Ногузирии таҳаввулоти динӣ дар Арабистони Марказӣ дар арафаи пайдоиши дини ислом

Дарёфти мавқеи дуруст дар фазои маънавии ҷомеа ва ташаккули ҷаҳонбинии ба сатҳи рушди ҷомеаи башарӣ тақозо менамояд, ки аз таҳқиқи барои дингароён одатшудаи масоили таърихӣ (бо истифода аз нерўҳои фавқуттабиа шарҳу баррасӣ намудани ҳаводиси таърихӣ-иҷтимоӣ) канорагирӣ намуда, усули таърихият ва воқеънигориро ба роҳбарӣ гирем ва сабабҳои пайдоиши дини исломро чуноне, ки ҳаст, пешкаш намоем. Усули одатшударо зимни таҳқиқи масоили таърихӣ- иҷтимоӣ ду сад сол пеш маорифпарварони фаронсавӣ чун усули барои қуруни вусто хос мазаммат карда буданд. Ба андешаи маорифпарвари намоёни фаронсавӣ Шарл де Монтескье таърих дар Фаронса ҳанўз ҳам чун дар асрҳои миёна бо руҷуъ ба манбаи фавқуттабиӣ тавсиф карда мешавад. Мутафаккир анъанаи мазкурро бепоя мехонад ва мутмаин мегардад, ки шиносоӣ бо таърих хонандаро аз хурофотҳояш озод менамояд ва барои бунёди ҷомеаи имрўза мусоидат менамояд. (Eighteenth Centuries Enlightenment Philosopfers// http://www. fsmitha.com/h3/h29-phil2.htm / Санаи муроҷиат. 25.04.2025. Вақт 15-00.
Қобили зикр аст, ки маорифпарварони фаронсавӣ дар шароите зиста буданд, ки ҷомеа аз лиҳози илму технология аз сатҳи имрўза хеле фарқ менамуд. Имрўз, дар ҳолате, ки иддае аз мардум дар сайёраҳои дигар барои худ макони иловагие ҷустуҷў доранд, мутаассифона, дар ҷомеаи мо аз тарафи иддае аз ашхос усули мазкур истифода мегардад. Аз нигоҳи ин ҷониб аз усули анъанавии баёни ғайриилмии масъалаи пайдоиши дини ислом иҷтиноб намуда, воқеъбинона арзёбӣ намудани масъала ҳам тибқи фармудаи Қуръон (Ояти 10 аз сураи Бақара барои дурўғгу азоби дарднок ваъда медиҳад) хоҳад буду ҳам хонандаро ба андешаи амиқ доир ба ин масъала водор мекунад ва тадриҷан дили ўро бо ҳақиқати илмӣ равшан мегардонад.
Ба дарназардошти мантиқи байёнгардида тасмим гирифтем ногузирии пайдоиши дини исломро мухтасаран пешкаши хонанда намоем.
Дар арафаи пайдоиши дини ислом Арабистони Марказӣ на танҳо аз лиҳози сохтори сиёсӣ, балки аз лиҳози фазои маънавӣ, махсусан шакли эътиқоди динӣ низ хеле қафомонда буд ва ба як таҳаввулоти ҷиддӣ ниёз дошт. Новобаста ба таъсири зиёд ва афзояндаи динҳои бегона дар охири қарни VI дар нимҷазирраи Арабистон бутпарастӣ бартарият дошт. Арабҳо ситораҳоро мепарастиданд ва ба бутҳо дар шакли сангҳо эътиқод доштанд. Дар Каъба (парастишгоҳ дар шакли куб)-и Гайман (шаҳр дар Арабистони Ҷанубӣ) худо дар шакли «санги сурх», дар Каъбаи ал-Абалата дар шакли «санги сафед» мавриди парастиш қарор дошт. Дар Макка бошад, «санги сиёҳ» мавҷуд буд. Каъбаи шаҳрҳои зикршуда ҳам аз рӯи шакл ва ҳам мундариҷа якхела буданд. Дар Каъбаи Макка 360 бут мавҷуд будааст. Дар қисмати шарқии бино «санги сиёҳ» – метеорити обгардида маҳкам гардидааст. Дар марказ бути Ҳубал ҷойгир будааст. Дар ҳамшафатии Каъба ду теппаи на он қадар калон ас-Сафо ва ал-Марва қарор доштаанд. Дар теппаи якум бути Исаф ва дар теппаи дуюм бути Наил мавҷуд будаанд. Ҳар як қабила худо-нигаҳбони худро доштааст. Ба ҷумлаи худоҳое, ки арабҳо мепарастидаанд, Аллоҳ низ дохил будааст. Номи мазкур аз калимаи «илоҳ» бо пайваст намудани артикли муайянии «ал» ташаккул ёфтааст. Тибқи фармудаҳои Қуръон бутпарастон аксаран зимни дар баҳр будан ба кӯмаки Аллоҳ ниёзманд мешудаанд. Баъзе худо-занҳои парастандашаванда – ал-Лот (шакли ҷинси занона аз Аллоҳ), ал-Узза (бузург) ва Манат (замон) «духтарони Аллоҳ» маҳсуб меёфтаанд.
Дар тасаввуроти динии арабҳо инчунин ҷинҳо ва шайтонҳо, ки байни олами одамон ва олами худоҳо миёнҷӣ маҳсуб меёфтанд, мақоми муҳимро ишғол менамудаанд. Ин рӯҳҳои нек ва бад тибқи иродаи худоҳо ба одамон рафтору пиндорро талқин менамудаанд. Чунин ҳисобида мешуд, ки онҳо ба одамони муқаррарӣ аҳён-аҳён зоҳир мегарданд, лекин боз одамоне будаанд, ки тавассути онҳо ба дигарон пешгӯӣ менамудаанд. Онҳо Арроф (пешгӯикунандаҳо) ва коҳинон номида мешудаанд. Онҳо ояндаро пешгӯӣ менамудаанд, чизи гумшударо меҷӯстаанд, чизи пинҳонро дармеёфтаанд. Ҳар як қабила арроф ё коҳини худро доштааст.
Тасаввуроти аксари арабҳои минтақаи мазкур дар марҳилаи пайдоиши ислом хеле оддӣ буд. Араби бадавӣ ба зиндагии ухравӣ, ҳаёти баъд аз марг ва рӯзи ҳашр бовар надошт. Чун зиндагии ӯ дар саҳроҳо дар фақирию муҳтоҷӣ мегузашт, дар хотири ӯ барои рӯҳи диёнат ва ҳисоби охират ҷое набуд. Яъне, тамоми ҳастии ӯ барои таъмини моддии зиндагияш нигаронида шуда буд. Агар бутҳои худро парастиш мекард ва аҳёнан ҳадя ва қурбонӣ ба онҳо тақдим менамуд, ин ҳам барои рафъи ниёзмандиҳои моддӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои дигари хеш буд. Баъзан ба бути хеш назр мекард, ки агар хатареро аз вай дафъ кунад, гӯсфанде ё шутуреро қурбонӣ мекунад. Аммо чун хатар мегузашт, ба ҷои гӯсфанду шутур, ки назди араб қимати зиёдтар дошт, оҳуи саҳроиеро сайд намуда, мекушт. Ӯ бовар дошт, ки бут намефаҳмад ва байни қурбониҳо тафовут гузошта наметавонад. Аммо дар бисёр ҳолатҳо вақте ҳоҷати ӯ раво намегашт ва ё қурбонии ӯ мақбул намешуд, ба хашм меомад ва бутҳои худро дашном дода, онҳоро сангсор менамуд. Ҳато дар ҳолатҳои тангдастии сахт худои худро, ки солҳо ибодат карда буду аз орду хурмо иборат буд, мешикаст ва мехӯрд. Дар баъзе мавридҳо араб буташро аз мақоми «Худо будан» маҳрум карда, сохтаю ночиз будани онро ошкор ба ӯ гушзад мекард (Абдулҳусайни Зарринкуб, Таърихи Эрон баъд аз ислом. Чопми даҳум. Теҳрон. 1983, Ҷилди 3, саҳ. 😎. (Қобили зикр аст, ки дар Қуръон низ сохта будани бут, ба офариниш қодир набудани он, надоштани қудрат на барои манфиат ва на барои зарар дар оятҳои зерин зикр шудаанд: (5:76); (7:191,192); (10:18); (19:42); (21:66); (22:12)). Ин бутҳо баъзе ба ин ё он хонавода тааллуқ доштанд ва баъзеи дигар аз они тамоми қабила буданд. Дар Макка аҳли ҳар хонае буте дошт, ки парастиш мекард. Пеш аз сафар рафтан ва баъди бозгашт аз сафар бути худро масҳ мекарданд. Ҳар кӣ аз Макка сафар мекард, санге ҳамроҳи худ мебурд ва дар макони нави худ сангро насб карда, гирди он тавоф менамуд. Ба ғайр аз бутҳои хонагӣ боз бутҳое низ вуҷуд доштанд, ки онҳоро як ё якчанд қабила ибодат мекарданд. Баъзе бутҳо аз санг тарошида шуда буданд. Боз пормасангҳое низ буданд, ки арабҳо онҳоро ҷо-ҷо насб мекарданду гирди он тавоф мекарданд. Хуну чарби қурбониро бар он мемолиданд. Ҳар яке аз ин бутҳо дар миёни қабила «хона» ё маъбаде дошт ва онро хидматгузоре буд. Чунон ки маъбади Лот дар Тоиф парастишгоҳи муътабар буд, маъбади Фалас дар байни қабилаи Тай макони эътибори махсус буд, Каъба парастишгоҳи бути Ҳубал бут, ки чун Уззо назди Қурайш ва аҳли Макка парастиш мешуд. Маъбади Уззо дар беруни Макка қарор дошт. Манот буте буд, ки онро дар Ясриб қабилаҳои Авс ва Хазраҷ ибодат мекарданд.
Араби тоисломӣ дар бодия ҳафтаҳо сафар мекард. Гуруснагӣ ва гармои ҳаво дар мафкураи араб чунин андешаро ҷой карда буд, ки бодия аз ғулу ҷин пур аст. Ин ғулу ҷинҳо метавонистанд ҳам некӣ кунанд ва ҳам бадӣ. Бинобар ин араб мекӯшид, ки бо онҳо робитаи дӯстӣ барпо намояд. Ҷин дар воқеъ аз таҷассуми ваҳшат ва ҳарос иборат буд, ки сахтӣ ва шиқои он дар зеҳни он талқин мекард. Ҷин аз нигоҳи араб мавҷуди номаръӣ буд ва вай метавонист дар ҳар шакле, ки хоҳад дарояд.
Чунин тасаввуротҳои содда ва хоси ҷамоаҳои қабилавӣ – авлодӣ ҷавобгӯи талаботи замон набуд. Зеро аллакай на танҳо дар кишварҳои ҳамсояе, ки бо онҳо арабҳои Ҳиҷоз доду гирифт мекарданд, балки дар худи Ҳиҷоз низ тасаввурот дар бораи худои тавҳидӣ пайдо шуда буд ва ногузирии таҳаввулоти эътиқодиро ба маъраз гузошта буд.
Дар Макка ғайр аз тасаввуротҳои зикршуда боз тасаввурот дар бораи Аллоҳ низ шакл гирифта буд. (Ниг.Сураи «Анкабут», ояти 61). Тибқи ақидаи Грюнебаум Г.Э. Каъба то Муҳаммад на ибодатгоҳи Ҳубали набатеӣ ё 359 бути дигар, балки маъбади аввалин ва асосии маҳз Аллоҳ будааст (Г.Э.фон Грюнебаум.Классический ислам.М.: 1988. Саҳ. 25). Мувофиқи маълумоти Қуръон онҳоро ҳаниф меномиданд. Онҳо танҳо худои ягонаро ибодат менамудаанд.
Ҳамзамон дар арафаи пайдоиши дини ислом дар кишварҳои ҳамсояи нимҷазираи Арабистон динҳои яҳудию масеҳӣ ва эрониасос аллакай пайдо шуда қувват гирифта буданд ва барои интишор додани таълимоти динии худ ба кишварҳои ғайр, аз ҷумла Арабистон мубориза мебурданд. Чуноне, ки фактҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, муборизаи динҳои мазкур барои тасхири Арабистон бенатиҷа наанҷомидааст. Дар натиҷаи чунин муборизаҳо дар қисматҳои ҷанубу шимоли Арабистон ва манотиқи сарҳадии он динҳои яҳудию масеҳӣ ва зардуштӣ ҷойгоҳи муносибе барои худ касб мекунанд ва барои интишор додани доираи нуфузи худ ба Арабистони Марказӣ саъю талоши зиёде ба харҷ медиҳанд.
Набояд фаромӯш сохт, ки мавқеи ҷуғрофии Ҳиҷоз барои огоҳӣ бо таълимотҳои динии зикршуда хеле мувофиқ буд, чун вай дар сари роҳи корвонҳои тиҷоратии шимолу ҷануб қарор дошт. Доир ба мавқеи Ҳиҷоз ва таъсири фарҳанги ғайр ба он муҳаққиқони бонуфузи Ғарб хеле дуруст зикр сохтаанд: «Ҳиҷоз ба унвони бахше аз Арабистони бохтарӣ, ки роҳи буҳур аз он мегузашт, пайваста аз лиҳози суқулҷайшӣ (тиҷорати пурҷӯш) вазъе мумтоз дошт. Ва ин вазъ дар давраи пас аз суқути Тадаммур мазияти бештар пайдо кард, ки тадриҷан бозаргонии ҷаҳонӣ аз роҳи Байнаннаҳрайн ба роҳи Арабистони ғарбӣ интиқол ёфт. Аз лиҳози фарҳангӣ низ Ҳиҷоз аз ин вазъ баҳраманд шуд, чи дарҳои он бар рӯи ду нуфузи динии муҳим дар ҷазиратулараб боз буд: масеҳият бо пойгоҳи он дар Наҷрон ва яҳудият бо пойгоҳи он дар Ясриб. Вазъи ҷуғрофиёи Макка бар сари роҳи адвия дар нимароҳи Наҷрони масеҳӣ ва Ясриби яҳудӣ табиатан ин шаҳрро дар маърази ду ҷараёни ҳаёти иқтисодӣ ва динӣ қарор дода буд, ки дар Арабистони бохтарӣ ғалаба дошт. Ногузир Макка маҳалли талоқии ин ду ҷараён шуд ва ин шаҳр дар давраи пеш аз ислом ба сурате ғайри қобили тафкик ҳам як корвоншаҳр буд ва ҳам як шаҳри муқаддас» (Таърихи ислом.Пажўҳиши донишгоҳи Кембридж. Теҳрон, 1386. Саҳ. 56). Дар воқеъ ҳам мавқеи ҷуғрофии Макка, яъне дар роҳи тиҷоратии шимол ва ҷануб қарор доштан вайро ба шаҳр мубаддал сохта, ба ҳаёти сиёсию динии он таъсири зиёд мерасонад. Аз ин нуқтаи назар, он дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сиёсию динии қисмати шимолу ҷануби нимҷазираи Арабистон рух медиҳанд, тадриҷан дар ҳаёти динӣ – сиёсии Арабистони Марказӣ низ инъикос меёбанд. Ҳаводиси назарраси дар қисмати шимолу ҷануби нимҷазираи Арабистонсуратгирифта асосан аз ҳуҷуми ҳабашиҳо ва бо суръати баланд интишор гардидани динҳои яҳудию масеҳӣ ва то андозае эронӣ иборат мебошанд. Интишори динҳои мазкур ба вазъи динии минтақаҳои номбурда бетаъсир набуд. Худи таҳаввулотҳои динии дар ҷануби Арабистон суратгирифтаистода хеле ҷолиб мебошанд. Чуноне, ки таърихнигорони машҳури Ғарб менависанд, «… рақобате миёни динҳои Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид пайдо шуд, ки метавон онро «мубориза барои тасхири Арабистон» номид. Мубориза дар рубъи аввали қарни шашум ба авҷ расид ва он ҳангоме буд, ки шоҳи яҳудӣ дар он мекӯшид, ки дини яҳудиро ба сурати муназзам дар ҷануб истиқрор бахшад. Бархӯрд бо масеҳият иҷтинобнопазир шуд ва бо қатли омми масеҳиёни Наҷрон анҷомид» (Ҳамон ҷо; саҳ. 45).
Воқеан ҳам вақте ба далелҳои таърихӣ рӯ меорем, пеши назари мо як манзараи ҷолиби Арабистони Марказӣ ҷилвагар мешавад. Аллакай дар қарнҳои IV-V дар ҷануби Арабистон ба таври васеъ яҳудия интишор ёфта буд. Шоҳ Кариб дини яҳудияро қабул менамояд. Писар ва вориси ӯ Зу Нувос бошад, арабҳои масеҳиро мавриди таъқиби шадид қарор медиҳад. Вай ба таври фиреб шаҳри масеҳии Наҷронро ғасб намуда, амр намудааст, ки хандақҳо канда, ба он моддаҳои сӯзанда резанд. Ҳар касе, ки аз қабули дини яҳудӣ даст кашидааст, зинда ба он хандақ партофтаанд. Мавъизаҳои яҳудӣ инчунин дар қисматҳои марказӣ ва шимолии нимҷазираи Арабистон низ бо муваффақият сурат мегирифтааст. Мустамликаҳои яҳудӣ дар бисёр воҳаҳои Ҳиҷоз ва Наҷд мавҷуд будаанд. Дар қисмати шимол аз шаҳри Макка қабилаҳои зиёди яҳудӣ зиндагӣ менамудаанд. Дар шаҳри Ясриб (ҳоло Мадина) бошад се маскани яҳудӣ мавҷуд будааст. Дар он вақт дар байни яҳудиҳои Арабистон ғояҳои масеҳӣ дар бораи омадани масеҳ васеъ интишор ёфта буд.
Ҳамчунин чунин падида низ шомили аҳамияти бузург аст, ки аз қарни IV инҷониб арабҳо мавриди таваҷҷуҳи мубаллиғони масеҳии Сурия, Ҳабашистон ва то андозае юнониён қарор мегиранд. Монофизитҳо пайваста барои ба масеҳӣ табдил додани бадавиҳо талош менамуданд, дар қароргоҳҳои калон усқуфҳоро (епископҳо) таъин менамуданд. Насториҳо низ фаъолияти таблиғотии васеъ мебурданд. Аз қарни V инҷониб дар Ҳира ҳокимияти усқуфи насторианӣ вуҷуд дошт. Соли 410 дар Ҳира дайр (монастыр) таъсис дода мешавад ва усқуф таъин мегардад. Княз Ал-Мундир III (c.в. 554) зани масеҳӣ доштааст ва баъзе аз ашрофони ӯ низ масеҳӣ будаанд. Усқуфҳо дар соли 424 дар Уммон ва дар минтақаи Баҳрайн фаъолият мекардаанд ва соли 575 масеҳия аз ин манотиқ ба манотиқи ғайр интишор мегардад. Усқуфҳо инчунин дар Айл, Дума, Тайма мавҷуд будаанд ва аксари қабилаҳои шимол дар бораи масеҳия маълумоте доштаанд. Ҳокими охирини давлати Лаҳмиҳо дини масеҳиро қабул менамояд. Дар қисмати ба ҷануби Арабистонназдиктар шаҳри Наҷрон бунёд мегардад, ки он ба маркази масеҳия табдил меёбад. Шаҳри мазкурро мубаллиғи несторианӣ Фамиййу таъсис дода, тамоми одамони минтақаро масеҳӣ мегардонад.
Тибқи баъзе маълумотҳо хати арабии шимолӣ, ки бо он Қуръон навишта шудааст, сад сол пеш аз ислом аз тарафи мубаллиғони масеҳии Ҳира сохта шудааст. Аввалин навиштаҷотҳои арабии мутааллиқи соли 512 дар шимоли Арабистон дар дарвозаҳои калисо дар Забади Сурия ва навиштаҷотҳои соли 568 дар Ҳаррон ёфт шудаанд.
Аз таърихи фаъолияти таблиғотии православӣ ҳаминро бояд зикр намуд, ки соли 450 Евфимийи муқаддас Ассаб ал-Байт, доҳии қабилаи бадавиро бо писараш, ки аз дуои ӯ шифо ёфта будааст, масеҳӣ мегардонад. Баъди чанде доҳии масеҳигардида Петр тамоми қабилаи худро барои таъмид овардааст. Баъд аз чанде Петр тавассути дастгузорӣ аз тарафи патриархи Иерусалим усқуфи бадавиҳо таъин мегардад, зеро ҳокимияти усқуфӣ дар биёбон ягон шаҳр ё маҳалли муайяне надоштааст. Аз қабилаи Петр масеҳият ба дигар қабилаҳои ҳамҷавор интишор меёбад. Ибодати нимирӯзии масеҳиён дар маъбадҳои интиқолёбанда дар ҷои кӯчидашуда муқаррар мегардид. Онҳо аз пашми гӯсфанд меҳроб тайёр мекардаанд.
Аз раванди масеҳигардонии минтақаҳои наздисарҳадӣ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки дигар минтақаҳое, ки дар он ҷо мушрикон маскан буданд, то андозае аз таълимоти масеҳӣ огоҳ буданд. Масеҳиён ҳатто дар зиёрати ҳаҷҷи Макка, ки нигаҳбонашон танҳо «худо» номида мешуд, ширкат мекардаанд. Тибқи маълумоти таърихнигорон дар Каъба тасвири модархудо бо Исо низ вуҷуд доштааст. Дар шаҳрҳое, чун Сано ва Наҷрон мавҷудияти ҳатто калисоҳо низ зикр мешаванд. Чунин қабилаҳои шимоли Арабистон, чун бани таглиб, бани акул, бани танух ва бани тау пурра масеҳиро қабул намуда ё монофизит ё несторианӣ будаанд.
На танҳо динҳои яҳудию масеҳӣ, балки динҳои эронӣ низ ба мафкураи арабҳои давраи пайдоиши ислом таъсир гузошта буданд. Ба андешаи шарқшиноси рус Е.А. Беляев дар Макка таъсири зиёд ва бардавоми фарҳанги эронӣ эҳсос мегардид (Беляев Е.А. Арабы, ислам и арабский халифат в ранее средневековье.М.: 1965. Саҳ. 80). Аз мундариҷаи ояти 51 аз сураи «Наҳл» маълум мегардад, ки динҳои эронӣ воқеъан ҳам дар ҳолати интишорёбӣ дар байни арабҳо қарор доштаанд: «Худо гуфт: Ду маъбудро фаро магиред.Ҷуз ин нест, ки вай маъбуди ягона аст. Пас аз ӯ битарсед». Ояти мазкур ба таври зер тафсир шудааст: Худованд фармуд: ду маъбудро барои худ нагиред. Чунон ки санавиҳо ба пиндори худ ду худоро ба убудият мегиранд: худои нур ва худои зулматро (Тафсиру анвор –ил- Қуръон. Баргузидае аз се тафсир: Фатҳ-ул-қадири Шавконӣ, Тафсири Ибни Касир, Тафсир-ул-мунири Ваҳбаи Зуҳайлӣ). Тартиб ва тарҷимаи Абдуррауфи Мухлис. copyright@2008 fhlesoonat.com.) Ҳамчунин Абдулҳусайни Зарринкӯб зикр менамояд, ки «назди шаҳрнишинони Яман ва Ҳиҷоз ва Ироқ ва дигар нуқот на фақат бутпарастӣ ривоҷ дошт, балки ойини яҳуд ва насоро ва ҳатто ойини маҷусу Монӣ ва Маздак низ пайравоне ёфта буд» (Абдулҳусайни Зарринкуб. Таърихи Эрон, Ҷилди 3, Саҳ. 7).
Сифатҳои васеъ паҳнгардидаи Раҳмон ва Раҳим дар забонҳои сафаӣ, палмирӣ ва сабеӣ вомехӯранд ва баъди мутааллиқ гардиданашон ба Аллоҳ маъруф шудаанд.
Вақте дар хусуси нақши робитаҳои фарҳангӣ ва ногузирии таҳаввулоти динӣ сухан меронем, зикр намудани дини сабеиҳо, ки дар Қуръон дучор мегардад (2:59; 22:17), аз аҳамият холӣ нест. Агарчанде доир ба эътиқоди динии сабеиҳо муҳаққиқон андешаҳои гуногун баён менамоянд, нуқтаи назари муҳаққиқ ва сайёҳи рус П.Цветков хеле ҷолиб мебошад. Ба ақидаи ӯ то ислом дини сабеиҳо дар байни арабҳо васеъ паҳн гардида буд. Дини сабеиҳо боварӣ ба худои ягона, ҷазо ва сазои баъд аз марг ва зарурати накӯкориро барои дастрасӣ ба ҳаёти хушбахтонаи ҷовидона дар назар дорад. Сабеиҳо дар як рӯз се маротиба намоз мехонданд: ним соат то баромадани офтоб, дар нисфирӯзӣ ва ҳангоми ғуруби офтоб. Се маробита дар як сол рӯза мегирифтанд ва 30, 9 ва 7 рӯз рӯза идома меёфт. Макони ҳаҷчашон Ҳарон дар Месопотамия ва Каъба дар Макка будааст. Ба ақидаи муаллифи зикршуда дини зардуштиҳо сабеизми тоза маҳсуб меёбад (Цветков П. Исламизм. Т.1. Мухаммед и Коран. Ашхабад. 1912. Саҳ. 31-32)
Маълумоти сершумори овардашуда дар хусуси вазъи динӣ дар Арабистони Марказӣ шаҳодат медиҳанд, ки таҳаввулоти динӣ дар минтақаи мазкур ногузир гардида буд. Зеро динҳои яҳудияю масеҳия ва то андозае зардуштия дар нимҷазираи Арабистон бо суръат паҳн мегардид ва эҳтимол дошт, ки ба ғайр аз Арабистони ҷанубию шимолӣ дар Арабистони Марказӣ низ пурра ҷойгузини бутпарастӣ гардад. Ҳамин тариқ, барои ақли фикркунандаю огоҳ комилан равшан будани моҳияти объекти эътиқод, дарки ногузирии ба анҷомрасии анъанаҳои динии пешин ва ҳамзамон маълумоти зарурӣ доштан аз таълимоти динҳои тавҳидӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳим ва ногузири тағйири афкору ақоид ва муҷиби таҳаввулоти динӣ дар қисмати марказии Арабистон маҳсуб меёбанд.
Ногузирии таҳаввулоти диниро дар арафаи пайдоиши дини ислом боз чунин раванди хеле ҷолиб ва таъсирбахш собит менамояд, ки дар манотиқи мухталифи Арабистон шахсиятҳое аз худ дарак медоданд, ки онҳо барои дар атрофи худ ҷамъ намудани мардум ва пешвои онҳо гардидан хеле талош меварзиданд. Баъзе аз онҳо худро пайғомбар – набӣ меномиданд. Тибқи суханони онҳо, ҳақиқате, ки онҳо эълом медоштанд, аз тарафи Худои олӣ ба онҳо талқин мегардидааст. Яке аз аввалин намояндагони ин ҳаракат дар вилояти Йемамаи Арабистони Шарқӣ «пайғомбар» Маслама будааст, ки баъд бо лақаби Мусайлама машҳур гардидааст. Тибқи ривоят, Мусайлама зиёда аз сад сол умр дида, соли 633 дар муҳорибаи тарафдоронаш бо мусулмонон кушта мешавад. Мусайлама дар бораи худои ягонаи раҳмон ваъз мегуфтааст. Вай низ «ваҳй» – ҳои худро дар шакли китоби муқаддас ҷамъ оварда будааст.
Дар як вақт бо ӯ дар қисмати ҷанубӣ-ғарбии Яман «пайғамбар» Асвад фаъолият намудааст. Вай худро «расули Аллоҳ» номида, дар як муддати кӯтоҳ ҳам ҳокимияти ҳарбию ҳам сиёсиро соҳиб мегардад. Инчунин «пайғамбарзан» Саҷҷа аз қабилаи тамимитҳо дар шимол аз нуфузи баланд бархӯрдор будааст. Мусайлама маҷбур будааст, ки бо ӯ аҳд бандад. Мусайлама, Асвад, Талҳа-Тулайҳа (боз як «пайғамбар» – и дигари араб аз Арабистони Марказӣ), Саҷҷа ва дигар «пайғомбару пайғомбарзанон» дар назди муъминон бо рӯйи пӯшида ҳозир мешудаанд ва дар ҳолати ибодат ба ҳолати изтироб афтода, бо болопӯш ё либоси дигаре худро мепӯшонидаанд.
Дар чунин шароит ва заминаҳои мавҷуда пайдоиши Муҳаммад ва сифатҳои асосии мавъизаи ӯ, чуноне ки маълум мегардад, ҳодисаи тасодуфӣ маҳсуб намеёбад, чун нубуввати ӯ нубуввати ягона набудааст. Гузашта аз ин, баъзе маводҳо дар бораи тарҷимаи ҳоли ӯ хабар медиҳанд, ки мушрикони Макка ӯро маломат мекардаанд, ки ӯ ба рафтор ва таълимоти Мусайлама «шахсе аз Ямама» пайравӣ менамудааст (Ҳамон ҷо). Қобили зикр аст, ки дар Қуръон пайғамбароне чун Мусайлама фиребгар зикр гардидаанд: «Ва кист ситамгортар аз касе, ки ба Худо дурӯғ барбаст, ё гуфт: «Ба ман ваҳй фиристода шудааст» Ва (ба ҳақиқат) ба сӯи ӯ чизе фиристода нашудааст» (6:93).
Хулоса, таҳлили вазъи динӣ дар Арабистони Марказӣ дар арафаи пайдоиши ислом аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷомеа барои як таҳаввулоти динӣ тамоми шароитҳо пухта расида буданд. Агар дини ислом ғалаба намекард, пас, ё яке аз пайғамбарони зикргардида ба сари қудрат меомад, ё тамоми ҷомеаро динҳои масеҳию яҳудӣ мусаххар мекарданд. Ҳамин тариқ, пайдоиши дини ислом аз лиҳози илмӣ ба он шароитҳои таърихӣ-фарҳангие алоқаманд мебошад, ки дар минтақа ҳукмрон гардида буданд ва тавассути таҳаввулот пайдоиши дини исломро ҳамчун вокуниш ба равандҳои динӣ-фарҳангии замона ногузир сохта буданд.
Адабиёт:
1 .Абдулҳусайни Зарринкуб. Таърихи Эрон, ҷилди 3. Саҳ. 7.
2. Беляев Е.А. Арабы, ислам и арабский халифат в ранее средневековье.М.: 1965.
3. Грюнебаум Г.Э.фон.Классический ислам.М.: 1988.
4.Тафсиру анвор –ил- Қуръон. Баргузидае аз се тафсир: Фатҳ-ул-қадири Шавконӣ, Тафсири Ибни Касир, Тафсир-ул-мунири Ваҳбаи Зуҳайлӣ). Тартиб ва тарҷимаи Абдуррауфи Мухлис. copyright@2008 fhlesoonat.com.
5. Таърихи ислом. Пажўҳиши донишгоҳи Кембриҷ. Алберри Артур Ҷон, Нолт Петер Малколм, Ламптон Анн Катерин Свунфорд, Тарҷумаи Аҳмади Ором. (Ба хатти форсӣ), Теҳрон, 1386.
6. Қуръони карим (асл ва матни тарҷимаи тоҷикӣ). – Душанбе: «ЭР-граф», 2011.
7. Цветков П. Исламизм. Т.1. Мухаммед и Коран. Ашхабад. 1912.
8.Eighteenth Centuries Enlightenment Philosopfers// http://www. fsmitha.com/h3/h29-phil2.htm / Санаи муроҷиат. 25.04.2025. Вақт 15-00.
«Қуръони карим (асл ва матни тарҷимаи тоҷикӣ). – Душанбе: «ЭР-граф», 2011».
Абдухалилзода К.А.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх