Андешаҳои Абумансури Мотуридӣ дар мавриди далели ҳадаси аъён
Шайх Абумансур (раҳ.) гуфт: Далел бар ҳадаси аъён шаҳодати се ваҷҳе, ест, ки мо аз онҳо ба ҳайси роҳҳои донистани ашё ёд кардем. Аммо хабар ҳамоне аст, ки аз Худои Бузург собит шуда, ба ваҷҳе ки башар аз [овардани] далеле монанди он барои касе оҷиз бошад. Ҳамоно,Ӯ хабар дода, ки Ӯ «Офаринандаи ҳар чиз аст» [Зумар, 62] ва «Офаринандаи осмонҳову замин аст» [Бақара, 117; Анъом, 101] ва ин ки мар Ӯрост подшоҳии ҳар он чи дар онҳост. Мо ногузирии ба хабар муътақид шуданро баён карда будем. Касе аз зиндагон барои худ иддиои қидам накарда ё ба маъное, ки ба қидами ӯ далолат намояд, ишора накардааст, балки агар гуфта ҳам бошад, пас худ ногузир дурӯғ буданашро донистааст. Ҳамчунин ҳар касе, ки ба зеҳнаш расид, бо он ки ӯро дар хурдӣ дида бошад, аз оғозаш низ ёд карда шавад. Аз ин рӯ, қавл ба ҳадаси зиндагон лозим меояд. Чун мурдагон зери тадбири зиндагон қарор доранд, пас онҳоро ба ҳадас ҳаққи бештар бошад. Ва тавфиқдиҳанда Худост.
Илми ҳис он аст, ки ҳар айне аз аъён иҳоташуда ба зарурати бунёдёфта бар ниёз эҳсос шавад. Ва қидам шарти ғино бувад, зеро бо қадим буданаш аз ғайри худ бениёз аст, дар ҳоле ки зарурат ва ҳоҷат ба ғайри худ ниёз доранд, аз ин рӯ, ҳадаси онҳо лозим меояд. Ҳамчунин ҳар чизе, ки аз оғози ҳолаш огоҳ набошад, аз ислоҳи он чи аз ӯ фосид шавад, оҷиз меояд, дар ҳоле, ки ӯ мавсуф ба камол дар қувват ва илм бошад, агар зинда бувад. Вале агар мурда бошад, ҳукми зинда ба вай ҷорӣ шавад. Ба субут расида, ки ҳеч кадоми ин ду набошад, магар ба ғайраш. Чун ғайр собит шуд, ҳадас лозим ояд, чаро ки қидам кавнро барои ғайраш манъ мекунад.
Ҳамчунин ҳар маҳсусе аз иҷтимоъи табиатҳои мухталифа ва зидди ҳамдигар, ки худ ба худ танофур ва табоъуд доранд, холӣ набошад ва иҷтимоъи онҳо бо ғайрашон собит шудааст. Пас, дар ин ҳадаси он бувад. Ва тавфиқдиҳанда Худост.
Ҳамчунин ҷаҳонро бахшҳо ва пораҳо бошад ва бештари пораҳояш аз он огоҳ созанд, ки ҷаҳон пайдо шуда пас аз он ки набуда. Ва [аз ин] намои он ва бузургии он низ огоҳ созанд. Пас, ин дар ҳамаи он лозим ояд, чунки иҷтимоъи бахшҳои мутаноҳӣ номутаноҳӣ нашавад.
Ҳамчунин аз он пок ва палид, хурд ва бузург, зебо ва зишт, нур ва зулмат аст, ки ин худ нишонаҳои тағйир ва завол бувад. Ва дар тағйир ва завол фано ва ҳалок бошад, зеро маълум аст, ки иҷтимоъ таъкид мекунад, қавӣ мегардонад, бузург месозад ва далелаш нашар ва ин аст, ки агар аз ҳам ҷудо шаванд, он ботил гардад. Пас, собит шуд, ки ин нишонаи фано аст. Ва он чиро эҳтимоли фано бошад, буданаш ба худии хеш раво набувад.
Ҳамчунин эҳтимоли ибтидо лозим меояд. Сухани касеро, ки гӯяд: «Аз дидаҳо ғоиб шавад, вале фонӣ нагардад», маъное набошад, чунки ҷаҳон бо дида дониста шавад, на бо далоил. Ва бо ин [сухан] иддиои қидам карда шавад. Ин бо он чи мо аз сустии он баён кардем, зоил гардад. Миёни зиндагие, ки фано ёбад ва зоти он фарқе вуҷуд надорад. Ва ҳеч тавоноие нест, магар ба Худо.
Роҳи илми истидлол ҳам бар ҳамин бувад. Бо он ки ҷисм аз ҳаракат ва сукун ҷудонопазир бувад ва ин дуро иҷтимоъ набошад, аз ҷумлаи вақтҳояш нисфи ҳаракат ва нисфи сукун сипарӣ шавад ва ҳар он чиро, ки нисф аст, поёнпазир бошад. Азбаски ин ду дар қидам ба ҳам наоянд, ҳадаси яке аз ду ваҷҳ лозим гардад ва бинобар бутлони дар азал муҳдас будани он дар [ваҷҳи] дигар лозим гардад. Ва дар ин ногузир ҳадас бошад.
Ҳамчунин ҳар ҷисме аз сукуни доим ва ё аз ҳаракати доим ҷудо набошад ё ин ду ва он чи аз ин ду бар он аст ва бо он анҷомад, мусаххари он ва баҳри манфиатҳои ғайраш бошад. Ва агар ин васфи ҷавҳарҳои ҷаҳон бошад, ки мар онҳоро сифати ҳаёт набошад, пас собит гардад, ки онҳо муҳдасанд, зеро на ҳамчун оне бошанд, ки ба худии худ бувад, балки зери тасхиру тазлил ва истифода дар ниёзҳои дигаре бошанд. Ва чун ин дар асли ҷавҳарҳо ва зиндагоне собит шавад, ки дар он қарор доранду мо ба он иқрор мекунем ва аз он сӯд ба даст меорем ва онҳоро, ки бар ниёзҳову сӯдҳо сиришта шудаанд, ба ин ҳаққи бештар бошад. Ва тавфиқдиҳанда Худост.
Далели дигар, ҷаҳон холӣ аз он нест, ки қадим бошад, бинобар он аҳволе, ки мар онрост аз иҷтимоъ ва тафарруқ, ҳаракат ва сукун, нопок ва пок, хуб ва зишт, бешӣ ва камӣ. Ва ин ҳама ҳаводис ба ҳис ва ақланд, чунки иҷтимоъи ду зид раво набошад. Пас таоқуб собит шавад, ки дар он ҳадас бошад. Ва ҳамаи ҳаводис зери кавн бошанд, баъди он ки набошанд. Ҳамчунин аст он чи ки аз он ҷудо набошад ва аз он пешӣ нагирифта бошад, ё иншое аз асли на бо ин сифат бошад, ё ба сӯи вай интиқол карда бошад, бинобар эътирози вай дар ин. Пас агар чунин бошад, собит шавад, ки ин ҷаҳон ҳодис аст ва қавли касе, ки ҳудусро инкор намояд, ботил гардад. Вале агар на чунин бошад ва агар аввал муншӣ барои он бошад, пас ин қавли мост, ки ӯ Борӣ аст, аммо ӯро «ҳаюло» хондаанд. Вале агар ин бар интиқол ба сӯи ӯ бошад, пас аввалӣ рафтаву ин дигаре гашта бошад. Ва ин муҳдас бувад, чунки вай дигар он аввал набошад. Ва аввал муҳдас аст, чунки он ҳангоми интиқол ба дуввумӣ ҳалок шуд, бо он ки чизе аз чизе набошад, то ин ки дар он зиндонӣ бошад ва сипас зоҳир шавад, ё дар он муҳдас бошаду сипас зода шавад ва берун ояд, ё аввалӣ талаф шаваду дуввумӣ ҳаст шавад. Пас, аввалӣ ҳамчун фарзанд ва чизи ниҳода дар ованд бошад. Ва муҳол бувад ҳастшавии азъофи чизе, ки дар он аст, дар чизе, ки вай дар он аст. Аз ин рӯ, қавл ба ҳастшавии инсон аз нутфа ва дарахт дар дона ботил гардад. Ҳамчунин аст ҳар он ки қоил ба бурузи билқувва аст, бо он ки дар ин иҷоби ҳадаси зоташ бошад, чаро ки қувват бар он дигареро бувад, чун вай билфеъл ба вуҷуд омад, на билқувва, ё аввал талаф ёбад, чун нутфа , сипас нафас ва монанди он ва аввалӣ ҳалоккунанда гардад, то нишоне аз он барҷой намонад ва дуввумӣ ҳодис шуда, ҳатто аз аввал дар он асаре намонад. Ва дар ин ҳадаси аввал ва дуввум бошад.
Ва агар гӯяндае бигӯяд: Агар назди шумо бақои аъён, бо он ки боқӣ намонад, дар охират раво аст, пас чаро қидами он, бо он ки пешӣ нагирад, раво набошад?
Гуфта шавад: Бинобар чандин ваҷҳ. Яке аз онҳо бинобар таноқуз бувад, чаро ки маънои ҳадас ҳастӣ пас аз нестӣ бошад, аммо қавл ба қидам дар он инро нақз намояд. Ва маънои бақо ҳастӣ дар вақти мустаънаф аст, хоҳ бо он дигаре бошад, хоҳ набошад. Аз ин рӯ, ин ду бо ҳам ихтилоф доранд. Дигар ин ки қавл ба бақо, ки ман аз он ёд кардам, самъӣ бошад. Агар ту дар ин бо мо розӣ шуда ва қонеъ гашта бошӣ, пас, аз донише, ки ҳосил кардем, ҳадаси аъён воҷиб ояд. Вале агар розӣ нашавӣ ва қонеъ нагашта бошӣ, пас, далелу бурҳони ба самъӣ [овардаи] ту бар инкори он ботил гардад. Ва Худо Мададгор бувад.
Ҳамчунин агар шайъ ҷуз ба дигаре, ки аз он пешӣ гирифта, набошад, – ва ин шарти ҳар дигаре бошад – пас, ҳастии ҳамагон ботил гардад, вале амри бақо чунин набошад. Магар набинӣ, ки яке ба дигаре бигӯяд: То чизи дигаре нахӯрӣ, чизе нахӯр! Ҳамин тавр дар ҳар чизи дигар ҳамин шарт гузошта шавад. Пас, ӯ ҳеч гоҳ чизе нахӯрад. Вале агар бигӯяд: Ҳар гоҳ луқмае хӯрдӣ, сипаси он луқмае дигар бихӯр! Дар он сурат ӯ ҳамеша дар [ҳоли] хӯрдан бошад. Пас, мисли ин аввал бувад. Ҳамчунон аст амри дучандон шудани ҳисоб. Агар барои вай ибтидое, ки аз он оғоз карда шавад, муқаррар нагардад, ба вуҷуд омадани чизе аз он, албатта, раво набошад. Ва чун оғозро ҳосил кард, пас, равост, ки дар он дар ҳоли афзуншавӣ боқӣ бимонад. Сипас пайваста афзоиш ёбад. Ва ҳеч тавоноие нест, магар ба Худо.
Ҳарчанд дар ҳар адад аввали он ёд карда шавад, зеро маҳз ба василаи он ба ин [ҳад] расидааст, вале ниҳояти он ёд карда нашавад, аз ин рӯ, ин ду бо ҳам ихтилоф доранд.
Ҳамчунин агар мо тасаввур намоем, ки ҷисме набошад ва вуҷуди аразе қабл аз арази дигар раво бошад, вуҷуди чизе аз он раво набувад, чаро ки барои он аввалияте ва оғозе қарор дода нашуда бошад. Ва вуҷуди абадан беинтиҳо раво бувад. Ва мисли он чизест, ки аъроз аз он ҷудо набошад. Ва тавфиқдиҳанда Худост.
Ҳамчунин ҳар ҳаракат ё иҷтимоъ, ки ба он ишора намоем, ниҳояти чизи гузашта аз ҳамон навъ бошад. Пас, вуҷуди фарҷоми гузашта бе оғози он муҳол бувад. Ва ҳеч тавоноие нест, магар ба Худо.
Ҳамчунин шояд тавон ҷисмро бо бақои воҳид ба бақо васф кард, ҳарчанд чунин бақо боқӣ намонад, вале ҷисм бо ҳадаси воҳид, ки адам аз он ҷудо набошад, [ба адам] васф нашавад. Бисёри он низ ҳамчунин бошад.
Ҳамоно, ҳудуси бақо дар ҷисм сабаби боқӣ мондани он бошад ва бақои он вобаста ба давоми пайдарҳамии бақо дар он идома ёбад. Ва раво набувад, ки сабаби қидами ҷисм ҳудуси аразе дар он бошад, ки ҳамсону ҳамто ва қарину ҳамроҳи он шуда бошад ва аз ин рӯ, пеш аз он наояд. Ва тавфиқдиҳанда Худост.
Баъзеҳо бо тарафдорони чунин андеша мухолафат карданд: Чун чизи бе ранг вуҷуд надорад, пас набояд ки он ранге бошад. Валек инро маъное набошад, чунки ҳадас сифати ҳастӣ пас аз нестӣ аст. Ва агар дигаре пайдо шавад, ки аз он ҷудо набошад ва дар он чунин сифат бошад, пас ин ҳукм онро низ лозим шавад. Ва ранг ҳамон ранг ба маъное, ки дар чизи рангин вуҷуд дорад, набошад Аз ин рӯ, ин ду бо ҳам ихтилоф доранд, лекин ҳамаи ҷисм, азбаски холӣ аз рангҳо набошад, аз онҳо пешӣ нагирад, валекин аз яке паси дигаре пешӣ гирад. Амри иҳдос ҳам чунин бошад.
Ҳар он ки гӯяд: «Сунъи чизе на аз чизе дониста нашавад», мавҷудро бо ҳис андоза карда бошад, дар ҳоле ки маориф худ хориҷ аз ҳис бошад. Ҳамчунон аст қавл ба «раво бошад» ва «раво набошад». Ҳамчунон аст он чи ба тафарруқ нисбат дода шавад, на ба ҳалок, ки онро бо ҳис надонем ва сипас ба он муътақид шавад. Ва монанди чизе аст, ки мо аз он гуфта истодаем, бо ин ки дар он ақлеву самъеву басареву руҳе ва ҷуз инҳо бошад, ки аз чӣ сохта шудани онҳо дониста нашудааст. Пас, ин ӯро аз қавл ба он чи гуфта бошад, боздорад. Ҳамчунин агар касе набошад, ки моро аз қидами он хабар бидиҳад ё он азалӣ аз ҷавҳари ҷаҳон бошад, пас ваҷҳе барои донистани он, ба ҷуз истидлол, набувад.
Мо китобатро бе котиб, тафарруқро бе муфарриқ надонем. Ҳамчунин аст иҷтимоъ, ҳамчунин аст сукун ва ҳаракат. Пас, ин дар ҳамаи ҷаҳон лозим ояд, чунки он ҷамъшуда ва парешоншуда аст, балки уъҷуба дар таълифи ҷаҳон бартар бувад. Пас, он сазовортар аст ба ин ки пароканда нашавад ва ба ҳам наояд, магар ба ғайраш. Ва ҳар он чи дар шоҳид аз таълиф ва китобат бувад, ҳодистар аз онест, ки бо ӯ бошад. Пас, монанди он ҳамаи ҷаҳон бувад, чунки он ба маъное аст, ки зикр кардам. Ва тавфиқ аз ҷониби Худост. Агар баррасии амиқ дар чунин коре сахту сангин супориш дода шавад, пас он аз тавони башар берун аст, чунки далолати ҳадаси ҳар он чизе аз аҷзои ҷаҳон, ки ҳис шавад ва ё шунида шавад, ошкор бувад:
– аз надонистани оғози ҳолаш;
– ва ислоҳи он чи табоҳ гардад;
– ё монанди онро бисозад;
– ва нотавониаш аз он чи, ки ҳифзи нафсаш ба василаи он аст;
– ё тақлиб аз ҷавҳараш, ба ҳамроҳи чизе, ки дар он палиду зишт ва хору забун аст, ки агар на тадбири дигаре дар он будӣ, шояд чунин нашудӣ. Ва тавфиқ аз ҷониби Худост.
Пайдост, ки ҳаракат ва сукун, иҷтимоъ ва тафарруқ ҷисм набошанд, зеро метавонад ҷисми парокандае бошад, ки ба ҳам ояд ва мутаҳаррике бошад, ки оромиш ёбад. Пас, агар худ ба худ чунин мешуд, он гоҳ тавони бардошти бо ҳам зид будани аҳволро барои бақои ҷисм ба ҳоли хеш намедошт. Бинобар ин, фано ва бақо тахриҷ шавад, чунки метавонад ғайрибоқӣ ва на фонӣ дар авқот мавҷуд бошад. Пас лозим ояд, ки дигаре ҷуз он бошад. Ҳамчунин агар муроди касе бақо ё фанои чиз бошад, пас ӯ ба ғайри он ваҷҳе такя намояд, ки ба дигаре эътимод дорад, аз ин собит гардад, ки ҳар ду ғайрҳои раво бошанд.
Бештари муътазила дар бораи аввал ҳамин гуна эътиқод доранд, вале бақо ва фаноро пазиро наянд, ба ҳамроҳи он чи, ки қавли онҳоро ботил созад, чаро ки он ба худии худ дар ҳамл кардани ин мухталиф бошад. Агар ин раво бошад ва бақои ҷисмҳо ба худии худ раво бошад, пас будани он на ба ғайраш низ раво бошад. Ин барои муътазила авлост, чаро ки онҳо аз сӯи Худо ба сӯи ҳамаи ҷаҳон ба ҷуз ҷаҳон, ки ба василаи он ҷаҳон бошад, дигареро қарор надиҳанд, чунки иродаро аз ҷаҳон қарор диҳанд, феълро ҳам ҳамчунин. Назди онҳо зоти Ӯ мавҷуд буда, дар ҳоле ки ҷаҳон набуда ва чизе, ба ҷуз кавни ҷаҳон, ҳодис нашуда, пас он ба худии худ буда ва ба он боқӣ бимонад. Ва дар ин фасоди тавҳид бувад. Ва ҳеч тавоноие нест, магар ба Худо.
Сипас тағоюр собит шуд ва аҳли калом дар чистии номи он ихтилоф карданд. Бархе аз эшон онро араз номид, бархи дигар сифат номид. Ҳаққи ин масъала таслимшавӣ бувад ба он чи, ки истилоҳ ба василаи он ҷорӣ аст, чун мурод аз номниҳӣ таъриф ва фаҳмонидани мақсад бошад, аз ин рӯ, ҳар он чи инро анҷом бидиҳад, кофӣ бошад ва ном ба ақл ва қиёс шинохта нашавад. Ҳамчунин аст қавли мо дар хато будани қавли Каъбӣ, ки [гуфта:] чун собит шавад, ки на ҷисм аст, пас равшан ва ошкор гардад, ки араз аст.
Абумансур (раҳ.) гуфт: Ҳароина, ин лозим шавад, агар мусаллам бошад, ки мосивои ҷисм аз офаридагон араз аст. Ва дар Китоби Худо мурод аз араз айнҳои чизҳост. Чунонки қавли Ӯ таолост: «Шумо араз (мол)-и дунёро мехоҳед» (сураи Анфол, ояти 67) ва қавли Ӯ: «Агар араз (нафъ)-и зудҳосилшаванда…мебуд» (сураи Тавба, ояти 42). Бино бар ин, сифат ном ниҳодан ба номҳои исломӣ наздиктар бувад. Ва ҳеч тавоноие нест, магар ба Худо.
Абдураҳмон Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ