Яке аз сифатҳои ҳамидаи миллати тоҷик ин дастгирии ҳамдигар дар ҳолатҳои душвори вобаста ба ҳолатҳои табиӣ ва ё дигаре рухдода мебошад. Заминларзаи ба наздикӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба вуқуъ пайваставу талафоти ҷониву зарари молии ба сокинони ин ноҳияҳо расонида, аввалан қазову қадари илоҳӣ будаву дувум мо бандагонро бо ин амал месанҷад.
Худованд моро месанҷад, ки дар баробари ин душвориҳо чи аъмоле аз худ зоҳир месозем, чи гуна метавонем дасти осебдидагонро бигирему яке аз хислатҳои бисёр хуби инсониро, ки ҷавонмардӣ мебошад, аз худ нишон бидиҳем.
Ин сифати инсонӣ дар «Васиятнома»-и Имоми Аъзам ба шогирдаш Абуюсуф зикр шудааст.
Дар «Васиятнома» Имоми Аъзам шогирди худро бо таваҷҷўҳ ба шароиту талаботи фардӣ ва иҷтимоии ҷомеа роҳнамоӣ намудааст. Дар як фарози ин васиятнома дар бораи парҳез аз баъзе хислатҳо ва рафторҳои ношоистаи инсонӣ сухан ба миён омада, ба ҷавонмардию сарбаландӣ даъват намудааст.
Он порчаи васиятнома ин аст:
«Аз бухлу ҳасад бипарҳез, зеро бахилӣ одамиро расво мекунад. Тамаъкору дурўғгўву ҷангандоз мабош, балки дар тамоми корҳо ҷавонмард бош… Агар ниёзманд ҳам бошӣ иззати нафсро аз даст надеҳ…».
Дар ин ҷо ба чанд хислати қабеҳ ишора шудааст, ки ҳар кадом аз ин хислатҳо ба танҳоӣ метавонад инсонро ба нобудӣ бикашонад. Ба хотири аҳамияти ин хислатҳо дар зиндагии инсон, Имоми Аъзам парҳез аз онҳоро дар ин васиятнома овардааст. Зеро, бахилӣ ин муқобили саховат аст.
Дар Қуръони карим дар чанд маврид ба ин масъала ишора шуда, бахилӣ сахт накўҳиш шудааст. Дар ояти 183-и сураи «Оли Имрон» омадааст: «Ва касоне, ки дар бахшидан (садақа додан ва кўмак кардан ба бенавоён) он чи ки Худованд аз фазлу карамаш ба онҳо додаас бахилӣ мекунанд, фикр накунанд, ки ин кор ба фоидаи онҳост, балки ин кор барои онҳо бисёр бад аст. Зуд аст, ки дар рўзи растохез он чизҳое, ки аз додани онҳо бахилӣ карда буданд, тавқи гарданашон шавад». Яъне агар Худованд ба мо молу сарвати фаровон додааст, набояд бахилӣ намуда, аз ҳаққи бенавоён, ниёзмандон, осебдидагон ва мардуми камбизоат ғофил шавем. Ҳатман бояд ҳаққи онҳоро бипардозем, то шукронаи ҳақиқии ин молу сарватро ба ҷо оварда бошем.
Дар ояти 37-ми сураи «Нисо» Худованди бузург бахилонро ба кофирон баробар медонад, онҳоро ба азоби сахт таҳдид кардааст. Дар сураи «Ҳадид», ояти 24 бахилонро нисбат ба фармони Худо нофармон донистааст. Дар сураи «Муҳаммад», ояти 38 бошад Худованд таҳдид мекунад, ки агар дар ҷомеа мардуми сарватманд аз додани садақа ва кўмак ба мардуми камбизоат бахилӣ кунанд, онҳоро аз байн мебарад ва ба ҷои онҳо инсонҳои саховатпешаву хайрхоҳро рўи кор меорад.
Бинобар ин, ҳар як ҷавонмарди саховатманду олиҳимат метавонад имрўз бо дастгирии хеш ба осебдидагони ноҳияҳои мазкур охирати хешро обод сохта, обруманди ин дунё гардад.
Акс аз сомонаи боз:
Наҷмиддин Салимов –
мутахассиси пешбари шуъбаи исломи муосир