Панду андарзҳо ва дӯстӣ дар осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Тавре, ки айён аст қариб тамоми ашъори пурмазмуни Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ) панду андарзҳо ва насиҳат мебошад. Суханони дилангезу пурмазмуни ӯ ҳар шахси оқилу дарандешро ба сӯӣ қуллаҳои баландиилму маърифат, хушахлоқию ватандӯстӣ ва сабру таҳаммул равона мекунад.
Панду насиҳат дар ашъори Мавлоно бисёр дилкашу мафтункунанда тасвир ёфтааст. Байтҳои ӯ як ҷаҳон маъно дошта, хонандаро ба шӯру шавқ оварда, ӯро барои ҳаёти ибратбахшу одоби нек ҳидоят менамояд.
Аз насиҳат тоза гардад ҳар диле,
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар манзиле.
Масъалаҳои дӯстиву ахлоқӣ, панду насиҳат, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибати устоду шогирд (пиру мурид) дар осори Мавлоно мавқеъи марказӣ доранд. Инчунин мавзуъ ё ибораи «Инсони комил» дар таълимоти Ҷалолиддини Румӣ мақоми махсусеро ишғол мекунад. Ба андешаи ӯ бисёр воқеа ва ҳодисаҳои судманди ҳаёти ҷомеа ба мавҷудият фаолияти инсони комил иртиботи мустаҳкам дорад. Бештари осори Мавлоно хусусияти пандомӯзӣ доранд ва хонандаву шунавандаро ба роҳи рост, ростию росткорӣ равона месозад. Хусусан нақлу ривоятҳое, ки дар шакли саволу ҷавоби Мовлоно ва шахси дигар гуфта шудаанд ин хусусиятро бештар мушоҳида мекунем.
Аз Мавлоно пурсиданд:
-Адаб чист?
Мавлоно гуфтааст:
Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар ,бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.
Инчунин: шоир таъқид бар он менамояд, ки саодатмандӣ, бахту некрӯзии инсон дар покии виҷдон ва бомаърифатии ӯ мебошад. Одам ба чунин сифатҳо ороста бошад азизу мукаррам аст ва ҳар ҷо, ки қадам ниҳад тоҷи сари мардумон мегардад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ.
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоҷи наберагони Одам бошӣ.
Бо ташаббуси содиқонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ташкилоти бонуфузи байналмилатии ЮНЕСКО соли 2007 эълон гардидани соли Мавлоно, аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик фарзандони бузурге дорад ва номи онҳо дар ҷаҳон машҳур аст.
Ҷалолиддини Румӣ аз ҷумлаи он адибону орифони бузургест, ки на танҳо адабиёту фарҳанги форсу тоҷик, балки дар ҷаҳон мақоми баландро соҳиб гаштааст. Мероси адабии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ хеле рангорангу бой буда, ҷаҳони назму насро ташкил медиҳад. Бузургтарин асари Мавлоно «Маснавии Маънавӣ» мебошад, ки донишманд зиёда аз даҳ соли ҳаёти хешро бар он сарф намудааст. Асари дигари бузурги мутафаккир «Девони кабир» мебошад.
Мавлонои Балхӣ дар пандҳои худ ҳафт масъаларо муҳим медонад:
1. Дар бахшидани хатои дигарон монанди шаб бош.
2. Дар фурӯтанӣ монанди замин бош.
3. Дар меҳру дӯстӣ монандӣ хуршед бош.
4. Ҳангоми хашму ғазаб монанди куҳ бош.
5. Дар саховат ва кӯмак ба дигарон монанди руд бош.
6. Дар ҳамоҳангиву канор ба дигарон монанди дарё бош.
7. Агар мехоҳи дигарон хуб бошанд, худат хуб бош монанди оина.
Шоир дар рубоиҳои хеш, он касонеро, ки умрро беҳуда мегузаронанд, мазаммат мекунад, шоиста он бошад, ки аз паи амале кӯшӣ ва ба халқ нафърасон бошӣ. Ба ин мазмун чунин овардааст:
Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад,
В-ин мояи умр ройгон мегузарад.
Дар манзил махуспу ғофил манишин,
К-аз манзили умр корвон мегузарад.
Шуҳрату маҳбубияти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки яке аз адибон ва мутафаккирони форсу тоҷик мебошад дар таъриху фарҳанги миллӣ бисёр мақоми волоро соҳиб гаштааст. Миёни халқу миллатҳои турктабор, ҳинду араб, пушту ва Аврупо низ маъруфу шуҳратёр мебошад. Сабаби маҳбубияти зиёд пайдо кардани Мавлоно аз худи шарҳи ҳоли адиб равшан мегардад, дар андешаи ӯ дину мазҳаб, халқияту нажод тафовут надошта, ҳамеша тарафдори инсони комил, инсони поку нексиришт, инсони ҳақбину ҳақшинос буд. Мавлоно ингуна инсонҳоро ситоиш намуда, онҳоро ҳамсояи Худо ва дӯсти Худо донистааст.
Дар асрҳои минбаъда ҳам то имрӯз маҳбубияти Мавлоно миёни мардуми форсу тоҷик ва дигар миллатҳо хеле зиёд мебошад. Дар бораи ин чеҳраи шинохта ва маъруф, олимони давру замони гуногун баҳои баланд додаанд ва худро пайраи ӯ донистаанд.
Олими бузурги олмонӣ Йоган Гёте дар васфи Ҷалолиддини Румӣ гуфтааст: «Ҷалолиддини Румӣ кӯшиш ба харҷ дод, ки омилҳои зоҳирӣ ва ботинии мушкилоти инсонро ба тариқи мантиқ ҳал кунад».
Шоир ва файласуфи барҷаста Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ хешро пайрави Мавлоно ба қалам дода, пешаш сари таъзим фурӯд овардааст. Бо камоли ифтихор Иқбол ёди Мавлоно мекунад.
Нуқтаҳо аз пири Рум омӯхтам,
Хешро дар роҳи ӯ восӯхтам.
Шоири муосири тоҷик, Лоиқ Шералӣ дар бораи Ҷалолиддини Румӣ чунин мисраҳоро бахшидааст.
Дӯстам, пеш аз ту ҳам ашъори нофиз будааст,
Ин қадар аз худ марав пеш аз ту Ҳофиз будааст.
Ҳар мукофоте, ки бошад дар ҷаҳон баҳри сухан,
Бештар бар Мавлвии Балх ҷоиз будааст.
Ҷалолиддини Румӣ аз ҷумлаи он адибону орифони бузургест, ки на танҳо дар адабиёту фарҳанги форсу тоҷик , балки дар ҷаҳон мақоми волоро соҳиб гаштааст. Асари гаронбаҳои ӯ «Маснавии Маънавӣ» ҳамчун як ҷанҷинаи бебаҳо барои масъалаҳои муҳими ҳаёти маънавии ҷомеа ва олимону донишмандон мавриди истифода қарор дорад.
Хулоса мавзӯӣ дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ дар ғазалиёти Мавлоно мақоми шоиста дорад. Зиндагӣ ва ҳаёти ибратомӯзи ӯ шоҳиди гуфтаҳост. Маҳз ҳамин дӯстӣ ва якдилӣ буд, ки дар сари қабри ӯ садҳо мардуми гуногунмиллат ҷамъ омаданд ва ҷасадашро ба хок супориданд ва то имрӯз мавриди зиёрати ҳамагон қарор дорад. Ба андешаи Мавлоно бо дӯсти мувофиқ суҳбат оростан лаззати хосе дорад ва дар баробари ин, дӯстони кинаҷӯ ва мағруру худписандро сахт маломат мекунад. Онҳоро ба сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмию донистани қадри якдигар даъват мекунад.
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ, зи якдигар намонем.
Каримон ҷон фидои дӯст карданд,
Сағи бигзор, мо ҳам мардумонем.
Шарифова С. сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх