Мулоқоти судманд бо сокинони шаҳри Турсунзода

13-уми марти соли равон дар шаҳри Турсунзода мулоқот бо мудиру сармутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳотӣ, фаъолони ҷомеа, имомхатибони масҷидҳои марказӣ, ҷомеи имомони панҷвақтаи шаҳри Турсунзода, дар мавзӯи “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2024 баён доштанд, баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро Остоназода Саидамин Ҳазрат, муовини раиси ноҳияи шаҳри Турсунзода, оғоз намуда, меҳмононро муаррифӣ намуд.

Сипас, Холиқзода Абдураҳим Ғафор – Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2024 баён намуд ва масъалаҳои муҳимми тарбияи ҳуқуқию ахлоқӣ ва маънавии шаҳрвандон баромад намуд. Дар идомаи баромади хеш, Абдураҳим Холиқзода қайд намуд, ки имрӯз мо бо шукӯҳ ва сарфарозӣ аз сулҳ ва амнияти кишвар шукр мекунем, бештари эътиборро ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва мубориза ҷиҳати пешгирӣ аз зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таасубу хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшем, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ даъват намоем.

Ҳамзамон, Назариён Мансур Ниёзӣ – сармутахассиси раёсати ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи “Пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ” баромад намуд.

Дар охири чорабинӣ бо аҳли нишаст сӯҳбати озод гузаронида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх