Холиқзода А.Ғ.
Директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақолаи дуввум:
Боби 2. Иттилоот: манфиат ва таҳдидҳо аз назари илми ҳуқуқ
1. Иттилоот ва намоҳои табиию ҳуқуқии он дар фазои ҳуқуқи миллӣ
«Ҳеҷ як компютери муосир он чизеро ки худи ў иҷро менамояд фаҳм намекунад, мо инсонҳо низ дар бештари мавридҳо аснои иҷрои амалҳо моҳияти онҳоро дарк наме-кунем.»
Марвин Минский
«Инсон ақли сунъиро баровард, вале ҳанўз барои таҳияи эҳсосоти сунъӣ қудрат надорад. Таҳияи эҳсосоти сунъӣ аз зеҳни сунъӣ мушкилтар аст. Ин ҳолат далолат бар он дорад, ки эҳсосот ва узвҳои эҳсосотӣ ҳамчун маҳсули савқи табиӣ ҳодисаи мураккабтар ва олитар аз ақли эҷодгар будааст. Асоситарин унсуре, ки ба зеҳни сунъӣ намерасад, ин худшиносӣ ва дарки манфиати худ аснои ҳалли масъалаҳо аст. Вуҷуди ин унсур дар воситаҳои рақамӣ инсонро ҳамчун ҳодисаи нолозим ба марг ва тамаддунро бо фоҷиаи ногу-зир таъмин мекард.»
Қабл аз он, ки ба моҳияти асри иттилоот аз назари ҳуқуқӣ наздик шавем, моро зарур аст, ки тибқи қонуни нахустини мантиқӣ худи мафҳуми марказии ин даврон «иттилоотро» аз назари ҳуқуқӣ фаҳм намоем, паҳно ва таъиноти истифодаи онро дар ин рисола дуруст амиқ созем. Саволи марказии ин вазифа дар он ифода меёбад, ки зери вожаи «иттилоот» мо чи равандҳоеро дарк менамоем. Иттилоот ҳамчун ливои пешбарандаи тамаддуни муосир тайи сад соли охир бо вуҷуди нуқс ва иллатҳои касбкардааш дар шароити ҷаҳонишавӣ ва инқилобҳои илмӣ – техникӣ дунёро идора мекунад ва ин симати ўро бузургони илм эҳсос карда роҷеъ ба нуфуз ва қудрати он асарҳо ҳам навиштаанд . Иттилоот тибқи андешаи онҳо неруи аслии ҳаракат, намои рушди ҷомеаи муосир аст, ки ба сони маҳаки асосии чархзанандаи тамаддун ҳама дастовардҳои навро на танҳо атрофи худ тобеъ менамояд, инчунин ба тавлиду рушди онҳо замина фароҳам меорад. Беҳуда нест, ки нуктадонон ва мазмунбахшони муосири илми сиёсати ҷаҳонӣ андеша доранд, ки тақдири оянда аз иттилоот ва ақли сунъӣ сахт вобастагӣ дорад.
А. Иттилоот қудрат ва қувват аст
Имрўз ҷойи шубҳа нест, ки иттилоот ва доштани маълумот ин қувват ва то ҷое қудрат аст. Иттилоот неруи бузурги ҳастӣ аст, ки имкон дорад дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳатто муқовимату рақобатҳои иқтисодиву ҳарбӣ ғолибияти гуруҳи инсонҳои соҳибиттилоъро таъмин гардонад. Ба ёд оред ғолибияти Авраам Линколнро дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1861- 1865 дар Амрико, ки чи тавр бо кашидани ҳазорҳо км. хатти алоқа ва огоҳона идора намудани раванди майдони ҷанг ғалабаи Шимолро бар Ҷануб таъмин намуд. Оянда насиби касест, ки иттилоъ дар дасти ўст, мегўянд муҳандисони улуми иҷтимоӣ . Ба қавли Мавлонои Балхии мо, ки ба дарки ин нукта 800 сол муқаддам аз аврупоиҳо расидааст:
Иқтизои ҷон чу эй дил огаҳист,
Ҳарки огаҳтар бувад ҷонаш қавист.
Инсон дар тамоми таърихи мубориза барои ҳаёти арзандааш кўшиш мекард, ки ғояи баробариро ҳамчун унсури зояндаи адлу ин-соф талқин намояд. Вале дар ҳаёти воқеӣ муҳаррики асли рушд вуҷуди нобаробарӣ ва мубориза барои баробаршуданҳо нақши бориз мебозид. Баробари пайдо шудани моликияти хусусӣ даҳҳо ҳазор сол қабл аз мову шумо унсури нобаробарӣ ҳамчун воситаи рушди зиндагии иҷтимоӣ тадриҷан зуҳур кард. Инқилоби аграрӣ ва муносибатҳои феодалӣ моликият ба заминро ҳамчун асос ва ҷавҳари нобаробарӣ рўи кор овард, сипас инқилобҳои буржуазӣ бо мошинаю мануфактураҳо ва заводу фабрикаҳо нобаробариро афзоиш дода, чархи таърихро ба пеш ба ҳаракат дароварда васати байни баробарию нобаробариро дар ҳадди эътидоли сармоядорону коргарон, гўё нигоҳ дошт. Акнун инқилоби биоинжинерӣ ва рушди ақли сунъӣ дар асри иттилоот ба назари Ю.Н. Харарӣ имкон дорад масофаи байни мардуми доро ва одамони лозим ва нолозимро ба маротиб ва ғайричашмдошт тавсеа бахшида, нуфузи нобаробариро ба таври ҳангуфт афзоиш диҳад. Мушкилии асосии аз иттилоот ва инқилобҳои биотехнологӣ рўхзананда он аст, ки раванди иттилоот ба мазмуни моликият ва арзиши иқтисодии тўдаи мардум тағйирпазириро зам намуда, қиммат ва манзалати халқро дар коркарди маҳсулоти зарурӣ камназар намуда, нобаробарии иқтисодиро ба нобаробарии биологӣ табдил доданашон имконпазир аст.
Ба назари муҳаққиқони ояндабин агар дар гузаштаи дур сарвати асосӣ ва сармояи бузурги таснифкунандаи одамон ба дорою нодор ин замин буд ва неруҳои асосии сиёсӣ барои азхуд кардани заминҳои ҳосилхез мубориза мебурданд, дар асри нав ҷойи заминро техника ва воситаҳои истеҳсолот мошину заводҳо гирифтанд. Дар арси ХХ1 бошад, ҷойи машину заводҳоро иттилоот ва маълумот мегирад. Сиёсатмадорон ҷиҳати дар даст доштани иттилооти зарурӣ мубориза мебаранд. Иттилоот дар дасти касе бошад ояндаро ў муқаррар мекунад. Нозукии замони иттилоот низ он аст, ки агар муттаҳид шудани замин ва заводу фабрикаҳои олам ҳамчун сарвати асосии ҷаҳонӣ дар дасти теъдоди нисбатан хурди башар мушкилот дошт, акнун муттаҳид шудани сарвати нав – иттилоот дар дасти бениҳоят ками шахсон имконпазир аст. Ин ҳолат нобаробариро бениҳоят вазнин ва адлро зери фишори дастовардҳои биотехнологӣ бо услубҳои табиию биологӣ ба кастаю навъҳои нави гушношунид таснифбандӣ менамояд.
Ширкатҳои бузурги рақамӣ бо пешниҳоди иттилооти бемаблағ таваҷҷуҳи моро ҷалб намуда, сипас онро ба бозори рекламаҳо ба фурўш мемонад. Вале бо вуҷуди он ҳадафи асли онҳо на дар гирифтани фоида аз ин фуруши таваҷҷуҳи мо аст, балки бештар аз он онҳо дар бораи мо бештар маълумот ҷамъ менамоянд ва моро истифодабарандагони торномаро мисли маҳсулот ҳарвақт хоҳанд идора мекунанд, мегўяд Ю.Н. Харарӣ. Яъне мо танҳо муштарии маблағсупор нестем, балки бештар аз он маҳсулоти истифодашавандаем. Маҳсулоте, ки тавассути воситаҳои равонӣ ва эҳсосотӣ дар зинаи интеллект ба ғуломӣ табдил меёбем. Ин навъи ғуломкунонии фикрӣ аз тобеияти ғуломии даврони ғуломдорӣ, деҳқонони крепостноии замони феодалӣ ва пролетарҳои беҳуқуқӣ ҷомеаи сармоядорӣ вазнинтару сангинтар аст. Зеро ин тобеият ва ғуломӣ бо мол ва сарват набуда, дар доираи меъёри қонун маҳдудшаванда нест, ки фикр ва ғурури инсонӣ дар қалби одамон муборизаро бо ин навъ беадолатӣ тавлид месозад. Тобеияти иттилоотӣ ин навъи ғуломии мафкуравӣ ва то ҷое биологӣ аст, ки дар тафаккури инсон бо унсурҳои эҳсосотӣ ворид шуда, то дарки ақл ва хирад сироят намуда, инсонро дар тафаккураш ғулом месозад ва ҳамагуна эътирозу муноқишаи фикриро бо ин ҳолат ботинан маҳв менамояд. Чунки вай бо эҳсосоту ақлаш ин шакли ғуломиро пазируфтааст. Ин навъи ғуломӣ ўро аз худ розӣ медорад, чунки калиди худшиносӣ ва барои ҳаққи худ мубориза бурдан дар вай ботинан иваз шудааст.
Б. Иттилоот аз воситаи асосии муноқиша то ҷанги когни-тивӣ
Дар таърихи башар иттилоот таърихан нақши вижа ва яроқи мафкуравии муқовимат ва ҷангу ҷидолҳоро низ бозидааст. Ба назари муҳаққиқон ин раванди истифодаи иттилоот аз даврони Троя то асри ХХ1 қариб дар ҳама муноқишаю ҷангу ҷидолҳо сахт эҳсос мегардад. Ба назари профессор И.Н. Панарин «Таъсири иттилоотӣ ва равонӣ ба инсон баробар ба умри инсон ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ аст. Баррасии тарзу усулҳои мушаххаси таъсири иттилоот ба равони инсон дар шароити муосир бояд бо дарназардошти таҷрибаи таърихӣ мавриди таҳлил ва омўзиш қарор гирад. Ҷонибҳои ҷангкунанда аз қадим медонистанд, ки ҷанг бо душман танҳо тавассути яроқ нест, инчунин тавассути таъсири марказонидашудаи фикрӣ ба инсон низ сурат мегирад.». Маҳз ҳамин таъсири марказонидашуда дар шакли ҳиллаю найранг дар ҷанги Троя тақрибан дар солҳои 1200 то милод бо истифодаи Аспи чубини Троя амалан истифода шудааст. Коркарди паҳлуҳои назарии он аз ҷониби Сун Тсзы дар асри У1 то милод бо роҳи ҷосусӣ дар шакли ташкили амалҳои ношоиста дар сарзамини душман, эълони ҷанги адолатнок, нуктаҳои дигари таъсиррасонии ғоявии иттилоот дар ҷанги сисола дар асри ХУ11, дар муҳорибаҳои сарфармондеҳон Суворов А.В. Кутузов М.И., истифодаи тарғибот дар миёни душман ҳамчун навъҳои махсуси иттилоот мушоҳида шудааст, ки аз он муҳаққиқ И.Н. Паранин ба тадриҷ ёдрас намудааст. Мо ин навъҳои тарғибот ва истифодаи иттилоотро дар шаклу воситаҳои мухталиф ҳам дар ҷанги якуми ҷаҳон, ҳам ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҳатто ҳам дар муноқишаҳои нави олам мушоҳида кардем ва карда истодаем. Дар ҷанги моҳи июни соли 2025, ки байни Исроил ва Эрон оғоз шуд, Сарвазири Исроил Нетаняхо дар рўзи сеюми бомбаборони шаҳрҳои Эрон ба мардуми эронӣ муроҷиат карда, халқи Эронро дўсти мардуми яҳуд элон намуда, онҳоро барои сарнагун кардани режими ҳукмрон, ҳатто қисман бо забони форсӣ даъват намуд. Яъне ў иттилоотро дар кори шикасти рақиб истифода кард.
Умаман таърих ва таҷрибаҳои бузурги истифодаи иттилоот гувоҳ аст, ки дар муноқишаю ҷангҳо нахустин шуда мақомҳои иттилоотӣ дар сохторҳои ҳарбӣ рўи кор омадаанд. Яъне, эътирофу ташаккули иттилоот ҳамчун зуҳуроти ногузири низоми идора дар майдони муборизаҳо оғоз шудааст. Соли 1914 дар назди Вазорат оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Британияи Кабир бюрои махсуси «Тарғиботи ҳарбӣ», баъдан «Раёсати иттилооти ҳарбӣ» ва ниҳоят Вазорати иттилоот таъсис дода шуд. Августи соли 1915 дар назди раёсати 2- юми Штаби генералии Вазорати мудофиаи Франсия Шуъбаи хизмати тарғиботи ҳарбӣ таъсис дода шуд, ки вазифааш тавассути варақаҳо паҳн кардани иттилотти барои худ мувофиқ миёни душман буд. Соли 1917 бошад ИМА Комитет оид ба иттилооти ҷамъиятиро В.Вильсон таъсис дод, ки ҳадафи он низ тарғибот бурдан миёни аҳолӣ роҷеъ ба дастгирии иштироки Амрико дар ҷанги ҷаҳонӣ ва сиёсатҳои бо ном сулҳҷўёнаи роҳбарияти Амрико буд. Ҳамин тавр баъдан дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар баробари мақомотҳои тарғиботии ҳарбӣ мо аллакай нақши газетаю радиою телевизионро ҳамчун воситаҳои иттилоотӣ бо усулҳои мухталифи қаҳрамонсозиҳо дар муқовиматҳои ҳарбӣ фаъол эҳсос мекунем.
Дар шароити муосир истифодаи иттилоот дар муноқишаҳо ба як фазаи нав ҷанги когнитивӣ баромадааст, ки мустақиман самти муайяни муқовимати тамаддунҳо ва давлатҳоро муаррифӣ менамояд. Худи истилоҳи когнитив (русӣ когнитивный, англ. cognitive) решаашро аз калимаи лотинии cognitio — «идрок», «фаҳмиш», «шинохт» гирифтааст. Дар шакли калимаи сохташудаи сифати феълии «когнитивӣ» ин истилоҳ маънои равандҳои зеҳнии «фикр кардани хирад, фаҳм кардан эҳсосот, дарк кардани ақл, хулоса баровардани тафаккур, қарор қабул намудан ва ба хотира нигоҳ доштанро фаро мегирад. Яъне, ин ҷангу муноқишаест, ки душман дар нозуктарин нуктаи тафаккури инсон, ҷойгоҳе, ки тамоми нияту гуфтору рафтори инсон шакл мегирад ва дар мувозана ба воқеият қарорҳои муҳим бояд қабул намояд, равона шудааст. Бо мисоли одӣ, душман воситаи биниши ақлу хирад ва узвҳои эҳсосотиро маъанаван бо иттилои ғаразнок, шикаста, шубҳанок нобино ва ё каҷбин месозад.
Тибқи таълимоти умумии эътирофшуда ва таҷибаи муосири ин навъи муноқиша ҷанги когнитивӣ (CW) — ин шакли нави ғайрианъанавии низоъ ё ҷанги ду ва ё зиёда аз давлатҳост, ки ҳадафаш на танҳо нобуд кардани душман бо зӯрӣ, балки таъсир расондан ба шуур, тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва рафтори фардҳо, гурўҳҳо ва иттиҳоди одамони дар сарзамини барои субъекти муборизабаранда ба сифати рақиб қарор дошта, ё зери ҳадафи ғорати молӣ ва ё моддӣ қарор гирифта, зиндагӣ ва кор мекунанд. Ҷанг дар ин майдон дар сатҳи фикр, иттилоот ва равонӣ мегузарад. Мақсади аслаш ин таъсири нодуруст расонидан ба равандҳои фаъолияти шуури одамон, мағзи фикркунандаро аз такягоҳи мантиқӣ ва ақлиаш дур намудан аст.
Ҷанги когнитивӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тақсимоти нави манфиатҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби абарқудратони олам дар минтақаҳои мухталифи дастнигар сахт эҳсос мегардад. Бархўрди ҷиддӣ ва ошокорою пинҳонии онро дар фазои иттилоотӣ байни эҳсосоти салтанатхоҳии тамаддуни англосаксҳо ва дигар тамаддунҳо дар паҳнои метраполияҳои таърихӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи сад соли охир борҳо гувоҳи навъҳои мухталифи ин навъ муноқишаҳои когнитивӣ гардидаанд. Ва таҳлилҳо собит доранд, ки ин раванд ҳанўз ҳам бо вазнинтарин усул идома дорад
Хусусиятҳои асосии муноқишаи когнитивӣ, тибқи таҳлилҳои илмӣ ва унсурҳои иттилоотӣ чунин аст:
1. Ҳадаф:
Тағйир додани қонунияти фикр кардан: аз заминаҳои воқеӣ ба инҳирофи воқеият кўчонидани хулоса ва қарорҳои сиёсӣ, иҷти-моӣ ва шахсии одамон, ба нафъи як гурӯҳ ё давлати муайян қабул намудани қарорҳо.
2. Воситаҳо:
o Паҳн кардани иттилооти дурӯғ (фейкҳо)
o Таблиғоти ғайриахлоқӣ ва шубҳанок дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО
o Мемҳо ва мундариҷаи вирусии харобкунандаи бунёди ҷаҳонбинии илмӣ ва ақлӣ
o Дастгирии идеяҳои ифротӣ, тундрав ва мардумро дар асосҳои гуногун тақсимкунанда
o Истифодаи зеҳни сунъӣ, ботҳо ва алгоритмҳо бо мақсадҳои муайян, бо супоришҳои хоса ва нуқсҳои сохта
3. Усулҳои таъсир:
o Эҷоди тарс, нобоварӣ, бесуботӣ, шакку шубҳа дар фикру амалкардҳо
o Ҷудо кардани гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки ба барангехтани кинаву адоват ва душманӣ мусоидат менамоянд
o Кам кардани эътимоди мардум ба ҳукумат, илм, ВАО ва амният
o Ташкили тасаввуроти бардурӯғ аз воқеият
4. Мисолҳо дар амал:
o Мудохила дар интихобот ва дигар маъракаҳои сиёсӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ
o Ҷалби ҷавонон ба гурўҳҳои тундрави ифротӣ дар Тоҷики-стон
o Тарғиботи ғояҳои ноустувор ва ғайри маънавӣ тавассути сомонаҳои интернетӣ: TikTok, Telegram ва YouTube
5. Майдони асосии ҷанг:
o Тафаккури инсон
6. Воситаи асосӣ:
o Фазои иттилоотӣ
o Платформаҳои рақамӣ
Хатари асосии ҷанги когнитивӣ ҳамчун шакли махсуси муқовимати фикрӣ ва муборизаи манфиатҳо дар он аст, тафаккури рақибро ҳамчун воситаи муқовимат корношоям месозад. Узвҳои эҳсосотӣ ва воситаҳои дарку ақлро аз ботинаш бо иттилои нодуруст, шакку шубҳа ва озодманишҳои бесарҳад корношоям мегардонад. Ин ҳолат бе тиру туп андохтан ҷомеаро ботинан заиф, мардумро пароканда, ба муқобили ҳам гардонда, амният ва оромиро зери хатар гузорад. Мо хеле шудааст, ки дар ҳолати ҷанги когнитивӣ қарор дорем. Мушкилӣ он аст, ки аксари мо онро дарк намекунем. Балки ҳамон воситаҳои сохтаи душманону бадхоҳонамонро ҳамчун ҳақиқат қабул карда, тавассути эҳсосотамон ва кашишҳои савқи табииямон (инстиктивӣ) ба самти шикастани равандҳои фикрӣ, ақлӣ, хулосабарориҳои мантиқӣ устуворона қадами зеҳнӣ зада, воқеиятро шикаста, ҳақиқатро мухталиф, адлро нокомил ва инсофро нолозим назди манфиат қабул карда, ба ҷавононамон таълими нодурусти зиндагӣ медиҳем. Бзургтарин воситаи дарки олами атрофу акноф ақлу хиради мо бо узвҳои эҳсосотиамон дар ҷанги когнитивӣ барвақт дар асорат афтидаанд.
Имрўз зарур аст, ки бо роҳи саводноккунонии ахолӣ, ташкили низоми дурусти таълим, ислоҳои вазъи мактаб, ислоҳоти таълими донишгоҳӣ, баланд бардоштани қадри муаллим, тарбияи худшиносӣ, ватандўстӣ, ахлоқӣ ва таъмини шоистасолории илмӣ фазои иттилоотиро ҷиҳати дарки дурусти равандҳои иҷтимоӣ ва ҷавоби мувофиқ додан ба таҳдидҳо омода намоем. Ҷиҳати омода шудан дар ҷанги когнитивӣ ба чанд самтҳои афзалиятнок диққат додан шарт ва зарур аст:
1.Нахуст зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти фаҳми дурусти мавзуоти баррасишаванда ва ба фасоди фикр партофта-шудаи рақибон омода намоем. Зеро душман домҳои асоратро маҳз дар паҳнои ҳамин мавзуоти нозуки геосиёсӣ ва эътиқодӣ ба намоиш гузошта эҳсосот, боварҳо ва фикрҳои ҷомеаро ба самти он ҷалб менамояд. Зеро ин мавзуот таърихан аз масъалаҳое иборат аст, ки барои миллат ва мардуми мо аҳамияти таърихӣ, ҳувиятӣ ва худшиносиро дошта, дар рунамои ғурури миллӣ ва эътиқодиамон имкони бозӣ карданро доранд. Масъалаҳои зерин дар айни замон ба сифати чунин домҳои фикрӣ баромад менамоянд: а. сўиистифодаи эътиқод ва боварии мардум, ташвиқи ақидаи бегонаи динӣ; б. дастгирии гурўҳҳои иртиҷоӣ, ифротӣ ва террористӣ то ташкили ячейка- ҳои ҳарбӣ дар минтақа , в. бедор карани баҳси ҳудудию марзӣ дар заминаи беадолатиҳои қаблӣ дар шакли қасосгирии таърихӣ ва ҷуғрофӣ , г. шўр ангехтани масоили ҳалталаби экологии зараровар ба иқтисоди миллӣ , д. бедор кардани баҳси истифодаи об дар минтақа, е. ташкили афзоиши бемориҳои муайяни сироятӣ тавассути яроқи биологӣ ва ҳангома оростан атрофи онҳо, ж. ҷалб намудани омма дар рўзҳо ва вақтҳои муайян дар ҷойи амиқ бо мақсади ташкили бетартибиҳо бо рўпўшкунии озодиҳо.
2.Дуюм мавзуоти равонӣ ва мантиқии муноқишаи когнитивӣ таҳлилҳои иҷтимоӣ шуда, аз ҷониби олимони равоншиносӣ ва мантиқ усулҳои илмии муқовимат бо он дар сатҳи донишгоҳҳо ва академияҳои миллӣ коркард шавад.
3.Фазои иттилоотӣ аз назари ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ дуруст таҳти назорат гирифта шавад.
4.Доира ва тартиби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, торномаҳои интернетӣ, зеҳни сунъӣ дар сатҳи илм бо қарорҳои дахлдори сиёсӣ, молӣ ва ҳуқуқӣ қатъӣ мушаххас карда шавад.
В. Иттилоот эътиқодро иваз менамояд
Инсон бо технологияи компютерӣ ба ҳадде наздик мешавад, ки бузургтарин неъмати худ иттилоотро роҷеъ ба худаш ва тамоми хо-стаю табиаташ, ки аз ҳарими ҳарами озодиҳои шахсиаш арчашма мегирад пешорўи ақли сунъии техноолгияҳои иттилоотӣ мегузорад. Ў худро урён назди технология ва воситаҳои иттилоотӣ ҳамчун объект вогузор менамояд. Ҳоло номаълум аст, ки иттилоот ва воситаҳои иттилоотонӣ ўро чигуна истифода менамоянд. Назарҳо гуногун аст. Харари Ю.Н. андеша дорад, ки «Омезиш ёфтани иттилооти рақамӣ бо технологияи биологӣ ба арзишҳои бунёдии башар – озодӣ ва баробарӣ таҳдид эҷод менамоянд. Ҳамгуна муқовимат бо таҳдиди технологӣ бояд дар ҳамкории ҷаҳонӣ сурат гирад. Вале ба ин ҳамкорӣ тақсимшавии башар ба дастаҳои мухолифу муноқишаангези дар заминаи эҳсосоти миллӣ, эътиқодӣ ва фарҳангӣ рўзананда монеаҳо эҷод мекунад ».
Тибқи консепсияи фалсафӣ –фарҳангии «датаизм» Ю.Н. Харари маълумот ва коркарди онро дар асри иттилоот арзишӣ олӣ ва ҳадафи марказии башар донистааст. Тибқи ин андеша: на Худо на табиат, балки маълумот неъмати асосӣ барои инсон аст; олам ҳам организмҳои биологӣ ва ҳам машинаҳои техникӣ дар он мисли низоми ягонаи коркарди иттилоот аст; агар алгоритмҳо қарори дурусттар аз инсон қабул намоянд шуур ва озодии иродаи инсон таҳти шубҳа меафтад; мавқеи гуманизмро датаизм бо саволи «бо иттилоот ва маълумотҳо чи рўх медиҳад» иваз менамояд. Аз ин равиш датаизм ин таълимотест, ки инсонро ҳамчун алгоритми биологӣ қабул намуда, маълумотро арзиши олӣ дониста, идораи ояндаро ба онҳое мансуб медонад, ки иттилоот ва маънидоди дурусти онро дар даст доранд. Датаизмро муаллиф ҳамчун дини маълумотҳо муаррифӣ намуда аст.
В. Иттилоот унсури муҳимми ҳастӣ
Кайҳон ва олами ҳастии мо, ки онро ба қадри ҳол мушоҳида ва то ҷое эҳсос менамоем ба назари борикбинони илмӣ ва тахассусӣ аз се ҳодисаи бузург иборат аст: неру (қувват), модда ва иттилоот (информатсия). Ба назари онҳо маҳз иттилоот Кайҳонро на танҳо ҷолиб, балки то сатҳе идорашаванда менамояд . Ҳатто дар ғояи таъсиррасонии эътиқодӣ низ мо вуҷуди таъсири иттилоотро дар даст дорем. Дузаху биҳишт натиҷаи иттилооти баланди Офаридгор аст, ки дар қудрат ва тавоноӣ ифода ёфта, бо дигар сифатҳои зотӣ инсонро назорат менамояд. Соҳиби қудрат ва иттилоот аз ҳар зарра рафтору гуфтор ва ниятҳои инсон огаҳӣ дошта, бозгашти ўро мувофиқ ба роҳи интихобкардааш муқаррар менамояд. Ба қавли сўфиён «Гар мурчае дам занад андар таги чоҳ, Огаҳ зи дами мурча дар чоҳ Туӣ (яъне Худованд)». Маҳз ҳамин сифати зотии илоҳиро дар кунгураи фаҳм ва қабули олам дар консепсияи фалсафӣ мадании датаизм мавриди истифода қарор дода, муҳаққиқон кайҳонро ҳамчун селобаи иттилоот- хабарҳо шарҳ додаанд. Ин дидгоҳ дар заминаи ду кашфиёти бузурги илмӣ яке назарияи таҳаввулоти навъҳои мавҷудоти зиндаи Ч. Дарвин ва ғояи техно-логии машинаи Алан Тюринг тадриҷан рў ба ҳаёти илмӣ оварда-аст.
Ҳарчанд, ки барои вуҷуди модда ва неру оромии нисбӣ низ марговар нест, вале барои зуҳури иттилоот шарту шароити хос ногузир аст. Алоқаи пайваста, назорати доимӣ ва васли манфиату зарарҳо тавассути хатҳои он сурат мегирад. Имрўз бузургшавию қудратмандӣ, бойшавию касодӣ, рушду фурўрезӣ аз қаринаҳои мухталифи иттилоот ва шалки муносибат бо он таҳия мегарданд. Гузашта аз он иттилоот дар шароити муосир таърих месозад, мафкура ташаккул медиҳад, падидахои бузруги ҷаҳониро тавлиду нест менамояд. Ҷомеаи муосир зери фишори иттилооти азим, тавассути таъсири сайтҳо ва блогерҳои мухталифи интернетӣ ба сони як компютери азими коллективӣ табдил ёфтааст, ки имкониятҳои он рўз аз рўз бо шаклҳои нави алоқаи рақамӣ тавсеа меёбад . Иттилоот баро рушду ҷомеа ва тамаддун аз паҳноҳои мухталиф хизмат намуда, қонуну қоидаҳои бозии саодатмандии башарро дар сатҳҳои муайян кашида истодааст, вале аз ҷониби дигар ин васеъшавии иттилооти рақамӣ дар ҳолати бепаҳноии ахлоқӣ ба иллату нуқсҳои гуногун гирифтор шуда, ба тақдири ояндаи оромонаи инсоният хатти батлон кашида истодааст. Ин, албатта, як самти таҳдиди иттилоот ба фарҳанги муосир аст. Имрўз ақли инсониро зарур аст, ки роҳҳои табобати ин сарҳуйиро ҳарчи зудтар пайдо намуда, олудашавии онро бо фисқу фасод пешгирӣ намояд. Барои ин кор тарзе ишора шуд зарур аст, ки барои худ ҳазм намоем, ки дар шароити имрўз ва дар сатҳи ин навишта мо зери мафҳуми «иттилоот» кадом нуктаҳои онро бояд мадди назар гирем. Зеро воқеан бо ҷаҳонишавии ин ҳодиса нуктаҳо ва таъиноти ин падида мураккаб ва гуногунҷабҳа дарк ва эҳсос мегарданд.
Сараввал бояд фаҳм намоем, ки фаҳми истилоҳи «иттилоот» дар фазои илми пасошуравӣ ва ҷомеаҳои ғарбӣ тафовутҳои худро дорад. Ин тавофут ба гуногунии истифодаи он дар илм мусоидат мекунад ва баҳсу мунозара ва ковишҳои илмиро дар иллату музаффарияташ заъф мебахшад. Агар фаҳми мафҳуми иттилоотро дар замони пасошуравӣ бо номи фаҳми шарқӣ шартан баён намоем, пас шакли ғарбиаш мансуб ба Аврупои Ғарбӣ ва Амрико дорад. Дар Шарқ мо одатан аснои он, ки бо иттилоот сару кор мегирем қабл аз ҳама маълумот ва хабареро, ки тавассути сарчашмаҳои муайяни расонаӣ дар кадом шакле набошад даҳонӣ, хаттӣ, рақамӣ ва ё ғайри он фаҳм менамоем. Хабар тибқи низоми таълими классикӣ шакли ибтидоии иттилоот аст, ки дар силсилаи фаъолияти интеллектуалӣ дар зинаи аввал қарор дошт. Инсон хабари қабулшударо ба иттилоъ, иттилоъро ба дониш ва донишро ба хирад чун анъана табдил медод. Аз ҳамин дидгоҳ ҷонибдорони ғояи «нақл»-ии дониш Абўҳасани Ашъарӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ ва дигар уламои анъанавӣ дар фалсафаи калом ба бисёр масъалаҳои илмӣ нигариста, дар иддае аз мушаххасоти усулӣ ба дидгоҳи «датаизм»- ғарбӣ ҳамаақдиа буданд. Вале фаҳмиши муосири иттилоот махсусан дар Ғарб ва дидгоҳи датаизм коркарди хабар ва иттилоотро дигар ба қудрат ва тавоноии инсон шоиста надониста, онро ба қудрати мошинҳои технологӣ ва иттилооти рақамӣ чун протсессору зеҳни сунъӣ мувофиқ медонанд. Мо ҳуқуқшиносн бошад, дар ин иттилоотшиносӣ калиди иттилоотро, дар ҳуқуқ ба озодии сухан ва баёни андеша мансуб дониста, воситаи татбиқи онро ба нашриёт, васоити ахбори омма, интернет ва амсоли инҳо васл мекунем.
Аммо, тарзе ишора шуд, зери мафҳуми иттилоот дар адабиёти ғарбӣ маънои васеътаре фаҳм мегардад. Мисол, муҳаққиқ Сезар Идалго Кайҳонро аз се қисмат иборат медонад: неру (қувват- энергия), модда (материя) ва иттилоот. Ў дар асоси таҳқиқоти Л. Болтсман ва К. Шеннон иттилоотро синоними (ҳаммаънои) ғайризаминӣ, ғайрифизикӣ, рақамӣ, бевазнӣ ва ғайримоддӣ фаҳм менамояд. Аз ин қарина ҳатто илму дониш, ки кушояндаи асрори ҳастӣ барои инсонанд мисли қисми таркибии сифати иттилооти Кайҳон баромад мекунанд.
Консепсияи ғарбии фаҳмиши иттилоот ва худи датаизм то ҷое шабоҳат ба шакли анъанавии эътироф ва афзалияти хабар-нақл ба ақлро дар илоҳиётшиносии исломӣ мемонад. Ин алабтта, дар ҳоли ҳозир як фарзия асту халос, зеро таҳқиқ ва муқоисаҳои илмиии мушаххасро тақозо дорад. Вале ин фарзия одӣ набуда то ҷое инқилобӣ хоҳад буд, зеро дар сурати исбот шудани ин умумият навгониҳои ҳангуфти илми ғарбӣ ба ҷуз аз модернизатсияи дидгоҳи кўҳнашудаи шарқӣ азамати илмии дигаре нахоҳад дошт.