Одинаева Шарифамо Назримадовна – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Андешаҳои забоншиносии форсӣ-тоҷикӣ дар фарҳанги “Анҷуманорои Носирӣ” ва муқоисаи онҳо бо “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ””, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хоҷаев Давлатбек барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсат ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаева Шарифаморо барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳо таманно менамоянд.