Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷуҳ намудан лозим аст, ин аст, ки оё мактаби ислом мақоми зан ва мардро баробар медонад? Аз дидгоҳи ислом манзалати зан ва мард ба унвони як «инсон» дар пешгоҳи Худованд баробар аст. Барои тасдиқи ин фикр ба нахустин ояти сураи «Нисо» ишора мекунем: «Эй мардум! Аз Парвардигоратон бипарҳезед! Ҳамоне ки шуморо аз як нафси воҳида (яъне, аз як ҷон) офарид ва ҷуфти онро аз ҳамон (нафси воҳида) халқ кард. Ва аз он ду мардон ва занони фаровоне мунташир сохт…» [4, 4:1].
Тавре ки аз мазмуни ояти зикршуда ҳувайдост, маншаи пайдоиши инсон, ҳам мард ва ҳам зан, ҳақиқате ба унвони «нафси воҳида», ки ҳамон «рӯҳи қудсӣ» мебошад, дониста шуда, ҳеҷ тафовут ё фарқияте миёни мард ва зан ба унвони як инсон вуҷуд надорад. Бинобар ин, рӯҳи мард ва зан дар пешгоҳи Худованд аз манзалати яксон ё баробар бархурдор ҳастанд ва баробарии онҳо дар мақоми хилқат ё ин ки аз ҷиҳати маншаи пайдоиш мавриди таъкиди Қуръон қарор дорад. Нуқтаи муҳиме, ки ин ҷо тавзеҳ додани онро ҷоиз мешуморем, ин аст, ки тафовутҳои ҷисмонии зан ва мард танҳо ба хотири ин аст, ки занҳо ва мардҳо мукаммали якдигар ҳастанд ва бар ин асос ҳар як аз онон дорои камолоти хоси худ мебошанд, вале дар инсоният ва камолоти инсонӣ бо ҳам баробаранд. Бинобар ин тафовутҳои ҷисмонии миёни мард ва зан далеле барои бартарии якеи онҳо бар дигаре аз онҳо нест.
Масъалаи дигари мавриди таваҷҷуҳ дар таълимоти ислом мавзуи баробарии ҳамаи инсонҳо дар пешгоҳи Худо мебошад. Худованд дар Қуръон ҳамаи мардон ва занонро ба унвони «инсон» мухотаб қарор дода, мефармояд: “Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед! Ҳаройина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст; Худо Донои Хабардор аст” [4, 49:13]. Бар асоси ин ояти шарифа, ҳамаи инсонҳо, чӣ мард бошанд ва чӣ зан, чӣ сиёҳ бошанд ва чӣ сафед, дар назди Худованд баробар ҳастанд. Танҳо меъёре, ки муҷиби бартарӣ ва афзалии мақоми як инсон нисбат бар дигар инсон дар пешгоҳи Худованд мегардад, порсоӣ ва парҳезкорӣ мебошад.
Ин ҷо саволе бармеояд: чаро Қуръон мардонро ба унвони «қаввомун» номидааст? Оё ин унвони мардон далели бартарии онҳо бар занон нест? Ба манзури посух ба ин пурсишҳо, матни оятеро меорем, ки дар он мардон «қаввомун» тавсиф шудаанд ва тарҷумаю шарҳи он оятро аз назари таҳлил гузаронидан мумкин аст. Худованд мефармояд: “Мардон – ба сабаби он ки Худо баъзе одамиёнро бар баъзе бартарӣ додааст; ва ба сабаби он ки аз амволашон харҷ карданд, бар занон корсози тасаллутёфта шудаанд. Пас, занони некӯкор фармонбардоранд ва дар ғайбат (-и шавҳар) нигоҳдорандаи чизеанд, ки Худо онро нигоҳ доштааст” [4, 4:33].
Барои тавзеҳи мафҳуми воқии ин оят, ба маънои луғавии калимаи «қаввомун» таваҷҷӯҳ намуданро лозим медонем. Маънои калимаи арабии «қаввом» чунин аст: касе, ки татбиқ ё пойдории амре бар ӯ эътимод карда мешавад. Дар луғатҳои тафсирии забони арабӣ маънои калимаи «қаввом»-ро «ал-мутакаффил би-л-амр» (дар коре тасаллутдошта) навиштаанд. Яъне, ал-мутакаффил би-л-амр – касест, ки масъул ё ӯҳдарои коре мебошад. Аз сабаби он, ки вазифаи таъмини маош ва пуштибонии моддиву молии хонавода, аз назари ислом, бар уҳдаи мардон мебошад, Худованд дар ин ояти шарифа аз Қуръон мардонро ба унвони пуштибонҳои занон, ки масъулияти таъмини хазинаи зиндагии аъзои хонаводаро ба уҳда доранд, муаррифӣ кардааст. Бинобар ин, ояти мазкур ба маънои фазилат ва бартарӣ додан ба мардон дар муқобили занон нест, балки баёни як вазифаро барои мардон дар баробари хонавода дар бар дорад. Пас аз исботи баробарии мақом ва манзалати мард ва зан дар пешгоҳи Худованд аз дидгоҳи дини мубини ислом, зарур аст, ба саволҳои дигаре, ки дар ин замина матраҳ мешаванд, монанди масъалати мероси зан ва мард, муқаррароти издивоҷ, теъдоди ҳамсарон, ҳаққи талоқ ва амсоли он аз дидгоҳҳои таълимоти Қуръон ва аҳодиси набавӣ посух дода шавад.
Ниҳоят, барои дарки дурусти назари мунсифона ва эҳтиромонаи ислом ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои занон, саҳми зан ва мард аз меросро ба ҳайси намуна дар асоси баъзе санадҳои ҳуқуқи исломӣ муқоиса кардан бамаврид мебошад. Ҳуқуқи мерос дар ислом маҷмӯае аз қонунҳо ва муқарраротеро дар бар мегирад, ки муҳаққиқ бидуни шиносоии амиқ бо онҳо, дар бораи моҳият ва мазмуни ҳуқуқи мероси исломӣ ба таври саҳеҳ қазоват карда наметавонад. Таҳлили амиқи масъалаи ирс дар санадҳои гуногуни ҳуқуқи исломӣ нишон медиҳад, ки воқеан ҳам, дар бархе санадҳои ҳуқуқи исломӣ саҳми мард ду баробари зан мебошад, вале дар баъзе санадҳои дигар саҳми зан чанд баробари мард будааст. Инчунин санадҳое низ вуҷуд доранд, ки дар онҳо саҳми баробари мард ва зан дар мерос эълом шудааст. Паёмбари ислом замоне ба танзими масъалаи мерос ва таъмини шароити ҳуқуқӣ ҷиҳати ноил шудани занон ба ҳуқуқи мерос камари ҳиммат баст, ки мардуми нимҷазираи Арабистон ҳуқуқи занон ба меросро ба расмият намешинохтанд. Ҳатто занон дар бисёр сарзаминҳои дигар, ба монанди Эрон дар замони ҳукмронии Сосониён, аз мерос маҳрум буданд. Олими маъруфи эронӣ Саид Нафисӣ дар китоби «Таърихи иҷтимоии Эрон» дар ин хусус менависад: «Духтаре ки шавҳар мекард, дигар аз падар ё кафили худ ирс намебурд ва дар интихоби шавҳар ҳеҷ гуна ҳаққе барои ӯ қоил набуданд» [5, 65]. Акнун барои тавзеҳи бештари низоми мерос дар ҳуқуқи исломӣ, баъзе ҷанбаҳои ин низомро аз назари таҳлил мегузаронем.
Бояд эътироф намуд, ки низоми мероси исломӣ низоми табақотии «хешовандмеҳвар» мебошад. Бар асоси қонунҳо ва муқаррароти меросӣ дар шариати исломӣ касоне, ки ба воситаи хешовандӣ мерос мебаранд, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд.
Гурӯҳи якум – падар, модар ва фарзандони майит мебошанд ва дар сурати набудани фарзандон – наберагон, дар сурати надоштани фарзанд ё набера – аберагон ва бо ҳамин усул ҳарчи шаҷараи хешовандии майит дарозтар бошад, ҳамон аз авлодаш ҳуқуқи меросро ноил мешавад, ки бо ӯ наздиктар аст. Баъд аз падару модар ва авлоди майит, ягона шахсе, ки ҳуқуқи меросро соҳиб мешавад, ҳамсари майит мебошад, он ҳам агар шарту талаботи дар санадҳои шаръӣ таъйиншударо риоя карда бошад.
Гурӯҳи дуюм – падаркалонҳо (бобою момои падарӣ) ва модарбузургҳо (бобою момои модарӣ) ва бародарону хоҳарони майит, дар сурати набудани хоҳару бародар – авлоди онҳо – мебошанд.
Гурӯҳи сеюм – аммаю амак ва тағою холаи майит, дар сурати набудани онҳо – авлоди онҳо мебошанд.
Мероси гурӯҳи якум. Барои дарки мақом ва манзалати зан дар бархӯрдорӣ аз ҳуқуқи мерос дар мавриде, ки шомили гурӯҳи якуми хешовандони майит мебошад, чанд меъёри фиқҳии танзимкунандаи масъалаи меросбариро мухтасар аз назари таҳқиқ мегузаронем.
Тибқи яке аз чунин меъёрҳо, агар вориси майит фақат як нафар аз гурӯҳи аввал, масалан, як духтар ва ё як писар бошад, тамоми моли майит ба ӯ мерасад. Агар меросбарон чанд духтар ё чанд писар бошанд, меросро ба наҳве тақсим мекунанд, ки ба ҳар писар ду саҳм ва ба ҳар духтар як саҳм бирасад. Тибқи ин меъёри тақсими мерос дар ҳақиқат саҳми мард ду баробари саҳми зан мебошад.
Аммо тибқи меъёри дигари тақсими мерос ба гурӯҳи якуми хешовандони майит, агар вориси майит фақат падару модар ва як духтари майит бошанд, дар чунин сурат аввал меросро ба шаш ҳиссаи қиматашон баробар тақсим мекунанд, сипас падару модари майит ҳар кадом яктоӣ аз он шаш ҳисса ва духтар се ҳисса мегиранд. Тибқи ин меъёр саҳми як зан яъне духтари майит се баробари саҳми як мард, яъне падари майит мебошад. Ҳамчунин дар ҳолати зикршуда саҳми модари майит бо саҳми падари ӯ баробар мебошад.
Мутобиқи боз як меъёри дигари тақсими мерос ба хешовандони гурӯҳи якум, агар вориси мерос фақат як падар ва як духтар ва ё як модар ва як духтар бошанд, молро чор қисмат мекунанд, як қисматро падар ё модар, се қисматро духтар мебаранд. Дар ин ҳолат низ саҳми як зан (духтари майит) се баробари саҳми як мард (падари майит) аст.
Мероси гурӯҳи дуюм. Тибқи яке меъёрҳои тақсими мерос ба хешовандони гурӯҳи дуюм, агар вориси майит фақат як бародар ва ё як хоҳари майит бошад, ҳамаи мол ба ӯ мерасад, агар чанд бародар ё чанд хоҳар бошанд, ҳамаи мол байни онҳо баробар тақсим карда мешавад, аммо агар як бародар ва як хоҳар бошанд, саҳми бародар ду баробари саҳми хоҳар мешавад. Тибқи ин меъёр саҳми мард ду баробари саҳми зан мебошад. Дар меъёри дигари тақсими мерос ба хешовандони гурӯҳи дуюм гуфта мешавад, ки агар ворис фақат як хоҳар ва ё як бародари модарӣ бошад, ки аз падар бо майит ҷудост, тамоми мол ба ӯ мерасад, ва агар як бародари модарӣ, ё чанд хоҳари модарӣ, ё чанд бародару хоҳари модарӣ бошанд, дар ҳар сурат мол ба таври баробар дар байни онҳо тақсим карда мешавад. Дар ин меъёр саҳми занон (хоҳарон) бо саҳми мардон (бародарон) баробар аст.
Мероси гурӯҳи сеюм (амаку амма ва тағою холаи майит ва авлоди онҳо). Мутобиқи як меъёри тақсими мерос ба ин гурӯҳи хешовандони майит, агар ворис фақат як амак ё як амма бошад, тамоми мол ба ӯ мерасад, аммо, агар чанд амак ва чанд амма бошанд, ҳар кадоми амакҳо ду баробари ҳар кадоми аммаҳо мерос мебарад. Ин меъёр саҳми мардро ду баробари саҳми зан муқаррар кардааст.
Тибқи меъёри дигари марбут ба ин гурӯҳ, агар вориси майит фақат як тағо ё як амма бошад, тамоми молро мебарад, аммо агар ҳам тағо ва ҳам хола бошанд, мол ба онҳо баробар тақсим карда мешавад. Дар ин меъёр зан (холаи майит) ва мард (тағои майит) саҳми баробар доранд. Тибқи меъёри сеюми тақсими мерос ба ин гурӯҳи хешовандони майит, агар вориси майит як амма ва як тағои ӯ бошанд, дар он сурат молро се тақсим мекунанд, як қисмро ба тағо ва ду қисмро ба амма медиҳанд. Дар ин ҳисса сеяк зан (амма) ду баробари саҳми як мард (тағо) мебошад. Бо ҳамин асос метавон гуфт, ки андешаи бархе муҳаққиқон дар бораи ду баробар будани саҳми мероси мардон нисбат ба саҳми мероси занон дар ҳамаи ҳолатҳо, комилан нодуруст ва натиҷаи ноогоҳии онҳо аз мӯҳтавои низоми ҳуқуқи мерос дар ислом мебошад. Балки, чӣ тавре дар боло мушоҳида кардем, дар бархе ҳолатҳо саҳми зан ду баробар ё се баробари саҳми мард аст, дар баъзе ҳолатҳо – саҳми мард ду баробари саҳми зан аст, дар ҳолатҳои дигар бошад, ҳам зан ва ҳам мард саҳми баробар доранд. Аз ин рӯ, авлавият дар низоми ҳуқуқии тақсими мерос, бар асоси ҷинсият ва мард ё зан будани меросбарон нест, балки тобеи меъёрҳои дигари танзимкунандаи умури хешовандӣ мебошад, ки бар асоси он, гоҳе саҳми занон бештар аст, ва гоҳе саҳми мардон ва дар бархе аз ҳолатҳо ҳар ду саҳми баробар доранд.
Ҳамин тавр, чуноне ки маълум мегардад, аксарияти тасаввурот ва ақоиди чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони муосир маъмули маҳдудкунандаи мақом ва манзалати ҳуқуқию иҷтимоии занон, аз ҷумла муносибати ҳавобаландона, назарногирона ва дағалонаи як қисми мусулмонон бо ҳамсарон ва духтарони хеш ва умуман бо занон тибқи таълимоти Қуръон ё аҳодиси набавӣ нестанд, балки бештар натиҷаи таъсири фарҳангу тамаддунҳо ва дину ойинҳои тоисломӣ мебошанд. Бинобар ҳамин, таҳқиқ ва бознигарии дидгоҳи исломӣ дар бораи мақоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои занон бояд ҳамчун як масъалаи мубрами таҳқиқотии фарҳанги муосири тоҷик эътироф ва пайгирӣ карда шавад.
АДАБИЁТ:
Бундаҳишн / Тасҳеҳ ва таҳрири Меҳрдод Баҳор. Теҳрон, 1375ҳ.
Муртазо Соқибфар. Шоҳаншоҳии Сосонӣ. Теҳрон, 1365 ҳ.
Библия. Книги Священного Писания Ветхого и Нового Завета, канонические, в русском переводе с параллельными местами и приложениями. М.: Российское Библейское Общество, 1994.
Қуръони карим / Матни асл ва тарҷумаи маъноҳои он ба забони тоҷикӣ. Душанбе, “Эр-граф”, 2011.
Муртазо Соқибфар. Шоҳаншоҳии Сосонӣ. Теҳрон, 1365ҳ.
Саид Нафисӣ. Таърихи иҷтимоии Эрон. Теҳрон: «Амири Кабир», 1375ҳ.
Саҳеҳ ал-Бухорӣ. Риёз: «Доруссалом», 2000.
Орлов Е.Н., Платон / Сократ; Платон; Аристотель; Бруно: биографические очерки (переиздание биографической библиотеки Ф.Ф. Павленкова). СПб.: ЛИО Редактор, 1995.
Наҷотзода М. – сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи исломӣ