Самарқанд аз ҷумлаи вилоятҳои маъруфи Варорӯд ё Мовароуннаҳри асримиёнагӣ ба шумор меояд. Дар ин мулки зархез садҳо донишманду адиб зода шуда, парвариш ёфтаанд, ки барои инсоният хидматҳои шоиста кардаанд. Яке аз риҷоли машҳури Самарқанд, ки дар ҳазор соли охир номаш пайваста дар осори таърихию фарҳангӣ зикр мешавад, Абумансури Мотуридӣ мебошад. Дар ин навишта, мехоҳем, ба таври мухтасар, бо такя бар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, ҷуғрофияи таърихии Самарқанд дар замони зиндагии Абумансури Мотуридиро тазаккур диҳем.
Замоне ки арабҳо ба Варорӯд ҳуҷум карда, онро бо забони худ Мовароуннаҳр номиданд, дар ин кишвари азим чанд мулки мустақил ва боаҳамият қарор дошт, ки Хутал, Чағониён, Шумон, Фарғона, Чоч, Бухоро ва Самарқанд аз ҷумлаи онҳо буданд. Муаррихи тоҷик Ғ. Ғоибов шароити ҷуғрофӣ ва иқлимии ин мулкҳоро дар остона ва замони ҳамлаи арабҳо тасвир кардааст. Бинобар хулосаи ӯ, парокандагии ин мулкҳо яке аз сабабҳои асосии дар баробари ҳуҷуми арабҳо тоб оварда натавонистанашон будааст (1; 17-21). Тавре устод Б. Ғафуров навиштаанд, аз байн рафтани давлати Ҳайтолиён ва тақсим шудани қаламрави он байни Сосониёну Хоқонати Турк дар оянда сабаби аз байн рафтани ягонагии сиёсӣ дар минтақа гашта, дар пешорӯйи ҳуҷуми арабҳо ин сарзаминро сахт осебпазир гардонд (2; 344-345). Минбаъд ҳаёти сиёсии вилоятҳои бузург, аз ҷумла Самарқанд, дар танҳоӣ пеш бурда шуд, ҳарчанд миёни минтақаҳо ҳамеша иртиботи иқтисодиву бозаргонӣ дар ҷарён будааст.
Аз лиҳози ҷуғрофӣ Самарқанд дар ҷануби Суғд воқеъ буда, ҳамвора маркази маъмурии ин иқлим ба шумор мерафт ва тадриҷан ба тараққӣ расида, боиси пайдо шудани истилоҳи «Суғди Самарқанд» гардид (6; 322-323). Ин ҷудошавӣ низ натиҷаи парокандагии Варорӯд пеш аз ҳуҷуми арабҳо буда, дар асрҳои минбаъда идома ёфтааст. Тавре дар боло ишора кардем, Самарқанд ҳамчун Бухоро ва Уструшанаву Фарғона як вилояти паҳновар буда, вале ба сабаби машҳур шудани маркази он дар асрҳои XII-XV, ҳамчун шаҳр яъне, Самарқанд асосан номи вилоят аст ва сипас шаҳр.
Бар хилофи қарордоде, ки Қутайба бо мардуми Самарқанд баста буд, ӯ лашкариёнашро дар миёни мардум ва хонаҳои онҳо ҷой дод, ки сарчшмаҳои арабӣ низ онро тасдиқ мекунанд (4; 81). Муҳимтарин шӯрише, ки дарбори Аббосиёнро ба ларза овард, дар ибтидои асри IX дар шаҳру вилояти Самарқанд буд, ки бо роҳбарии Рофеъи Лайс рух дод. Шиддати шӯриш чунон баланд буд, ки халифа Ҳорунуррашид хост шахсан ба ин ҷо омада, онро фурӯ нишонад. Вақте хонадонҳои маҳаллӣ, аз ҷумла Сомониён дар Варорӯд ба қудрат расиданд, вилояти муҳими ин минтақа ҳамоно Самарқанд буд. Ба ҳамин хотир пойтахти нахустини Сомониён низ шаҳри Самарқанд интихоб гардид (7; 174-177). Ин шаҳр ҳатто пас аз пойтахт шудани Бухоро низ ҷойгоҳи иқтисодӣ ва фарҳангии худро нигоҳ дошт.
Яке аз сабабҳои машҳур шудани Самарқанд, ҷойгоҳи муносиби он аз нигоҳи боду ҳаво низ мебошад. Бештари осори ҷуғрофии асри Х, аз ҷумла, Истахрӣ, Ибни Ҳавқал, Мақдисӣ ва муаллифи «Ҳудуду-л-олам» таровату сарсабзии онро таъкид кардаанд. Ибни Хурдодбеҳ Самарқандро «покизатарин ва комилтарини шаҳрҳо аз назари покӣ» меномад (3; 159-160). Дар соҳили рӯди Суғд (Зарафшони кунунӣ) ҷойгир будани он мояи сарсабзу хуррам будани он шаҳр гардид. Муаллифи номаълуми асари «Ҳудуду-л-олам» навиштааст, ки дар асри Х «Самарқанд шаҳре бузург асту ободон аст ва бо неъмати бисёру ҷойи бозаргонони ҳамаи ҷаҳон аст ва ӯро шаҳристон аст ва кӯҳандиз аст ва рабаз аст ва аз болои боми бозори Шон яке ҷӯйи об равон аст аз арзир ва об аз кӯҳ биёварда ва андар вай хонагоҳи монавиён аст ва эшонро Нағушок хонанд ва аз вай коғаз хезад, ки ба ҳама ҷаҳон бибаранд ва риштаи қанаб хезад ва руди Бухоро ба дари Самарқанд бигзарад» (9; 108-109). Дар як баёни кӯтоҳ ки ин муаллиф овардааст, ба тамоми паҳлуҳои рӯзгори сиёсӣ, вазъи бозаргонӣ ва муҳити фарҳангиву иҷтимоии ин шаҳри қадим ишора шудааст. Шояд иттилои хеле муҳим дар ин навишта вуҷуди пайравони Монӣ дар Самарқанд бошад, ки дар замони истиқрор ва ҳукумати комили ақидаи исломӣ ҳодисаи нодир аст. Дар атрофи Самарқанд пайравони ойини масеҳӣ низ зиндагӣ ва кору эҷод мекардаанд. Ин гувоҳи он аст, ки дар Самарқанд муҳити ҳамзистии ақидаҳои гуногун мавҷуд буда, онро мо дар давраҳои дигар камтар мушоҳида мекунем.
Дар асри Х пас аз Бухоро, Самарқанд бештарин мадрасаҳоро доштааст ва мувофиқи ахбори ҷуғрофӣ пайравони мактабу равияҳои гуногун дар ин шаҳр ба таълиму тадрис машғул будаанд. Аз ҷумла, пайравони мазҳаби шофеъӣ ва шиа низ дар Самарқанд зиндагӣ кардаанд. Чанд донишманди шофеъӣ дар ин шаҳр зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Муҳаққиқи рус С. Прозоров навиштааст, ки дар шаҳри Самарқанд Муҳаммад ибни Масъуди Айёшӣ ном шахс, ки дар соли 932 аз дунё рафтааст, озодона ақидаҳои мазҳаби шиаи имомиро таълим дода, дар фиқҳ ва тафсир соҳиби чанд таълифот низ будааст (8; 18-19). Ин ки дар ин бораи донишмандони зиёди шаҳр китоби алоҳидае бо номи «ал-Қанд фи зикри уламои Самарқанд» падид омадааст, далели зиёдии олимони ин шаҳр мебошад.
Аммо дар ҳазор соли охир дар Самарқанд ҳамеша мазҳаби ғолиби ислом мазҳаби Абуҳанифа будааст, ки далели он ҳузури ҳазорон донишманду муфассиру ва муҳаддису фақеҳ аз ин мазҳаб мебошад.Дар панҷ қарни охир (XV-XIX) пайравони дигар мазҳабҳои исломии Самарқанд тадриҷан ба ҳошия ронда шуда, дигар дар ин шаҳр таъсир надоштанд.
Наздиктарин вилоят ба Самарқанд Бухоро буда, бештарин шаҳру деҳаҳое, ки тобеи вилояти Самарқанд будаанд, дар масири роҳи миёни Самарқанд ва Бухоро қарор гирифта буданд. Яке аз дарвозаҳои аслии шаҳр низ бо номи Бухоро хонда мешуд. Аз ҷумла, Дабусия, Кушония, Арбанҷан, Зармон, Кармина дар ҳамин масир воқеъ гардидаанд. Инчунин, шаҳру деҳоти Панҷакат, Варағсар, Маймурғ, Санҷарфаған, Дарғам ва Маймурғ низ ба вилояти Самарқанд итоат мекарданд. Яке аз маҳаллаҳои машҳур ва тобеъи Самарқанд Мотурид ё Мотурит буд, ки ҳамеша дар он мардуми маҳаллии тоҷик зиндагӣ доштаанд. Корвонсароҳои бешумори Самарқандро Ибни Хурдодбеҳ, Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал писандида, аз зиёд будани хайру саховати мардуми Самарқанд гузориш додаанд.
Асри Х замони шукуфоӣ ва равнақи илму дониш дар Мовароуннаҳр ва хусусан ду шаҳри он – Бухоро ва Самарқанд буд, ки дар ин бора асарҳои зиёде навишта шудааст. Дар чунин шаҳр донишмандону адибони зиёд ба камол расидаанд, ки парвардаи ин муҳит буда, барои тамоми инсоният асар эҷод кардаанд. Дар домани чунин шаҳр ба камол расидани фақеҳ ва мутакаллими барҷастаи олами ислом Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуд Абумансур Мотуридии Самарқандии ҳанафӣ (852-932) ҳодисаи аҷиб нест. Ин шахсият чунон таъсире дар ақидаи аҳли суннат гузошт, ки то имрӯз дар миёни донишмандони ҷаҳон ба он ишора мешавад ва дар замони худ ба унвони «имомулҳудо» мушарраф гардид, ки далолат бар ҷойгоҳи баланди илмӣ ва маънавии ӯ дорад. Ӯ мактаб ва равияеро асос гузошт, ки бо гузашти ҳазор сол ҳанӯз аз он мегӯянду менависанд.
РӮЙХАТИ АДАБИЁТ:
1.Гоибов Г. Ранние походы арабов в Среднюю Азию (644-704 гг.). –Душанбе, 1989.
2.Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. -Душанбе, 2020.
3.Ибни Хурдодбеҳ. Ал-масолик вал мамолик. Тарҷумаи Саиди Хокранд. Теҳрон, 1371.
4.История Самарканда. Т.I. Отв.редактор. И.М.Муминов. –Ташкент, 1969. 484.
5. Мақдисӣ, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад. Аҳсану-т-тақосим фи маърифатил ақолим. Тарҷумаи Алинақии Мунзавӣ. Теҳрон, 1362 с.
6. Муллоҷон С. Ҷуғрофияи таърихии Самарканд (ахди Сомониён). // Фарҳанги тоҷикон ва нақши он дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ ва Ховари Наздик. –Душанбе, 2010. –С. 321-332.
7.Мухторов Абдусаттор. Сомониён: замон ва макон. –Душанбе, 2013.
8.Прозоров С.М. Арабская историческая литература в Ираке, Иране и Средней Азии VII – середине X в.) (шиитская историография). М., ГРВЛ, 1980.
9.Ҳудуду-л-олам минал машриқи илал мағриб. Бо кӯшиши Манучеҳри Сутуда. Теҳрон, 1362.
Санавбар Шарифова
сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ