Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ


18-уми марти соли 2025 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки А. Холиқзода – Директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парвиз Дамдорзода – намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматулло Давлатзода – муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ, бо сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши кор бо занону ҷавонон, собиқадорон, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин ва аҳолӣ, вохӯрӣ доир гардид.

Вохӯриро бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳия Неъматулло Давлатзода оғоз гардид. Муовини раиси ноҳия меҳмононро хайрамақдам гуфта, мавзӯи вохӯриро ба ҳозирин шарҳ дод.

Сипас, Парвиз Дамдорзода – намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯҳои “Муҳтавои Паёми Пешвои миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила”, баромад намуд.

Дар идома, Холиқзода Абдураҳим – Директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аввал ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуд, сипас дар бораи хатарнокии терроризму экстремизм, мазмуну муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар бораи додани фитри рӯза ба ятимону ниёзмандон, маъюбон, паст кардани нарху наво дар бозорҳои ноҳия дар арафаи иди Фитр ба иштирокдорон маънидод намуд.

Қайд карда шуд, ки ҳар нафаре, ки аз оромиву сарсабзии ин сарзамин, амнияту сулҳ, ваҳдату ягонагӣ ношукрӣ дорад, инсони комил буда наметавонад. Донистани фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, ҳифзу гиромӣ доштани онҳо, муттаҳид будан, шукргузорӣ кардан аз миллату давлати обод, рисолати ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон бояд фирефтаи дасисаҳои ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нашаванд ва дар фазои сулҳу субот зиндагиву фаъолият кунанд.

Чорабинӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, иштирокдорон аз рафти баргузории он қаноатманд гардиданд.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх