Озодии ақида, виҷдон ва дин дар ду сатҳ кафолат дода шудааст. Якум, дар сатҳи байналмилалӣ, дар санадҳои ҳуқуқии меъёрии байналмилалӣ. Дуюм, дар сатҳи дохилидавлатӣ (миллӣ), дар қонунгузориҳои давлатҳои алоҳида, яъне дар қонунгузориҳои миллӣ.
Озодии ақида, виҷдон ва дин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатнок гардида, танзими ҳуқуқии худро ёфтааст.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии ақида, виҷдон ва дин чунин аст:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 6.11.1994 с.);
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз 26.03.2009 с.);
3. Дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба озодии ақида, виҷдон ва дин ба танзим дароварда, кафолатнок намудаанд;
4. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро оид ба озодии ақида, виҷдон ва дин эътироф кардааст;
5. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ оид ба озодии ақида, виҷдон ва дин.
Дар моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии ақида, виҷдон ва дин чунин кафолатнок гардидааст: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд» [3, с. 8].
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни алоҳидае қабул карда шудааст, ки ба ҳар як инсон ва шаҳрванд озодии ақида, виҷдон ва динро кафолат дода, масъалаҳое, ки дар ҷамъият вобаста ба озодии ақида, виҷдон ва эътиқоди динӣ бавуҷуд меоянд, ба танзим медарорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009, № 489 қабул карда шуда, то имрӯз ба он ду маротиба – бо Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 с., № 739 ва бо Қонуни ҶТ аз 02.01.2018, № 1497 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз 26.03.2009 с., № 489) аз муқаддима, 8 боб ва 36 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба танзим дароварда, ба ҳар як инсон ва шаҳрванд озодии виҷдон ва эътиқоди диниро кафолат медиҳад [4].
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қонунҳое низ қабул карда шудаанд, ки озодии ақида, виҷдон ва динро кафолат додаанд.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31.12.2008 с. қабул карда шудааст, аз 01.04.2009 с. мавриди амал қарор дода шудааст) дар моддаи 86-и худ ҳуқуқ ба озодии эътиқоди диниро кафолат дода, чунин муқаррар намудааст: «1. Барои монеъ шудан ба амалӣ намудани ҳуқуқ ба озодии эътиқоди динӣ, аз ҷумла қабул намудани дин ва ё ақидаҳои динӣ ё дигар ақидаҳо ё рад намудани қабули онҳо, аъзо шудан ба иттиҳодияҳои динӣ ё баромадан аз узвияти онҳо, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051). 2. Барои таҳқири ҳиссиёти динии шаҳрвандон ё хароб намудани ашё, нишона ва аломатҳои рамзӣ, ки мутобиқи эътиқоди онҳо мавриди парастиш мебошанд ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051), ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051) [2].
Моддаи 157-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21.05.1998 с. қабул карда шудааст, аз 01.09.1998 с. мавриди амал қарор дода шудааст) монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияи динӣ ном дошта, чунин муқаррар кардааст: «Монеъ шудан ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки ба қонун зид намебошанд ё ба амали ба ҷо овардани маросимҳои динӣ, агар онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд ва ба ҳукуқи шаҳрвандон таҷовуз нанамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1472), бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422)» [1, с. 105].
Ҳамин тариқ, озодии ақида, виҷдон ва дин яке аз ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон ва шаҳрванд буда, дар қонунгузории миллӣ кафолат дода шудааст. Давлат озодии ақида, виҷдон ва динро эътироф, риоя ва ҳифз намуда, тамоми тадбирҳоро дар самти таъмини озодии ақида, виҷдон ва дин андешида истодааст.
Адабиёти истифодашуда:
1. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: КВД «Қонуният»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар матбааи «Истиқлол-2019» чоп шудааст, 2024. – 320 с.
2. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 455 // Сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – https://mmk.tj
3. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе, 2016. – 64 с.
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009, № 489 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 82; с. 2011, №6, мод. 450; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1497.
Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири
муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии
факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон