ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ “МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ” ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИВӢ

Санаи 24-уми апрели соли 2025 бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба “Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм, терроризм ва татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур олимону муҳаққиқон, коршиносон аз вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ, шарикони рушд ва донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ширкат варзида, доир ба пешгирии экстремизм, тероризм ва оқибатҳои он баромад намуданд.
Дар кори конференсия директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода Абдураҳим иштирок ва дар мавзӯи “Нақши ислом ва ташкилотҳои динӣ дар пешгирии фаъолияти тундгароӣ ва экстремизми динӣ” баромад намуд.
Зимни баромад Абдураҳим Холиқзода қайд карданд, ки “Дин ва иттиҳодияҳои динӣ, хоссатан исломӣ мутобиқ ба сарчашмаҳои илмӣ ва таҷрибавӣ на танҳо имкон доранд пешгирии ифрот ва террорро дар фаъолияти рӯзмарраи худ ама  лӣ намоянд, балки бештар аз он вазифадоранд, ки ҳамчун ҷузъи рисолати эътиқодӣ, созандагӣ ва тарбиявии худ пайваста ин амалро анҷом диҳанд”.
Пас аз ироаи маърузаҳо аз ҷониби иштирокдорони конференсия пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.
   
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх