати аҳли илму фарҳанги ҷаҳониро ба худ ҷалб ва тасхир кардаанд, мебошад.
Забони модарии мо, забони адабии тоҷикӣ дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи хеле пурпечутобро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хидматҳои бузурги фарзандони баруманди халқи тоҷик аз устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда то устод Садриддин Айнӣ дар шакли зебо захираҳои бою рангини луғатҳо, осори гаронбаҳои илму адабӣ дар шакли назму насри беҳамто ба зинаҳои баландтарини ташаккул расидааст, ки мо аз ин мерос ифтихормандем.
Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус ба давраҳои мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ рафта мерасад. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёнажод, яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб меравад. Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Ҷомю Румӣ ва даҳо нафари дигар, ки чандин аср пеш навишта шудаанд бо ин забони шево мебошанд.
Олими бузурги асримиёнагии форсу тоҷик, ки дар доираи илми кимиё ва тиб саҳми ниҳоят калон гузоштааст, Абӯали ибни Сино мебошад. Ӯ дар олам бо номи “ Авитсенна” маъруф аст. Асарҳои ин мутафаккир танҳо ба як соҳа асос наёфта, балки чандин илмҳоро фаро мегиранд. Масалан “Донишнома” аз бобҳои мантиқ, илоҳиёт, табииёт, ҳайат ва мусиқӣ таркиб ёфтааст, ки бо забони тоҷикӣ навишта шудааст. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисми осори адабии ӯро шеърҳо, ғазалҳо, қасидаҳо ташкил медиҳанд, ки ҷаҳониён ӯро ва миллати форсу тоҷикро шинохтаанд.
Бузургони хирад ва шеъру адаби тоҷик, чи классикон ва чи муосир дар мавзӯи забон, эҳтироми забон ва арҷгузорӣ ба он, поянда нигоҳ доштани он суханҳои шоистаю арзандаи бисёр гуфтаанд. Ба вижа, дар осори шоирони классик ин мавзуъ бештар ба назар мерасад. Масалан, Саъдии Шерозӣ беҳтарин шеърҳо дар ин мавзуъ гуфтааст:
Забон дар даҳон, эй хирадманд чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар аст!
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар?!
Ба ақидаи ин шоири баландфикрат, забон дар даҳони инсон ҳамчун калиди дари ганҷи ӯст ва ганҷ ҳунару истеъдоди инсон ва умуман худи инсон аст. Бо кушодани хазинаи ин ганҷ, яъне бо сухан кардани инсон дар ботини инсон чи қадар ганҷ будан аён мегардад. Вале, агар инсон ин хазинаи худро накушояд, яъне сухан нагӯяд, ганҷи дохили он ниҳон мемонад ва кас натавонад донист, ки дар дохили он ганҷ чи нуҳуфтааст.
Яке аз омилҳои асосии пойдорӣ ва устувории миллати шарафманди мо маҳз аз забони шево ва адабиёту фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод гардидааст. Миллати тоҷик дар арсаи шадиди муносибатҳои табақавию ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ байни қавму миллатҳои дигар маҳз тавассути ин сарват мавқеи устувор ёфт ва аз байн нарафт. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва аз байн рафтани фарҳангу миллатҳо махсусан забон сипаре ҳаст, ки миллату фарҳангро ҳифз менамояд. Имрӯзҳо дар замони соҳибистиқлолӣ забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон қарор дорад.
Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳусни таваҷҷуҳ нисбат ба забони модарӣ бениҳоят калон аст. Сарвари давлати тоҷикон дар яке аз маҷлиси тантанавии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон чунин изҳор намуданд: “Ман ҳамон қадар забони модариамро дӯст медорам, ки агар шабонарӯзӣ ҳам ҳарф занам, хаста намешавам”. Ин суханони муҳтарам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаъри қалб ва чунон самимӣ буд, ки иштирокчиён аз ҷой бархоста қарсаки давомнок заданд.
Аз ин рӯ, мо ҷавонон бояд забони модарии худро ва забонҳои хориҷиро хуб омӯхта, халқи тамаддунофари тоҷикро ба ҷаҳониён арзанда муаррифӣ намоем.
Шарифова С. сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъзазҳои исломӣ.