Баргузор намудани семинари илмӣ-назариявӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

19-уми майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Муҳайё кардани заминаҳо барои равнақи неруҳои ақлонӣ» баргузор гардид.

Дар кори семинари мазкур мудири шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Марказ, номзади илмҳои педагогӣ Одинашоҳ Вализода вобаста ба таваҷҷуҳи доимӣ ва хизматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони мамлакатро хотиррасон карда, иброз доштанд, ки  Пешвои миллат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳибихтисос, соҳибкасб, ба ҷойи кор таъмин гардонидан ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодаанд.

Кормандони Марказ андешаҳои худро вобаста ба мавзуи семинар иброз дошта, қабули фармону санадҳои қабулгардидаро дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони кишвар ҷиҳати равнақи неруҳои ақлонии онҳо саривақтӣ медонанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳайати коллективи Маркази исломшиносӣ тамоми ҷавонони мамлакатро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, дар кору фаъолияташон муваффақиятҳо орзуманданд.

Шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх