16 – уми октябри соли 2026 дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзуи «Хатарҳои муосири терроризм ва экстремизм ба амнияти миллии Чумҳурии Тоҷикистон ва таҳлилу баррасии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” баргузор гардид.
Дар дарс Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар мавзуи “Хатарҳои муосири терроризм ва экстремизм ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлилу баррасии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуд.
Дар фарҷом байни ҳайати шахсии ҚС КДАМ табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ