Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар ҳошияи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳал” бо иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба соҳаи идеологӣ, мудирону мутахассисони пешбари танзими анъана ва ҷашну маросим, ташкилотҳои ҷамъиятии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони дини шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар баргузор гардид.
Конференсияро Абдусаломзода Анзурат Абдусалом – муовини раиси вилояти Хатлон кушода ҳозиринро ҷиҳати ташрифашон хайрамақдам намуд.
Дар конференсия Котиби илмии Маркази исломшиносӣ Марамбеков Маҳрамбек дар мавзуи “Таҷрибаи муқовимат бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон, Шарифзода Саидҳомид Сафар – сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ва Абдулохонов Файзали Маҳмудович – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Заминаҳои ҳуқуқии пешгирии ифротгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъ ва паёмадҳо” суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом байни иштирокдорони конференсия табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ