Санаи 30 – юми апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конференсияи байналмилалии “Мотуридия – мактаби таҳаммулпазир, мактаби маърифат ва эътидол” ба кори худ оғоз кард.
Дар кори конференсия муовини директори Маркази исломшиносӣ Ваҳобзода А. ва котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М., ки аз тарафи Кумитаи дини назди Шурои Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Маркази омўзиш ва таҳқиқи осори Мотуридии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон даъват карда шуда буданд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, ба конференсияи мазкур олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳаи исломшиносӣ аз 24 давлати дунё даъват карда шудаанд.
Конференсияро мушовири Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Русланбек Давлатов ифтитоҳ намуда, паёму табрикоти Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистонро ба аҳли нишаст расонда, ба кори конференсия муваффақият таманно намуд.
Дар қисмати ҷаласаи ифтитоҳӣ намояндагони давлатҳои Мисри Араб, Ӯзбекистон, Марокаш, Туркия, Озарбойҷон ва раиси ташкилоти исломии ICESCO суханронӣ карданд.
Дар қисмати пленарӣ тибқи барнома муовини директори Маркази исломшиносӣ дар мавзўи “Хусусиятҳои мактаби каломи Мовароуннаҳр: нақши ақл ва мантиқ дар таълимоти Абумансури Мотуридӣ” маърўза кард.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таълимоти Абумансури Мотуридӣ беш аз 1100- сол инҷониб мардумро муттаҳид сохта, заминаи мусоид барои ҳифзи пояҳои давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.
Дар интиҳои баромади худ муовини директори Марказ даъват ба амал оварданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, баҳри пешгирии ихтилофоти мазҳабӣ ва ифротгароии динӣ ҳамагонро лозим аст, ба таълимоти Абумансури Мотуридӣ рўй оваранд. Зеро мактаби каломи Мотуридӣ ба тамоми равия мазҳаб ва фирқаҳои исломӣ арҷ гузошта, дар ин таълимот омилҳои барангезандаи ифрот ҷой надоранд. Инро таҷрибаи беш аз ҳазорсола собит сохтааст.
Сипас, баъди нисфирўзӣ идомаи конференсия дар сессияҳои алоҳида баргузор гардид. Тибқи барнома дар сессияи сеюм котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М. дар бораи “Тавсифи китоби Пандномаи Мотуридӣ” суханронӣ кард.
Дар рафти гузориш таъкид гардид, ки дар баробари дигар мероси Мотуридӣ “Панднома” ягона китоби муаллиф ба забони тоҷикӣ мебошад. Ин китоб аз аввал ба номи Мотуридӣ мансуб дониста шуда буд, ҳарчанд баъзе муҳақкиқон мансуб будани онро ба Мотуридӣ қабул надоштанд. Вале дар китобҳои дигари муаллиф низ калимаҳои тоҷикӣ зиёд истифода шудаанд ва ин бори дигар собит намуд, ки муаллиф бо забони тоҷикӣ пурра шинос будааст. Зеро масъалаи мансубияти Мотуридӣ ба ин ё он миллат низ масъалаи баҳсбарагез буда, дар ин маврид низ фикрҳои зиёд мавҷуданд.
Дар идома ба иттилои иштироккунандагон расонида шуд, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Маркази исломшиносӣ китоби “Тавҳид” ва “Панднома”-и Имом Мотуридӣ таҳқиқ ва ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, дар ҳамоиши илмӣ бахшида ба таҷлили 1150 – солагии муаллиф ба мухлисон тақдим мегардад.
Кори конференсия идома дорад…
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ