МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ “МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ” БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

16-уми апрели соли 2025 Директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Абдураҳим Холиқзода, дар ҳузури намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ Икромов Манучеҳр ва намояндагони Марказ, сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфт.

Дар раванди мулоқот, ки дар фазои озод, дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз муносибати имрӯзаи миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва зикр карданд, ки дар натиҷаи муносибаи дӯстонаи ду кишвар муносибатҳои судманд мунтазам рушд ёфта, заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду кишвари бо ҳам дӯст, дар минбаъда низ таҳким меёбанд.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

 

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх