МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 майи соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1155 солагии олим, мутафаккири бузурги тоҷик таҳти унвони «Абумансури Мотуридӣ” баргузор менамояд.
Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:
• Зарурат ва аҳамияти ҷашн гирифтани 1155 солагии мутафаккири (олими) бузурги тоҷик Абумансури Мотуридӣ;
• Абумансури Мотуридӣ бунёдгузори мактаби каломи Мовароуннаҳр;
• Нақши каломи Мотуридӣ дар ҳифзи арзишҳою манфиатҳои миллӣ;
• Масоили дунявият дар таълимоти Мотуридӣ;
• Мотуридӣ пайвандгари дустии халқҳои Мовароуннаҳр;
• Нақши Мотуридӣ дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ;
• Ақлгароӣ дар таълимоти Мотуридӣ;
• Мотуридия ва усулҳои илмии худошиносӣ;
• Назари Мотуридия ба фалсафаи Юнону Рими Қадим;
• Нақши Мотуридӣ дар рушди фарҳангу тамадуни исломӣ;
• Таълимоти Мотуридӣ дар муқобили ҳама гуна зуҳуротҳои террористӣ, ифротӣ ва хурофотии динӣ;
• Мотуридия ва илми ҳуқуқ
• Мотуридия ва ахлоқи башарӣ
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд: ҳуруфи шакли Times New Roman (русӣ), Times New Roman Тj (тоҷикӣ) бо андозаи-14; сатри якум – номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН; сатри дуюм – насаби муаллиф ҳарфи аввали ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷои кор (таҳсил), дар қавс шаҳр, вилоят; сатри сеюм – матни асосӣ, ки дар таҳриргарӣ матнии MS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа; ҳаҷми матни маърӯза бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 9 саҳифа зиёд бошад; рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад; ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, 25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошанд.
Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то санаи 15 майи соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ арабӣ ва англисӣ.
Суроғаи мо: 992372 ш. Душанбе, кўчаи Шодмонї, 58/1, почтаи электронӣ, E-mail:
jalolozodas@mail.ru
Шахси масъул барои гирд овардани мавод – Ҷалолов Суҳроб
тел: 224 09 96, 902326662 ватсап ва телеграм; 935817886

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх