Ҳақиқати динро донистан хоҳед, ба таърихи он рӯ биёред!

Чун яке аз таҳқиқгарони масоили фалсафии дин, дунявият ва умуман, масоили мубрами рушди ҷомеа ин ҷониб ҳанӯз бар он ақидаи худ устуворам, ки ислом дини дунявист. Баҳри мутмаин гардонидани хонанда бар ҳақиқати ин андешаи худ ҳамеша талош менамоям, ки ҳар чӣ бештар далел дошта бошам. Зимни яке аз ҷустуҷӯъҳо ман бо мақолаи Зиёуддин Сардор, донишманди маъруфи бритониёвии покистонитабор зери унвони “Дар ҷустуҷӯи исломи дунявӣ” (Searching for secular islam. Сарчашма: http://newhumanist. org.uk/798/searching-for-secular-islam) дучор шудам.
Сардор ёдрас менамояд, ки дар 20-солагияш ба дунявият нафрат доштааст. Ӯ дар солҳои 70-уми қарни гузашта котиби кулли Иттиҳоди Ҷомеаҳои Исломии Донишҷӯён (FOSIS) будааст. Чун дигар аъзоёни FOSIS ба ӯ ташкилотҳои “Бародарони мусулмон”-и Миср ва “Ҷамоати исломии Покистон” сахт таъсир расонида будаанд. Тибқи эътирофи худи Сардор ташкилотҳои мазкур як рисолати одиро пайваста пайгирӣ мекардаанд: Ислом хуб аст, вале дунявият бад. Ҳамин тавр, иқрор мекунад Сардор, ӯ, чун дигар аъзоёни ҳаракати исломӣ, дар бораи дунявият ва ислом чун ду барзагови бадхашме, ки бо якдигар доимо дар ҳолати низоъ ҳастанд, андеша мерондааст.
Сардор дар идома таъкид менамояд, ки баъд аз он ки ӯ ба омӯзиши таърихи ислом пардохтааст, фаҳмидааст, ки вазъият на чуноне аст, ки онро муаррифӣ менамоянд. Дунявияте, ки Сардор бо он огоҳ гардидааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ислом бегона набудааст. Он дар таърихи ислом на танҳо ҷойгоҳи муҳим доштааст, балки дар ташаккули афкори классикии исломӣ нақши ҷузъи ҷудонашавандаро бозидааст.
Аз чунин андешаҳои хулосавии Зиёуддин Сардор чанд бардошти муҳим ҳосил мегардад:
1.Надоштани маълумоти дуруст ё доштани маълумоти сатҳӣ дар бораи дин, таърихи он, дунявият ҳамчун мафҳум ва ҳамчун принсипи зиндагӣ, қонунҳои рушди ҷомеа, ногузирии пешрафти ҷомеа, зарурати тағйири талаботу манфиат ва арзишҳои дунявии ҷомеа инсонро дар интихоби арзишҳо метавонанд ба гумроҳӣ баранд. Ин ҷо таҷрибаи Зиёуддин Сардор ба таври равшан собит менамояд, ки маҳз надоштани огоҳии комил аз падидаҳои мазкур ӯро зери таъсири ташкилотҳои ифротии гумроҳкунанда гузоштааст. Маҳз ба хотири дарёфти ҳақиқат доир ба дин ва раванду падидаҳои бо дин алоқаманд ӯ ба таърихи дин рӯ меорад ва аз он барои худ ҷавоби қаноаткунанда пайдо менамояд.
2.Ташкилотҳои ифротии зикршуда ва дигар ташкилоту ҳаракатҳои ба онҳо монанд ҳадафмандона мардумро нодуруст маълумот медодаанд. Яъне, онҳо воқеиятро на он тавре ки ҳаст, балки тибқи ҳадафҳои нопоки худ ва хоҷагони пасипардагияшон ба мардум муаррифӣ намуда, бо таҳрифи моҳияти дунявият ва ислом мардумро гумроҳ месохтаанд.
3.Таърих кашшофи воқеии асрори ҷомеа аст. Дар таърих ҳама чиз ҳақиқати худро меёбад. Ҳар он ҷизе, ки берун аз таърих аст, имкони таҳриф шудан дорад. Воқеияти таърихӣ бошад, бо далелҳои сершумори раднашаванда собит мегарданд. Пас, таърих сарчашмаест, ки метавон бидуни дудилагӣ ба он эътимод намуд. Ба таърих рӯ овардани шахсияти донишманд ва ташкилотчии маъруф бесабаб нест. Вай хостааст, ки пардаро аз таълимоти нодуруст ва пурасрори эҷодшуда бардорад. Чӣ хеле ки баъдан хоҳем дид, огоҳии дуруст аз таърих нигоҳи донишмандро пурра дигаргун намудааст. Пас, барои дуруст муайян намудани роҳи оянда бояд на таърихи сохташуда, балки ба таърихи воқеӣ рӯ овард ва аз он бардошти дуруст ҳосил намуд.
4.Дар муайян намудани таносуби дин, махсусан, дини ислом ва дунявият доштани маълумоти дуруст доир ба дунявият ҳатмист. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на танҳо мардуми одӣ, балки донишмандони дорои ҷаҳонбинии илмӣ ба сабаби маҳдудӣ ё яксамтии маълумот дар бораи дунявият на ҳамеша маълумоти сареҳ доранд. Маҳдудии мазкур онҳоро ба муқобилгузории дин ва дунявият меорад. Ҳам таърихи воқеии дини ислом ва ҳам воқеияти иҷтимоӣ-фарҳангии мусулмонон дар шароити имрӯза нодурустии мавқеи онҳоро бо далелҳои айёнӣ собит менамояд. Ҳангоме, ки як донишманд доир ба дунявият ва раванду падидаҳои дунявӣ маълумоти дақиқ надорад, пас, дар бораи мавқеъ ва нигоҳи мардуми оддӣ дар ин самт ҳоҷати гап ҳам нест. Аз ин рӯ, доштани маълумоти муътамад ва асоснок доир ба дунявият имкон медиҳад, ки таносуби ду падидаи мазкур, яъне ислому дунявият дуруст баҳогузорӣ карда шавад.
5.Ба ислом бегона набудани дунявият. Вақте Зиёуддин Сардор “дунявият ба ислом бегона нест” мегӯяд, манзури ӯ на исломи назариявии аз тарафи имомҳои мухталиф бо шаклу анвои гуногун эҷодшуда, балки исломи амалии дар таърихи ислом аллакай воқеиятдошта аст. Огоҳӣ бо исломи мазкур, яъне исломи воқеӣ Сардорро мутмаин сохтааст эътироф намояд, ки дунявият ба ислом бегона нест. Исломи назариявии аз тарафи имомҳои мухталиф бо фаҳмишу тафсирҳои субъективӣ орогардида эҳтимол аст, ки ягон вақт ба воқеият табдил меёбанд. Пас, барои маълумоти дуруст доир ба ислом бояд ба таърих рӯ оварду аз исломи воқеии аллакай дар ҳаёт татбиқшуда бардошти дуруст намуд.
6.Ҷузъи ҷудонашавандаи афкори классикии исломӣ будани дунявият. Агарчанде Зиёуддин Сардор андешаи мазкури худро шарҳ надодааст, лекин худи андешаи мазкур дорои аҳамияти бузурги методологӣ дар шинохти ислом маҳсуб меёбад. Ҳангоме болои андешаи мазкур тааққул намудем, пеши назари мо афкори кимиёшиносии Ҷобир ибни Ҳайён (721-815) бо устодонаш дар илми кимиё Имом Ҷаъфари Содиқ (700-765) ва шоҳзодаи умавиҳо Холид Ибни Язид (668-704), ки аввалин кимиёшинос дар олами ислом зикр мешавад, ҷилвагар гардид. Чун жарфтар болои андешаи баёнгардида тааммул менамоем, пеши назари мо ҳамчунин афкори дунёмеҳвари Ибн-ал-Ҳайсам бо асарҳои мумтозаш дар соҳаҳои математика, физика, механика ва оптика, андешаҳои ақлгароёнаи муътазилиҳо, таълимоти Ибни Сино доир ба тиб ва қадим будани олам, таълимоти Абубакри Розӣ доир ба тиб ва аз заррачаҳо тавлид шудани олам, ашъори ҳаётдӯстонаи Умари Хайём, афкори озодандешонаи Ҷалолуддини Балхӣ доир ба таносуби ҳувияти инсон ва Худо ва амсоли инҳо падид меоянд. Ин ҷо бояд махсус таъкид намуд, ки вақте дар ҳар доирае дар бораи дастоварди ислом сухан оғоз мегардад, дилхоҳ домулло на муллоҳои мутаассиби худ, балки номи бузургони ёдрасшударо ҳамчун маҳсули дини ислом қайд менамояд. Пас, вақте дар бораи ислом ҳамчун қутбнамои зиндагӣ сухан меронем, бояд самти фаъолияти чунин бузургони соҳаи илм, ки боиси сарбаландии тамоми мусулмонон буда, таълимоташон мавриди баҳрабардории тамоми аҳли башар мебошанд, ба сифати қутбнамо пазируфта шавад.
7. Бардошти охирини мо аз андешаи фавқуззикри Зиёуддин Сардор дар он ифода меёбад, ки вақте шахси дар муҳити бритонӣ ба воярасида то рӯоварияш ба таърих гумроҳ шудааст, дар хусуси гумроҳшавии мардуми одӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Яъне, таълиму тадриси анъанавии дин бидуни шак дар худ имкони тавлиди тасаввуроти нодурустро доир ба дин нуҳуфтаасту он ба ислоҳ ниёз дорад.
Хулоса, чуноне аз таҷрибаи амалии Зиёуддин Сардор бармеояд, баҳри ба даст овардани маълумоти дуруст доир ба дин ба таърихи он рӯ овардан аз манфиат холӣ нест. Маълумоти саҳеҳи таърихӣ доир ба дин ба шахс имкон медиҳад, ки раванду ҳодисаҳои таърихиро мавриди таҳлили муқоисавӣ қарор дода, ҳадафҳои пайгиришавандаро дарк намояд ва бад-ин васила дар зеҳни худ доир ба дин тасаввуроти илмиро ташаккул диҳад.
Муовини директори
Маркази исломшиносӣ
Абдухалилзода К.А.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх