70 СОЛАГӢ МУБОРАК!

Муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор !
Бо камоли эҳтирому самимият, роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуморо ба муносибати Рӯзи фархундаи мавлудатон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатии ҳамешагӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамояд.
Саҳми Шумо ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ва сиёсатмадори варзида дар пешрафту ободии кишвар ва рушди соҳаҳои гуногун ниҳоят бузург аст.
Зеро аз аввалин рӯзҳои Истиқлол Шумо, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, дар паҳлӯи Пешвои муаззами миллат барои тарғиб ва татбиқи ҳадафҳои созандаи абармарди сиёсат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона фаъолият намудед ва ба боварии халқу Ватан сазовор шудед.
Аз инҷост, ки шахсият ва корномаи Шумо намунаи равшани худшиносиву ватандӯстӣ ва намоди садоқат ба Президенти кишвар ва миллату давлат эътироф гардидааст.
Бигзор ҳамеша саломату сарбаланд ва саодатманду комёб бимонед, устоди гиромӣ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор !
Саноӣ барҳақ гуфтааст:
Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ,
Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан.
Зодрӯз муборак бод !
Бо эҳтиром,
Холиқзода А.Ғ. Диретори “Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх