Худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ ҳаром аст!

Яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеаи муосир масъалаи худкушӣ ба ҳисоб меравад.
Дар тӯли таърих ҷомеаи башарӣ ба намудҳои гуногуни он рӯ ба рӯ шудааст.
Ҳар як инсони оқилу солимфикр бояд бидонад, ки ҳаёти одамӣ беҳтарин ва бузургтарин неъмати Парвардигор аст.
Вале, афсӯс нафароне ҳастанд, ки ба ин неъмати бузург ношукрӣ намуда, даст ба худкушӣ мезананд ва ба амонати илоҳӣ хиёнат менамоянд.
Бо ин васила на фақат худ балки аҳлу оила ва тамоми наздиконашонро сархам мекунанд.
Инсон на фақат ҳақ надорад, ки ҷони худро аз байн бубарад, балки барояш воҷиб аст то онро посдорӣ ва ҳифз намояд.
Худованди мутаъол дар каломи хеш мефармояд:
”Ва худро накушед…Ва ҳар кас чунин кунад аз рӯйи таҷовуз ва ситам, пас ба зудӣ вайро дар оташ дармеоварем ва ин кор бар Худо осон аст”.
(Сураи Нисо, ҷузъе аз ояти 29ва 30).
Паёмбари ислом (дуруду салом ба руҳи покашон) мефармоянд: “Ҳар нафаре, ки худро бо чизе ба қатл мерасонад, фардо рӯзи қиёмат бо ҳамон чиз азоб дода мешавад”. (Бухорӣ, Муслим).
Дар ҳадис омадааст: “Ҳар кӣ заҳре бинӯшад, пас бимирад, он заҳрро дар оташи дӯзах низ менӯшад дар ҳоле ки дар азоби он абадӣ мемонад.
Ҳар кӣ худашро аз баландие партофта бимирад, пас ӯ дар оташи дӯзах андохта мешавад, дар ҳоле, ки дар он абадӣ мемонад”.
Пайғамбари бузургвор мефармоянд: “Миёни умматҳои пеш аз шумо марде ҷароҳате бардошт ва аз шиддати дард корде гирифт ва бо он дасташро буррид ва аз рафтани хуни зиёд мурд, пас Худованд фармуд: Бандаам дар гирифтани ҷони худ бар Ман пешдастӣ кард, ҳар оина биҳиштро бар ӯ ҳаром кардам”.
Сабабҳои худкушӣ дар чист?
Проблемаҳо дар ҳаёти шахсӣ:
– ҷангҳои оилавӣ, талоқ;
– номувафақиятӣ дар муҳаббат;
– марг ё аз даст додани шахси наздик, бемории шахси наздик;
– танҳо мондан, бе нигоҳу бин мондан аз ҷониби наздикон;
– ҳолатҳои рӯҳие, ки бо сабаби моҷароҳои оилавӣ рух медиҳанд;
– комёб нашудан дар кор ё дар таҳсилот;
– гум кардани пулҳои бисёр, ё муфлисшавӣ;
– аз даст додани манбаъ ва сарчашмаи рӯзгузаронӣ;
– бемории руҳӣ;
Кадом омилҳо як шахсро ба худкушӣ оварда мерасонанд?
– қасдан зиён расонидан, туҳмат, таҳқир, ва пастзадани инсон;
– таҷовуз, масхара кардан, лату кӯб кардан, монда шудан аз зиндагӣ,
– надоштани шавқу ҳавас ба зиндагӣ ва ҳаёт.
– сарсупурда ё фанати дин шудан,
– тариқи ҷиҳод ба худкушӣ даст задан.
– маҷбуран худкушӣ кардан (бо ҳукми суд, аз тарси марги пур азоб).
– тарс аз ҷазо (дар ҷинояткорон, тарс аз таҳқири наздикон ва ҷамъият, баъди ҷиноят, тарс аз ҳукми суд ва ҷазо).
-худмуҳокимакунӣ барои ягон амали нодуруст.
– худкушӣ барои ҳимояи виҷдон.
– дар маҳбасхона.
Аз далелҳои овардашуда бармеояд, ки худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ ҳаром буда, аз гуноҳони кабира маҳсуб меёбад.
Абдуллоҳи Қодирӣ
-сардори шуъбаи иттилот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх