Кӯмак ба осебдида – қарзи динии ҳар мусулмон

Таърихи рушди ҷомеаи башарӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар гоҳе фарде ё қисмате аз ҷомеаро мусибате фаро гирифта бошад, ҷомеа тавонистааст ба зудӣ оқибати он мусибатро бартараф намуда, ба осебдида дар идомаи зиндагӣ кӯмаки муҳими ҳам моддию ҳам маънавӣ расонидааст. Намунаи равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи заминларзаи Тошкант дар соли 1966 мебошад. Тошканти харобгардидаро мардуми собиқ шуравӣ новобаста аз мансубияти миллию динияш тавонист дар муддати сею нимсол аз нав боз ҳам зеботару васеътар барқарор намояд. Дар робита ба ин сиришти созандаю инсонпарваронаи насли башарӣ шоири бузурги форсу тоҷик Шайх Саъдӣ барҳақ таъкид намуда буд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Бо таассуфи зиёд бояд қайд намуд, ки заминларзаи мудҳише, ки дар миёнаҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар минтақаи Рашт рух дод, тамоми аҳли ҷомеаи моро ғамгин гардонид. Аҳли ҷомеа бо ҳар роҳу восита ҳамдилию ҳамдардии худро ба мардуми зарардида иброз доштанд. Аммо хеле зарур аст, ки ба мардуми осебдида ғайр аз дастгирии маънавӣ боз кӯмаки моддӣ низ расонида шавад.
Хушбахтона, мардуми мо, ки ҳамагӣ мусулмонанд ва аз таълимоти ахлоқии дини ислом ба хубӣ огоҳ ҳастанд, қарзи динии худро дарк намуда, дар баробари дастгириҳои моддию маънавии ҳукумат аз ҷониби худ низ дарҳол ба кӯмаки ниёзмандон шитофтанд.
Зеро кӯмак ба ниёзмандон дар таълимоти дини ислом мақоми хеле баланд дошта, ҳам дар аҳодис ва ҳам оятҳои қуръонӣ такрор ба такрор зикр шудааст. Дар ҳадиси саҳеҳ, ки ҳам аз номи Бухорӣ ва ҳам Муслим ривоят мешавад, гуфта мешавад, ки «Ҳеҷ яке аз шумо имон надоред, вақте шумо сер бошеду ҳамсояатон гурусна». Дар робита ба фармудаи ҳадиси мазкур бояд зикр намуд, ки шахси хонаю манзилаш осебдида моҳиятан аз гушнаҳо ҳам бояд гушнатар бошад, зеро эҳтимол аст, ки аз гулӯи чунин шахси осебдида чизе гузарад. Сониян, агар ба мазмуни ҳадис таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки пайғамбари ислом дастгирии ҳамсояро шарти имон ҳисобидааст. Яъне, пайғамбар ба аркони имон даст накофта, кӯмак ба шахси гуруснаро шарти зуҳури имон ҳисобидааст, ки албатта, аз ҷанбаи хеле инсонпарваронаи таълимоти пайғамбар шаҳодат медиҳад. Агар матлабро ба дигар навъ баён намоем, чунин натиҷагирӣ хоҳем намуд, ки агар бандаи мусуломон намозу рӯзаю ҳаҷро адо намояду ба ҳамсояи гуруснаю ниёзмандаш кӯмак нанамояд, ин ибодатҳои ӯ беарзиш хоҳанд гардид. Пас, кӯмак ба ҳамсояи гуруснаю ниёзманд шарти қабули ибодатҳои динӣ мебошад.
Дар робита ба мақоми баланди ҳамсоя ҳамчунон месазад, ки ҳадиси саҳеҳи дигарро низ, ки ҳам аз Бухорӣ ва ҳам Муслим ривоят шудаанд, ёдовар шавем. Оиша нақл мекунад, ки ба Пайғамбар Ҷабраил нозил шуд ва ӯро дар бораи ҳамсоя он қадар насиҳат намуд, ки гумон кардам ҳамсояро меросхӯр таъин менамояд. То ба ин сатҳ мақоми баланд доштани ҳамсоя дар таълимоти ислом аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фарзанди одамӣ бояд тамоми мушкилоти зиндагиро дастаҷамъона пасисар намуда, дар хурсандиҳои ҳамдигар шарик бошад.
Дар робита ба кӯмаки ҳамдигарӣ сухан ронда ҳатман бояд аз мундариҷаи ояти 36 аз сураи «Нисо» низ бояд ёдовар шуд. Дар ояти мазкур баъд аз талаби ибодат накӯкорӣ намудан дар ҳаққи падару модар, хешовандон, ятимон, мискинон, ҳамсояҳои наздику бегона ва ҳамнишини наздику мусофир амр карда мешавад. Мазмуни оят моҳиятан ба он нукта ишорат менамояд, ки дар ҳолати даст додани имконият ҳар фард бояд ба ҳар шахси ниёзманд бидуни истисно кӯмак намояд. Зеро оят баъд аз падару модар хешовандонро бо ҳамсояҳои наздику бегона ҳамчун объекти кӯмак таъкид намудааст, ки он моҳиятан фарогир буда, тамоми аҳли ҷомеаи ниёзмандро дар назар дорад.
Дар робита ба ҷанбаи инсонпарваронаи таълимоти дини ислом сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки дар як қатор сураҳои Қуръон имон овардан бо амали солеҳ, ки ифодаи олии инсонпарварист, якҷоя зикр шудааст. Дар ояте (Каҳф, 18:110) амали солеҳ ҳатто пеш аз имон таъкид мешавад, ки бешак аз мақоми баланди некуию накӯкорӣ дарак медиҳад.
Бо боварии том метавон гуфт, ки ҳадису оятҳои инсонпарваронаи мазкурро мардуми шарифи кишвар ба роҳбарӣ гирифта, мушкилоти осебдидагонро дар муддати кӯтоҳ бартараф менамояд.
Акс аз сомонаи боз.
Абдухалилзода К.А.
Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх