Давлати дунявӣ ва масъалаҳои муносибати он ба дин

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро ба озодии виҷдон кафолат медиҳад, ки бо хусусияти дунявӣ доштани давлат алоқаманд аст. Дар Конститутсия равшану возеҳ омадааст, ки «ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Ҳеч як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлати эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд» (моддаи 8-и Конститутсия). Чунин хусусияти давлат бо моҳияти демократии он алоқаманд буда, ба манфиати тамоми мардум амал карданро ифода менамояд. Аммо ҷудо эълон кардани ташкилотҳои динӣ аз давлат мазмуни инкори ҳамкории онҳоро надорад. Диндорон аз ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа дур карда намешаванд. Ҳама шаҳрвандон сарфи назар аз эътиқоди динӣ баробарҳуқуқ буда, Конститутсия ба онҳо ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат медиҳад.
Дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд (моддаи 26-и Конститутсия).
Масъалаи таносуби дин ва давлати дунявӣ дар низоми сиёсии ҷомеаи мусулмонии муосир, ки таваҷҷўҳ ба дин зиёд буда, дин ҷузъи ҷудонашавандаи равандҳо ва сиёсатҳои минтақавӣ мебошад, яке аз мавзўъҳои басо муҳим, вале мураккабу баҳснок ба ҳисоб меравад. Доир ба муколамаи дину давлати дунявӣ, таносуби онҳо, баъзе ҷанбаҳои ҳамкории дину давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқотҳои илмӣ, гузоришҳои коршиносон мунтазам оммавӣ мегарданд. Дар онҳо роҳҳои устувор кардани боварӣ дар байни намояндагони ҷаҳонбинии динӣ ва арзишҳои дунявӣ ва диалектикаи онҳо дар даврони бунёди давлати миллӣ нишон дода шудааст. Гарчанде таҳқиқотҳо ва баррасиҳои файласуфон, олимон ва рӯҳониён оиди ин масъала зиёд ҳастанд, вале ҷанбаҳои баҳснок вуҷуд доанд ва бояд мавриди назар бошанд.
Дунявият дар асли худ арзиши умумибашарӣ буда, ҳудуди миллӣ ва минтақавӣ- ҷуғрофӣ надорад. Дар тўли таърих дар минтақаҳои гуногун ҳар кадом халқу миллати соҳибдавлат аз он мувофиқи хусусиятҳои миллӣ- мадании худ истифода кардаанд. Аз ин рў, ҳангоми ҳамчун сифати давлат қабул кардани дунявият ва онро бидуни ягон тарҳрезӣ, дар шакли ғарбӣ татбиқ намудан нодуруст буда, ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои миллию динии ҳар минтақа яке аз шартҳои муҳими ҳифзи дунявият ва рушди ҷомеаи демократӣ мебошад.
Барои ҳамин сарфи назар намудани ин ҷанбаи масъала метавонад дар роҳи ҳамзистии дину давлати дунявӣ душвориҳо эҷод намояд.
Олимон хеле барвақт сари ин масъала фикрҳои ҷолиб баён намудаанд. Ҳанўз дар ибтидои солҳои шастуми садаи XX шарқшиноси Шўравӣ Конрад Н.И. дар мақолаи «Старое востоковедение и его новые задачи» бар хилофи сиёсати аврупоимарказият таърихи башарро ҳамчун як раванди умумитаърихӣ баррасӣ карда, нақши бонуфузи тамаддуни Шарқро дар ин раванд нишон додааст. Ў тафовути таъриху маданияти Шарқу Ғарбро таъкид карда, мегўяд: «Аврупомарказият дар худ ҳамеша хавфи ба тариқи механикӣ ба ҳаводиси таърих ва маданияти Шарқ кўчонидани он мақулотеро дорад, ки хоси таърих ва маданияти Ғарбанд… Афкори назариявии Шарқро дар ҳамаи соҳоти илм роҷеъ ба инсон ва ҷомеа ба ҳисоб гирифтан зарур аст…Яке аз вазифаҳои илмҳои инсонӣ ва ҷомеашиносӣ имрўз – бартараф кардани аврупомарказият дар илм аст….Ин на танҳо хавфи аврупомарказияти илмиро бартараф мекунад, ҳамчунин хавфи осиёмарказиятро пешгирӣ менамояд».
Ҷомеаи дунявӣ, ки асоси он илмгароист, ҷомеаест, ки дар он нақши ҳалкунандаро зеҳният ва тафаккури инсонӣ мебозад. Ҳамаи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ аз роҳи таҳлилҳои дурусти илмию мантиқӣ муайян шуда, роҳҳои ҳалли онҳо пешбинӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки дар ин гуна ҷомеаҳо сармояи асосӣ зиёиён ва мутафаккирон ба ҳисоб мераванд. Ҷомеаи дунявии илмгаро танҳо ба андешаи инсоният, қудрату неруи зеҳнии он такя мекунад ва мушкилотро аз роҳи илму мантиқи зинда ҳаллу фасл менамояд. Шаҳрвандони ин навъи ҷомеа ҳар кадоме дорои ҳувият, шахсият ва андешаи худ буда, бо роҳи хираду дониш сатҳу сифати зиндагии хешро аз роҳи ақлу хирад боло мебаранд. Мутаассифона, дар ҷомеаҳои бештари кишварҳои шарқӣ, ки бештар ҷаҳонбинии динӣ ва донишҳои диниро ба гунаи асолат ва мутлақ қабул менамоянд, неруҳои зеҳнии инсонро маҳдуд карда, онро ба мавҷуди вобаста, бефоида, паст ва тарсанда табдил медиҳанд.
Ақлгароӣ ба таасуб табдил меёбад. Гарчанде ҳазорсолаҳо қабл муттафакирони тоҷикзабон хавфи онро таъкид карда буданд. Вале худ мавриди шиканҷаву азоб қарор гирифтанд. Ҳамин аст, ки ҷомеаҳое, ки низоми теократӣ доранд, инсонҳоро саркӯб месозанд. Дар онҳо ҳараҷу мараҷ ниҳоят зиёд буда, сатҳи донишҳои илмӣ ниҳоят маҳдуд аст. Муносибат ба одамон дар сатҳи баланди дискриминатсионӣ (ҷинсӣ, динӣ – мазҳабӣ, табақавӣ) вуҷуд дорад. Аксари ин навъи кишварҳо вопасгаро, мардумонаш фақир ва пуртаззоду ноустувору осебпазиранд.
Ҳамин гуна вазъро метавон дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ба осонӣ мушоҳида намуд. Ҳарчанд ин кишварҳо аз лиҳози захоири табиӣ кишварҳои сарватманд ба ҳисоб мераванд, вале набуди сатҳи баланди донишҳои илмӣ ва ҳокимиятҳои теократие, ки дар ин кишварҳо ҳукмрон аст, бошандагони ҷомеаро ба нафарони таассубзадаву хурофотӣ табдил дода аст. Аз тарафи дигар захоири саршори табии дар ин кишварҳо мавҷудбуда бо сабаби набуди ҷомеаи ақлгаро ва илммеҳвар дар шакли ашёи хом ба кишварҳои дигар содир мешавад.
Низоми дунявият- низомест, ки шоистагии зиндагии инсонро таъмин намуда, ҳуқуқ ва озодиҳояшро кафолат медиҳад.
Агар ба таърихи башар назар афканем, фақат инсоният дар дараҷаи ҷомеаи дунявӣ тавонистааст истеъдод ва сиришти хешро пурра ошкор намояд. Зеро меҳвари ҷомеаи дунявиро инсонсолорӣ ва гуманизм ташкил медиҳад. Ҳадафи зиндагии инсонӣ бошад, озодии инсон аст ва инсонҳо танҳо дар ҷомеаи дунявӣ метавонанд озодии хешро ҳифз кунанд ва дар саодат ва ҳамзистии осоишта ба сар бибаранд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки дар дигар навъи ҷомеаҳо, ки меҳвари онҳоро на арзишҳои баланди инсонӣ, балки арзишҳои динӣ ташкил медиҳанд, озодиҳои инсон маҳдуд гардида, хираду заковат ва истеъдодҳои инсон саркӯб мешаванд. Барои равшан намудани бартарияти ҷомеаи дунявӣ баъзе аз хусусиёти низоми динӣ-теократиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Д. Баҳромбеков
– сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх