Ҳамасола дар моҳи июн бахшида ба рӯзи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» аз ҷониби Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш, мизи мудаввар ё конференсия бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ташкил карда мешавад.
18 июни соли 2025 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Қонуни танзим – омили худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ» бо иштироки васеи коршиносону мутахассисон, ходимони дин ва донишмандони соҳа баргузор гардид.
Дар кори конференсия Додарзода Илҳом намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Абдураҳим Ғафор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ҷамшедзода Ҷамшед, Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Рустамзода Дилафрӯз Абдусалом, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Бобоҷон, корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим конференсияро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” барои зиндагии шоистаи мардум равона шудааст.
Зиндагӣ собит сохт, ки Қонуни миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат пешниҳод ва қабул гардида, иқдоми саривақтиву зарурӣ буда, ба ҳар як сокини мамлакат манфиати худро расонид. Дуруст будани иқдоми Сарвари давлатро далелҳои дар боло зикргардида тақвият мебахшанд.
Агар кас нек бияндешад, дарк мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои тамоми халқу кишварро ҳимоя намуда, ба насли имрўза дарси илму адаб, ақлу амал, аҳду вафо, афву хирад, сабру саховат, шукру сипос, сарфаю сариштакориро омўзонид ва шароите ба вуҷуд овард, ки тафаккури нави миллӣ пайдо шавад.
Ҳамин тариқ, иштирокчиёни конфронс дар ду бахш: бахши аввал дар бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа ва бахши дуюм дар бинои Маркази исломшиносӣ иштирок ва дар мавзуоти омодаи намудаи худ маърӯза намуданд.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни конфронс табодули афкор сурат гирифт.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ