КУМАК БА НИЁЗМАНДОН АЗ ДИДГОҲИ ҚУРЪОНУ ҲАДИС

Кумак ба ниёзмандон дар Қуръони Карим ҳамчун яке аз волотарин амалҳо муаррифӣ шуда, бар дӯши муъминон на танҳо ҳамчун як насиҳати ахлоқӣ, балки вазифаи динӣ низ гузошта шудааст. Қуръони Карим тавассути оятҳое чун ояти 273-и сураи Бақара бар аҳамияти вижа ба ниёзмандон таъкид карда, онро яке аз роҳҳои аслии коҳиши фақру бенавоӣ дар ҷомеа арзёбӣ кардааст.
Ин амал на танҳо боиси поксозии дороиҳо ва афзун гардидани неъматҳои молӣ мегардад, балки ҳамчун пуле байни одамон амал карда, ҳамбастагӣ ва ваҳдати иҷтимоиро таҳким мебахшад.
Дар Қуръони Карим ҳадя ва кӯмак ба ниёзмандон танҳо ба маънии додани пулу мол нест, балки навъҳои мухталифи ёриҳо, аз қабили ташвиқ, қонеъ кардани ниёзҳои аввалия, аз қабили ғизо ва либос ҳатто таълим барои беҳбуди шароити зиндагии мардумро дар бар мегирад. Ин аъмоли хайр дар баробари кӯмак ба дигарон, барои покизашавии нафс ва камолоти маънавии фард мусоидат намуда, дар роҳи наздикшавӣ ба Худо мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, аз дидгоҳи Қуръони Карим ёрӣ ба ниёзмандон фарзи илоҳист, ки бояд бо нияти холис ва бидуни интизори подоши дунявӣ анҷом дода шавад.
Ин амалҳои хайр натанҳо ба ниёзмандон рафоҳу осоиш меоранд, балки барои муъминон сармоягузорӣ дар охират маҳсуб мешаванд, ки подошаш дар охират кафолат дода мешавад.
Ҳадисҳо дар бораи кӯмак ба дигарон:
Дар ҳадисҳои набавӣ низ аҳамияти некӣ ва хайрхоҳӣ таъкид шудааст. Паёмбари Ислом (с) фармудаанд: «Некӣ ин аст, ки Худоро мебинӣ ва агар ту Ӯро набинӣ, Ӯ туро мебинад».
Ин ҳадис таъкид мекунад, ки корҳои хайр бояд бо нияти пок анҷом дода шавад ва гӯё Худованд ба аъмоли мо шоҳид бошад.
Эҳсону некӯкори дар Қуръони Карим фаротар аз як амали хайрхоҳонаи сода, ба унвони як асли меҳварӣ дар зиндагии муъминон матраҳ шудааст.
Ин амалҳо на танҳо василаи беҳбуди зиндагии дигарон, балки роҳи рушду нумӯи шахсият ва наздиктар шудан ба Худованди мутаъол аст. Аз ин рӯ, кӯмаку хайру садақа бояд ҷузъи ҷудонашавандаи рӯзгори ҳар як муъмин дониста шавад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки бинобар сабаби омилҳои табиӣ ва заминларзаи бавуҷуъ омада дар минтақаи Рашт як қатор хонаю манзилҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои хизматӣ вайрону валангор гардиданд. Вобаста ба бартараф кардани ҳолатҳои хароби бавуҷудомада, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои башардӯстонаи кӯмак ва дастуру супоришҳои фаврӣ ба масъулин сурат гирифт. Иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони хайрхоҳу ташаббускор барои ҳамагон намунаи ибрат мебошад.
Албатта, тавре Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки қудрати миллати тоҷик дар иттиҳоду ваҳдат аст. Аз ин хотир, имрӯз мебояд дар пайравӣ аз сиёсати хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ба зарардидагони минтақаи Рашт барои барқарор кардани хонаю манзил ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ кӯмаки худро дареғ надорем.
Исоев Насим –
сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх