Ҳар як инсон ва шаҳрванд дорои ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳо мебошад. Озодии инсон мафҳуми васеъ буда, сарҳади он то ҳудуди ҳуқуқи инсон рафта мерасад.
Озодии ақида, виҷдон ва дин яке аз ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон ва шаҳрванд ба шумор рафта, дар худ се озодии аз ҳам ҷудонопазирро дар бар мегирад. Якум озодии ақида, дуюм озодии виҷдон ва сеюм озодии эътиқоди динӣ.
Инсон бе надоштани озодии ақида, виҷдон ва дин арзи ҳастӣ карда наметавонад, чунки инсон худ беҳтарин офаридаи Худованд буда, дорои ақл, ҳиссиёт, эҳсосот, идрок, тафаккур, дарккунӣ, фикрронӣ мебошад. Доштани қобилияти фикрронӣ аз инсон будан шаҳодат медиҳад. Фикрронии инсон ба доштани ақидаи худ бурда мерасонад.
Озодии ақида – ин мустақилияти инсон ва норавоии дахолат намудан ба фикрронӣ ва андешаронии инсон мебошад. Озодии ақида соҳаҳои гуногуни худро дорад. Аз ҷумла, озодии ақидаи динӣ.
Озодии ақидаи динӣ маънои онро надорад, ки фикр накарда оид ба дин ва масъалаҳои динӣ ақидаи худро иброз намоӣ. Инсон бояд фикр намуда, сипас ақидаашро нисбат ба дин ва масъалаҳои динӣ баён намояд, то ки озодии ақида, виҷдон ва эътиқоди динии дигаронро вайрон нанамояд.
Виҷдон аз дил доштани инсон сарчашма мегирад. Виҷдон як ҷузъи ботинии инсон буда, дар дили инсон ҷой гирифтааст.
Виҷдон – ин ҳастиву вуҷуди инсон мебошад. Виҷдон – ин тарсест, ки Офаридгор дар дили инсон, яъне ҳасткардаи худ ҷой додааст, то ин ки тавассути он гуфтор, рафтор ва кирдори ӯро ҳамчун махлуқи бошуур назорат намояд. Инсон доимо дар ҳар гуфтораш, рафтораш ва кирдораш ҳатман ба виҷдонаш муроҷиат менамояд. Аз виҷдони инсон танҳо Офаридгораш хабардор мебошад.
Эътиқод – ин ихлоси инсон ба ягон кас ва ё чиз мебошад. Эътиқод – ин бовари доштан ба қувваҳои табиӣ, фавқуззикр мебошад. Инсоният дар тули ташаккулёбии худ аз давраи қадим то замони муосир дар давоми ҳаёти худ ба қуваҳои табиӣ, аз қабили оташ, раду барқ, заминҷунбӣ, обхезӣ ва ҳоказо боварӣ ва эътиқод ҳосил кардааст. Аз оғози ҳаёти ҷамъиятӣ инсон инчунин ба парастиши ҳайвонҳо, ба монанди гов, маймун, аждар шуруъ намудааст. Бо пайдоиши динҳо парастиши динӣ, яъне этиқоди динӣ оғоз гардид. Дар ҷаҳон динҳо хеле зиёданд. Дар замони муосир се дин ҷаҳонӣ эътироф шудааст: дини буддоия, дини насронӣ ва дини ислом.
Озодии эътиқоди динӣ. Ҳар як инсон дар интихоби дин, дар пайравӣ ба дин озод мебошад. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад озодона ин ё он динро интихоб намояд. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад ба ин ё он дин пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад. Инчунин ҳар як инсон ҳуқуқ дорад ба ягон дин эътиқод (боварӣ) надошта бошад, ягон динро парастиш накунад. Маҳз, ҳуқуқ ба озодии эътиқоди динӣ дар ҳамин ифода меёбад.
Ҳамин тариқ, озодии ақида, виҷдон ва дин яке аз ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон ва шаҳрванд буда, ба табиату фитрати инсон хос мебошад.
Шоев Фируз Маҳмадаминович
– сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ, дотсент