ХАЙР КАРДАН ҶАВҲАРИ ИМОНИ МОСТ

Дар шариати ислом дар бобати анҷом додани амалҳои хайру эҳсон, созандагию ободкорӣ, ҳамчунин пуштибонии ятимону бенавоён фармудаҳои зиёд мавҷуданд.
Паёмбар (с) фармудааст: «Маҳбубтарини шумо ба ман ва наздиктаринатон дар рӯзи қиёмат хушхулқтарин ва мутавозуътарини шумост».
Некию некӯкорӣ, худшиносию худогоҳӣ, дӯстию рафоқат мафҳумҳое мебошанд, мисли гӯшту нохун бо ҳам пайванданд ва дар қалби инсони ботамкину бофарҳанг ҳисси инсондӯстӣ, одаму одамгариро эҳё намуда, маънавиёти моро тақвият медиҳанд.
Некӣ кардан яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонист.
Дар ин дунёи фонӣ ба ҷуз кори некӯ, номи накӯ дигар ҳеҷ чиз аз одамизод боқӣ намемонад.
Дар Қуръони карим дастгирии ятимону мӯҳтоҷон ва кӯмак ба пирону ниёзмандон борҳо таъкид гардида, ин амали хайр вазифаи ҳар мусулмон ҳисобида шудааст.
Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр,
З-он пештар, ки бонг барояд: фалон намонд. (Саъдӣ)
Вожаи “х а й р” аз забони арабӣ гирифта шуда, ба маънои хубӣ, некӣ, нағзӣ кардан омодааст.
Аз ҷиҳати мазмун ва маъно ин калима маънои кори хайр, нек ва амали савобро дорад.
Дар фаҳмиши имрӯза “хайр” амал ё кори ихтиёриест, ки баҳри дастгирӣ ва кӯмаки афроди заъифу нотавон, дардманду бечора, ятиму бекас, бепарастору маъюб умуман аз ҷиҳати моддӣ ниёз дошта, анҷом дода мешавад.
Мафҳуми “хайр” дар Қуръони карим бозгукунандаи яке аз сифатҳои Худованд аст ва ҳама кору амали хубу нек ва ҳасанаро (амалҳои солеҳро) хайр меномад.
Худованди мутаъол дар каломи худ мардуми накӯкорро ситоиши зиёд карда, бар ивази он барояшон мартаба ва мақоми арзишмандро дар дунё ва охират ваъда кардааст: “Инналлоҳа маъал муҳсинина” (Худованд ҳамроҳи накӯкорон аст.) ва ё “Иналлоҳа юҳиббул муҳсинина”(Худованд накӯкоронро дӯст медорад.) ва ё ки “Инно ло нузиъу аҷрал муҳсинина”(Ҳар оина мо подоши накӯкоронро зоеъ намекунем) ва ё “Инна раҳматаллоҳи қарибун минал муҳсинина”(Ва раҳмати Худо ба некӯкорон наздик аст).
Дар Қуръони карим дар ояҳои 177 ва 215 -уми сураи “ал-Бақара” чунин омадааст: “Некӣ он нест, ки рӯйи худро ба сӯйи машриқ ва мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи охират ва фариштагон ва китоби Худо ва паёмбарон имон оварад. Ва моли худро бо он ки дӯсташ дорад, ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну дарбандмондагон бубахшад. Ва намоз бигзораду закот бидиҳад… “
“Эй Паёмбар аз ту мепурсанд, ки чӣ инфоқ кунанд? Бигӯ “Он чи аз моли худ инфоқ мекунед, барои падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону раҳгузарон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Худо ба он огоҳ аст.”
Ҳадисҳои пайғамбар (с) низ саршор аз тарғибу ташвиқи амалҳои хайр буда, инсонро ба иҷрои онҳо фаро мехонанд ва ҳамзамон аҷру подошашонро дар дунё ва охират бозгӯ мекунанд.
Барои тақвияти ин гуфтаҳо чанд сухане аз пайғамбарро мисол меорем:
– Бидонед: бинотарин чашм он аст, ки дар роҳи хайр боз шавад.
– Ҳар кори неке садақа аст.
– Ҳаё сар то ба по хайр аст.
– Накӯкорони дунё накӯкорони охиратанд.
– Беҳтарини шумо касест, шуморо ба кори хайр даъват кунад.
– Дастҳо се гунаанд: гиранда, диҳанда ва нигоҳдоранда. Аз ҳама беҳтар дасти диҳанда аст.
– Саховатманд се аломат дорад: афви бо қудрат, адои закот, дӯст доштани тасаддуқ (садақа)…
Хайру саховат агар дар ҷомеа ҷойгоҳи баланд намедошт, дар хусуси Ҳотами Той садҳо қиссаву ривоят гуфта намешуд.
Дар шеъру адаби гузаштаву муосир ин қадар таърифу тавсиф намешуд.
Аксари ин гуфтаҳо ва навиштаҳо дар бораи ҳиммати шахсони саховатманд воқеият доранд.
Чунончи дар ин мисраъҳо омадааст:
Дар рухи марди сахӣ нури сафост,
З-он, ки дар ҷаннат қарини Мустафост.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди мӯъмину мусулмон бояд нисбат ба сокинони зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод, бетараф набошанд ва барои барқарорсозӣ ва беҳбудии вазъи иқтисодиву иҷтимоии онҳо кӯмак намоянд.
Дар қатори он, ки намозу рӯза ва ҳаҷро адо мекунем ба ӯҳдаи мову шумост ба касоне, ки имрӯз бар асари заминларза бехонаву дар гаштаанд ва муҳтоҷи дастгирии мову шумо мебошанд, кӯмак намоем.
Мазҳаби пешвои рӯҳонии мо Имоми Аъзам – ҳанафия бо такя ба Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ мафҳумҳои хайру садақот, ҳамдигарфаҳмӣ, баробариву бародарӣ ва таҳаммулпазириро аз амалҳои волои исломиву инсонӣ мешуморад.
Дар хайру саховат худи Имоми Аъзам ҳамто надошт. Беҳуда хонаи ӯро «Байт –ул-барака» нагуфтаанд. Ӯ пеш аз ҳама, ба фақирону барҷомондагон ва ятимону мӯҳтоҷон хайру саховат мекард.
Тайи ҳазорсолаҳо амали хайру саховат ба қисми таркибии ҳаёти мардуми тоҷик мубаддал гардидааст.
Бар асари заминларзаи рӯзи 12 апрели соли 2025 дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод қисме аз мардуми мо зарари ҷиддии моддӣ дида, ба кӯмаку дастгирӣ ниёз доранд.
Дар ҳадиси набавӣ омадааст: чизи аввале, ки Худованди мутаол дар тарозуи амал мегузорад, ахлоқи нек ва саховат аст.
Боварии комил дорам, ки шахсони саховатпешаи мо, ки шумораи онҳо дар мамлакатамон кам нестанд, бо эҳсону накӯкории худ ба зарардигони минтақаи Рашт ҳамеша дасти мадад дароз мекунанд.
Абдуллоҳи Қодирӣ –
сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх