12- уми июни соли 2025 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ” бо иштироки олимон ва коршиносон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода иштирок ва дар мавзуи “Андеша перомуни се омили муҳаррики Ваҳдати миллӣ” суханронӣ намуд.
Директори Марказ ёдовар шуданд, ки “То расидан ба ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат то расидан ба Ваҳдати миллӣ ором набуд.
Дар ҳақиқат қаҳрамон буд, қаҳрамоне, ки ният ва маромаш оромии ҳар хонадон ва мардуми Тоҷикистон буд. Худованд, табиат, замона ва таърих дер ҳам бошад садои дили ин миллати азияткашидаро шунида, ба ӯ фарзанди асили бардорандаи бори таърих ва замонаро дода буд”.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни ҳамоиш табодули афкор сурат гирифта, бо супоридани туҳфаҳо ба итмом расид.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ