Қисми 2.Асри иттилооот: манфиат ва таҳдидҳо аз назари илми ҳуқуқ

1.Иттилоот ва намоҳои табиию ҳуқуқии он дар фазои ҳуқуқи миллӣ
«Ҳеҷ як компютери муосир он чизеро ки худи ў иҷро менамояд фаҳм намекунад, мо инсонҳо низ дар бештари мавридҳо аснои иҷрои амалҳо моҳияти онҳоро дарк намекунем.»
Марвин Минский
«Инсон ақли сунъиро баровард, вале ҳанўз барои эҳсосоти сунъӣ ў қудрат надорад. Таҳияи зеҳни сунъӣ аз эҳсосоти сунъӣ саҳлтар шудааст, ин ҳолат далолат бар он дорад, ки эҳсосот ва узвҳои эҳсосотӣ ҳамчун маҳсули савқи табиӣ ҳодисаи мураккабтар ва олитар аз ақли эҷодгари мо менамояд. Ягона ва асоситарин ҳолате, ки ба зеҳни сунъӣ намерасад, ин худшиносӣ ва дарки манфиати худ аснои ҳалли масъалаҳо аст, ки ҳам ба эҳсосот ва ҳам ба идрок дар мувозона ва иртиботи устувор қарор дорад. Вуҷуди ин ҳолат дар воситаҳои рақамӣ инсонро ҳамчун ҳодисаи нолозим ба марг ва тамаддунро бо фоҷиаи ногузир таъмин мекард.»
Қабл аз оне, ки ба моҳияти асри иттилоот аз назари ҳуқуқӣ наздик шавем моро зарур аст, ки тибқи қонуни нахустини мантиқӣ худи мафҳуми марказии ин даврон «иттилоотро» аз назари ҳуқуқӣ фаҳм намоем, паҳно ва таъиноти истифодаи онро дар ин рисола дуруст амиқ созем. Саволи марказии ин вазифа дар он ифода меёбад, ки зери вожаи «иттилоот» мо чи равандҳоеро дарк менамоем. Иттилоот ҳамчун ливои пешбарандаи тамаддуни муосир тайи сад соли охир бо вуҷуди нуқс ва иллатҳои касбкардааш дар шароити ҷаҳонишавӣ ва инқилобҳои илмӣ – техникӣ дунёро идора мекунад ва ин симати ўро бузургони илм эҳсос карда роҷеъ ба нуфуз ва қудрати он асарҳо ҳам навиштаанд . Иттилоот тибқи андешаи онҳо неруи аслии ҳаракат, намои рушди ҷомеаи муосир аст, ки ба сони маҳаки асосии чархзанандаи тамаддун ҳама дастовардҳои навро на танҳо атрофи худ тобеъ менамояд, инчунин ба тавлиду рушди онҳо замина фароҳам меорад. Беҳуда нест, ки нуктадонон ва мазмунбахшони муосири илми сиёсати ҷаҳонӣ андеша доранд, ки тақдири оянда аз иттилоот ва ақли сунъӣ сахт вобастагӣ дорад.
А. Иттилоот қудрат ва қувват аст
Имрўз ҷойи шубҳа нест, ки иттилоот ва доштани маълумот ин қувват ва то ҷое қудрат аст. Иттилоот неруи бузурги ҳастӣ аст, ки имкон дорад дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳатто муқовимату рақобатҳои иқтисодиву ҳарбӣ ғолибияти гуруҳи инсонҳои соҳибиттилоъро таъмин гардонад. Ба ёд оред ғолибияти Авраам Линколнро дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1861- 1865 дар Амрико, ки чи тавр бо кашидани ҳазорҳо км. хатти алоқа ва огоҳона идора намудани раванди майдони ҷанг ғалабаи Шимолро бар Ҷануб таъмин намуд. Оянда насиби касест, ки иттилоъ дар дасти ўст, мегўянд муҳандисони улуми иҷтимоӣ . Ба қавли Мавлонои Балхии мо, ки ба дарки ин нукта 800 сол муқаддам аз аврупоиҳо расидааст:
Иқтизои ҷон чу эй дил огаҳист,
Ҳарки огаҳтар бувад ҷонаш қавист.
Инсон дар тамоми таърихи мубориза барои ҳаёти арзандааш кўшиш мекард, ки ғояи баробариро ҳамчун унсури зояндаи адлу инсоф талқин намояд. Вале дар ҳаёти воқеӣ муҳаррики асли рушд вуҷуди нобаробарӣ ва мубориза барои баробаршуданҳо нақши бориз мебозид. Баробари пайдо шудани моликияти хусусӣ даҳҳо ҳазор сол қабл аз мову шумо унсури нобаробарӣ ҳамчун воситаи рушди зиндагии иҷтимоӣ тадриҷан зуҳур кард. Инқилоби аграрӣ ва муносибатҳои феодалӣ моликият ба заминро ҳамчун асос ва ҷавҳари нобаробарӣ рўи кор овард, сипас инқилобҳои буржуазӣ бо мошинаю мануфактураҳо ва заводу фабрикаҳо нобаробариро афзоиш дода, чархи таърихро ба пеш ба ҳаракат дароварда васати байни баробарию нобаробариро дар ҳадди эътидоли сармоядорону коргарон, гўё нигоҳ дошт. Акнун инқилоби биоинжинерӣ ва рушди ақли сунъӣ дар асри иттилоот ба назари Ю.Н. Харарӣ имкон дорад масофаи байни мардуми доро ва одамони лозим ва нолозимро ба маротиб ва ғайричашмдошт тавсеа бахшида, нуфузи нобаробариро ба таври ҳангуфт афзоиш диҳад. Мушкилии асосии аз иттилоот ва инқилобҳои биотехнологӣ рўхзананда он аст, ки раванди иттилоот ба мазмуни моликият ва арзиши иқтисодии тўдаи мардум тағйирпазириро зам намуда, қиммат ва манзалати халқро дар коркарди маҳсулоти зарурӣ камназар намуда, нобаробарии иқтисодиро ба нобаробарии биологӣ табдил доданашон имконпазир аст.
Ба назари муҳаққиқони ояндабин агар дар гузаштаи дур сарвати асосӣ ва сармояи бузурги таснифкунандаи одамон ба дорою нодор ин замин буд ва неруҳои асосии сиёсӣ барои азхуд кардани заминҳои ҳосилхез мубориза мебурданд, дар асри нав ҷойи заминро техника ва воситаҳои истеҳсолот мошину заводҳо гирифтанд. Дар арси ХХ1 бошад, ҷойи машину заводҳоро иттилоот ва маълумот мегирад. Сиёсатмадорон ҷиҳати дар даст доштани иттилооти зарурӣ мубориза мебаранд. Иттилоот дар дасти касе бошад ояндаро ў муқаррар мекунад. Нозукии замони иттилоот низ он аст, ки агар муттаҳид шудани замин ва заводу фабрикаҳои олам ҳамчун сарвати асосии ҷаҳонӣ дар дасти теъдоди нисбатан хурди башар мушкилот дошт, акнун муттаҳид шудани сарвати нав – иттилоот дар дасти бениҳоят ками шахсон имконпазир аст. Ин ҳолат нобаробариро бениҳоят вазнин ва адлро зери фишори дастовардҳои биотехнологӣ бо услубҳои табиию биологӣ ба кастаю навъҳои нави гушношунид таснифбандӣ менамояд.
Ширкатҳои бузурги рақамӣ бо пешниҳоди иттилооти бемаблағ таваҷҷуҳи моро ҷалб намуда, сипас онро ба бозори рекламаҳо ба фурўш мемонад. Вале бо вуҷуди он ҳадафи асли онҳо на дар гирифтани фоида аз ин фуруши таваҷҷуҳи мо аст, балки бештар аз он онҳо дар бораи мо бештар маълумот ҷамъ менамоянд ва моро истифодабарандагони торномаро мисли маҳсулот ҳарвақт хоҳанд идора мекунанд, мегўяд Ю.Н. Харарӣ. Яъне мо танҳо муштарии маблағсупор нестем, балки бештар аз он маҳсулоти истифодашавандаем. Маҳсулоте, ки тавассути воситаҳои равонӣ ва эҳсосотӣ дар зинаи интеллект ба ғуломӣ табдил меёбем. Ин навъи ғуломкунонии фикрӣ аз тобеияти ғуломии даврони ғуломдорӣ, деҳқонони крепостноии замони феодалӣ ва пролетарҳои беҳуқуқӣ ҷомеаи сармоядорӣ вазнинтару сангинтар аст. Зеро ин тобеият ва ғуломӣ бо мол ва сарват набуда, дар доираи меъёри қонун маҳдудшаванда нест, ки фикр ва ғурури инсонӣ дар қалби одамон муборизаро бо ин навъ беадолатӣ тавлид месозад. Тобеияти иттилоотӣ ин навъи ғуломии мафкуравӣ ва то ҷое биологӣ аст, ки дар тафаккури инсон бо унсурҳои эҳсосотӣ ворид шуда, то дарки ақл ва хирад сироят намуда, инсонро дар тафаккураш ғулом месозад ва ҳамагуна эътирозу муноқишаи фикриро бо ин ҳолат ботинан маҳв менамояд. Чунки вай бо эҳсосоту ақлаш ин шакли ғуломиро пазируфтааст. Ин навъи ғуломӣ ўро аз худ розӣ медорад, чунки калиди худшиносӣ ва барои ҳаққи худ мубориза бурдан дар вай ботинан иваз шудааст.
Б. Иттилоот кўшиши эътиқодро иваз намудан дорад
Инсон бо технологияи компютерӣ ба ҳадде наздик мешавад, ки бузургтарин неъмати худ иттилоотро роҷеъ ба худаш ва тамоми хостаю табиаташ, ки аз ҳарими ҳарами озодиҳои шахсиаш арчашма мегирад пешорўи ақли сунъии техноолгияҳои иттилоотӣ мегузорад. Ў худро урён назди технология ва воситаҳои иттилоотӣ ҳамчун объект вогузор менамояд. Ҳоло номаълум аст, ки иттилоот ва воситаҳои иттилоотонӣ ўро чигуна истифода менамоянд. Назарҳо гуногун аст. Харари Ю.Н. андеша дорад, ки «Омезиш ёфтани иттилооти рақамӣ бо технологияи биологӣ ба арзишҳои бунёдии башар – озодӣ ва баробарӣ таҳдид эҷод менамоянд. Ҳамгуна муқовимат бо таҳдиди технологӣ бояд дар ҳамкории ҷаҳонӣ сурат гирад. Вале ба ин ҳамкорӣ тақсимшавии башар ба дастаҳои мухолифу муноқишаангези дар заминаи эҳсосоти миллӣ, эътиқодӣ ва фарҳангӣ рўзананда монеаҳо эҷод мекунад.»
Тибқи консепсияи фалсафӣ –фарҳангии «датаизм» Ю.Н. Харари маълумот ва коркарди онро дар асри иттилоот арзишӣ олӣ ва ҳадафи марказии башар донистааст. Тибқи ин андеша: на Худо на табиат, балки маълумот неъмати асосӣ барои инсон аст; олам ҳам организмҳои биологӣ ва ҳам машинаҳои техникӣ дар он мисли низоми ягонаи коркарди иттилоот аст; агар алгоритмҳо қарори дурусттар аз инсон қабул намоянд шуур ва озодии иродаи инсон таҳти шубҳа меафтад; мавқеи гуманизмро датаизм бо саволи «бо иттилоот ва маълумотҳо чи рўх медиҳад» иваз менамояд. Аз ин равиш датаизм ин таълимотест, ки инсонро ҳамчун алгоритми биологӣ қабул намуда, маълумотро арзиши олӣ дониста, идораи ояндаро ба онҳое мансуб медонад, ки иттилоот ва маънидоди дурусти онро дар даст доранд. Датаизмро муаллиф ҳамчун дини маълумотҳо муаррифӣ намуда аст.
В. Иттилоот унсури муҳимми ҳастӣ
Кайҳон ва олами ҳастии мо, ки онро ба қадри ҳол мушоҳида ва то ҷое эҳсос менамоем ба назари борикбинони илмӣ ва тахассусӣ аз се ҳодисаи бузург иборат аст: неру (қувват), модда ва иттилоот (информатсия). Ба назари онҳо маҳз иттилоот Кайҳонро на танҳо ҷолиб, балки то сатҳе идорашаванда менамояд . Ҳатто дар ғояи таъсиррасонии эътиқодӣ низ мо вуҷуди таъсири иттилоотро дар даст дорем. Дузаху биҳишт натиҷаи иттилооти баланди Офаридгор аст, ки дар қудрат ва тавоноӣ ифода ёфта, бо дигар сифатҳои зотӣ инсонро назорат менамояд. Соҳиби қудрат ва иттилоот аз ҳар зарра рафтору гуфтор ва ниятҳои инсон огаҳӣ дошта, бозгашти ўро мувофиқ ба роҳи интихобкардааш муқаррар менамояд. Ба қавли сўфиён «Гар мурчае дам занад андар таги чоҳ, Огаҳ зи дами мурча дар чоҳ Туӣ (яъне Худованд)». Маҳз ҳамин сифати зотии илоҳиро дар кунгураи фаҳм ва қабули олам дар консепсияи фалсафӣ мадании датаизм мавриди истифода қарор дода, муҳаққиқон кайҳонро ҳамчун селобаи иттилоот- хабарҳо шарҳ додаанд. Ин дидгоҳ дар заминаи ду кашфиёти бузурги илмӣ яке назарияи таҳаввулоти навъҳои мавҷудоти зиндаи Ч. Дарвин ва ғояи технологии машинаи Алан Тюринг тадриҷан рў ба ҳаёти илмӣ овардааст.
Ҳарчанд, ки барои вуҷуди модда ва неру оромии нисбӣ низ марговар нест, вале барои зуҳури иттилоот шарту шароити хос ногузир аст. Алоқаи пайваста, назорати доимӣ ва васли манфиату зарарҳо тавассути хатҳои он сурат мегирад. Имрўз бузургшавию қудратмандӣ, бойшавию касодӣ, рушду фурўрезӣ аз қаринаҳои мухталифи иттилоот ва шалки муносибат бо он таҳия мегарданд. Гузашта аз он иттилоот дар шароити муосир таърих месозад, мафкура ташаккул медиҳад, падидахои бузруги ҷаҳониро тавлиду нест менамояд. Ҷомеаи муосир зери фишори иттилооти азим, тавассути таъсири сайтҳо ва блогерҳои мухталифи интернетӣ ба сони як компютери азими коллективӣ табдил ёфтааст, ки имкониятҳои он рўз аз рўз бо шаклҳои нави алоқаи рақамӣ тавсеа меёбад . Иттилоот баро рушду ҷомеа ва тамаддун аз паҳноҳои мухталиф хизмат намуда, қонуну қоидаҳои бозии саодатмандии башарро дар сатҳҳои муайян кашида истодааст, вале аз ҷониби дигар ин васеъшавии иттилооти рақамӣ дар ҳолати бепаҳноии ахлоқӣ ба иллату нуқсҳои гуногун гирифтор шуда, ба тақдири ояндаи оромонаи инсоният хатти батлон кашида истодааст. Ин, албатта, як самти таҳдиди иттилоот ба фарҳанги муосир аст. Имрўз ақли инсониро зарур аст, ки роҳҳои табобати ин сарҳуйиро ҳарчи зудтар пайдо намуда, олудашавии онро бо фисқу фасод пешгирӣ намояд. Барои ин кор тарзе ишора шуд зарур аст, ки барои худ ҳазм намоем, ки дар шароити имрўз ва дар сатҳи ин навишта мо зери мафҳуми «иттилоот» кадом нуктаҳои онро бояд мадди назар гирем. Зеро воқеан бо ҷаҳонишавии ин ҳодиса нуктаҳо ва таъиноти ин падида мураккаб ва гуногунҷабҳа дарк ва эҳсос мегарданд.
Сараввал бояд фаҳм намоем, ки фаҳми истилоҳи «иттилоот» дар фазои илми пасошуравӣ ва ҷомеаҳои ғарбӣ тафовутҳои худро дорад. Ин тавофут ба гуногунии истифодаи он дар илм мусоидат мекунад ва баҳсу мунозара ва ковишҳои илмиро дар иллату музаффарияташ заъф мебахшад. Агар фаҳми мафҳуми иттилоотро дар замони пасошуравӣ бо номи фаҳми шарқӣ шартан баён намоем, пас шакли ғарбиаш мансуб ба Аврупои Ғарбӣ ва Амрико дорад. Дар Шарқ мо одатан аснои он, ки бо иттилоот сару кор мегирем қабл аз ҳама маълумот ва хабареро, ки тавассути сарчашмаҳои муайяни расонаӣ дар кадом шакле набошад даҳонӣ, хаттӣ, рақамӣ ва ё ғайри он фаҳм менамоем. Хабар тибқи низоми таълими классикӣ шакли ибтидоии иттилоот аст, ки дар силсилаи фаъолияти интеллектуалӣ дар зинаи аввал қарор дошт. Инсон хабари қабулшударо ба иттилоъ, иттилоъро ба дониш ва донишро ба хирад чун анъана табдил медод. Аз ҳамин дидгоҳ ҷонибдорони ғояи «нақл»-ии дониш Абўҳасани Ашъарӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ ва дигар уламои анъанавӣ дар фалсафаи калом ба бисёр масъалаҳои илмӣ нигариста, дар иддае аз мушаххасоти усулӣ ба дидгоҳи «датаизм»- ғарбӣ ҳамаақдиа буданд. Вале фаҳмиши муосири иттилоот махсусан дар Ғарб ва дидгоҳи датаизм коркарди хабар ва иттилоотро дигар ба қудрат ва тавоноии инсон шоиста надониста, онро ба қудрати мошинҳои технологӣ ва иттилооти рақамӣ чун протсессору зеҳни сунъӣ мувофиқ медонанд. Мо ҳуқуқшиносн бошад, дар ин иттилоотшиносӣ калиди иттилоотро, дар ҳуқуқ ба озодии сухан ва баёни андеша мансуб дониста, воситаи татбиқи онро ба нашриёт, васоити ахбори омма, интернет ва амсоли инҳо васл мекунем.
Аммо, тарзе ишора шуд, зери мафҳуми иттилоот дар адабиёти ғарбӣ маънои васеътаре фаҳм мегардад. Мисол, муҳаққиқ Сезар Идалго Кайҳонро аз се қисмат иборат медонад: неру (қувват- энергия), модда (материя) ва иттилоот. Ў дар асоси таҳқиқоти Л. Болтсман ва К. Шеннон иттилоотро синоними (ҳаммаънои) ғайризаминӣ, ғайрифизикӣ, рақамӣ, бевазнӣ ва ғайримоддӣ фаҳм менамояд. Аз ин қарина ҳатто илму дониш, ки кушояндаи асрори ҳастӣ барои инсонанд мисли қисми таркибии сифати иттилооти Кайҳон баромад мекунанд. Консепсияи ғарбии фаҳмиши иттилоот ва худи датаизм то ҷое шабоҳат ба шакли анъанавии эътироф ва афзалияти хабар-нақл ба ақлро дар илоҳиётшиносии исломӣ мемонад. Ин алабтта, дар ҳоли ҳозир як фарзия асту халос, зеро таҳқиқ ва муқоисаҳои илмиии мушаххасро тақозо дорад. Вале ин фарзия одӣ набуда то ҷое инқилобӣ хоҳад буд, зеро дар сурати исбот шудани ин умумият навгониҳои ҳангуфти илми ғарбӣ ба ҷуз аз модернизатсияи дидгоҳи кўҳнашудаи шарқӣ азамати илмии дигаре нахоҳад дошт.
Холиқзода А.Ғ. – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх