Хониши сиёсӣ дар баталёни махсуси комендатии қисми ҳарбии 051054 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 1- уми майи 2025 дар баталёни махсуси комендантии қисми ҳарбии  051054 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллӣ, садоқат ба халқу миллат, муносибатҳои    байниҳамдигарӣ , интизоми ҳарбӣ, даст назадан ба худкушӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, инчунин баланд бардоштани савияи дониши афсарону сарбозони  Гвардияи миллӣ дарси хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ иштирок ва дар мавзуи ” Ифротгароии рақамӣ” ва ” Худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ҳаром аст”, баромад намуд.
Ӯ аз ҷумла иброз дошт: Бо рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва паҳншавии интернет, фазои рақамӣ ба яке аз муҳитҳои калидии мубориза барои мағзи афкори ҷомеъа табдил ёфтааст.
Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои хабарии ғайрирасмӣ ва платформаҳои паёмрасонӣ (мессенҷерҳо) ба воситаи васоити фавқулодда дастрас ва таъсиргузор табдил ёфта, ба воситаи онҳо паёмҳои таблиғотии гурӯҳҳои ифротӣ ба таври системавӣ ва ҳадафнок ба гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ, махсусан ҷавонон равона мегарданд.
Ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ бо истифодаи забони содда, тарҳҳои ҷаззоб, мусиқӣ ва видеоҳои эмотсионалӣ сурат мегирад, ки ин раванд шиносоӣ ва фаҳми нодурусти мазмунро душвор месозад.
Илова бар ин, гурӯҳҳои ифротӣ аз имкониятҳои афзояндаи шабакаҳои торик (dark web), паёмрасонҳои рамзгузоришуда ва платформаҳои махфӣ истифода мебаранд, ки назорат ва маҳдудсозии онҳо  мушкил мегардад.
Дар натиҷа, таблиғоти экстремистӣ шаклҳои нави рақамиро касб намуда, ба як мушкилии ҷиддӣ ба амнияти миллии кишварҳо ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳамин омил зарурати муборизаи ҳамаҷониба, қотеъона ва ҳамоҳангшударо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба миён овардааст, ки дар он на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми сохторҳои ҷомеа, аз ҷумла ВАО, муассисаҳои таълимӣ, таҳлилгарон ва корбарони оддӣ нақши фаъол мебозанд.
Дар идома А.Қодирӣ оид ба худкушӣ суҳбат намуда, андешаҳои худро чунин иброз дошт: яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеаи муосир масъалаи худкушӣ ба ҳисоб меравад.
Дар тӯли таърих ҷомеаи башарӣ ба намудҳои гуногуни он рӯ ба рӯ шудааст.
Ҳар як инсони оқилу солимфикр бояд бидонад, ки ҳаёти одамӣ беҳтарин ва бузургтарин неъмати Парвардигор аст.
Вале, афсӯс нафароне ҳастанд, ки ба ин неъмати бузург ношукрӣ намуда, даст ба худкушӣ мезананд ва ба амонати илоҳӣ хиёнат менамоянд.
Бо ин васила на фақат худ балки аҳлу оила ва тамоми  наздиконашонро сархам мекунанд.
Инсон на фақат ҳақ надорад, ки ҷони худро аз байн бубарад, балки барояш воҷиб аст то онро посдорӣ ва ҳифз намояд.
Дар фарҷом байни афсарону сарбозон  табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх