Дар мақола роҷеъ ба ҷой доштани фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистони шуравӣ, мушкилоту маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои рушди он дар шароити давлати тоталитарӣ таҳқиқоти илмӣ сурат гирифтааст. Дар мадди аввал давраҳои асосии пайдоиш ва таҳаввули назарияи соҳибкорӣ мухтасар баррасӣ шуда, заминаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодии рушди фаъолияти соҳибкорӣ нишон дода шудаанд. Моҳияти соҳибкорӣ, ҳадафу вазифаҳои он, принсипҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва усулҳои расидан ба ҳадафи он ифода карда шудаанд. Ҳаммонандӣ ва фарқиятҳо дар назарияи классикии (буржуазии) соҳибкорӣ, ки манфиатҳои буржуазияро намояндагӣ мекунанд ва назарияи марксистӣ-ленинӣ, ки тибқи он соҳибкорон, яъне буржуазия ҳамчун як пайванди зиёдатию нолозим дар низоми истеҳсолӣ муаррифӣ шуда, бояд ҳамчун синф бартараф карда шаванд, ошкор карда шудаанд. Дар навбати дуюм вазъи ҳуқуқии соҳибкорони инфиродӣ, аз қабили косибону ҳунармандон ва намояндагони касбу ҳунарҳои гуногуни анъанавӣ ва хусусиятҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити ҳукмронии идеологияи зиддикапиталистии марксистӣ-ленинӣ дар ИҶШС бо истифода аз маводи навини адабиёти илмӣ-ҳуқуқӣ таҳқиқ ва баррасӣ шудаанд. Ба андешаи муаллиф, давлати шуравӣ, бо вуҷуди муносибати рақибона ба капитализм, дар солҳои 1930 асри XX барои ҳалли мушкилоти иқтисодии худ синфи соҳибкоронро васеъ истифода мебурд. Аммо, ин маънои озодӣ додан ба соҳибони моликиятро надошт, балки навъе соҳибкори иҷтимоии номатлуб буд. Амалияи сохтмони шуравӣ бо назарияи Карл Маркс мувофиқ набуд. Он ба таври равшан собит намуд, ки тараққиёт танҳо бо иштироки шахсиятҳои эҷодкор, имконпазир аст, чунин шахсияҳои эҷодкор, пеш аз ҳама соҳибкорони асил мебошанд.
Заминаҳои таърихӣ, назариявӣ ва амалии соҳибкорӣ
Гузариш аз иқтисодиёти банақшагирифташудаи идоракунӣ ба иқтисодиёти озод, ки мувофиқи қонунҳои бозор фаъолият мекунад, дар шароити душвор ва амиқ сурат мегирад. Иҷроиш ва бомуваффақият ба итмом расондани ин гузариш аз бисёр ҷиҳат аз он вобаста аст, ки дар ин давра шароити муносиб барои пайдоиш ва ташаккули соҳибкорӣ – унсури муҳимми иқтисоди бозорӣ вуҷуд дорад. Яке аз шартҳои муҳимтарини рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусии иқтисодиёти кишвар ин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки муносибатҳои сифатан нав, пас аз сотсиалистии иқтисодии аъзои ҷомеаро танзим менамояд. Аз ин лиҳоз, омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи соҳибкорӣ, ки инъикос ва омӯзиши амиқро талаб мекунад, аҳамияти хоса дорад.Чунин таҳқиқотҳо, ки ба омӯзиши падидаи соҳибкорӣ дар зуҳурот ва ҷанбаҳои мухталифи нигаронида шудаанд, дар тӯли якчанд садсолаҳо идома доштанд ва гузаронида мешаванд. То имрӯз, дар раванди рушди амалияи соҳибкорӣ, тамоюлҳои нав ба вуҷуд омада, як қатор қонунҳо қабул карда шуданд, ки фаҳмиши онҳо инчунин имкон медиҳад, ки дониши назариявии худро дар бораи ин навъи фоиданоки фаъолияти иқтисодӣ амиқтар ва мукаммалтар намоем. Омӯзиши муқоисавии таърихи рушди назарияҳо дар бораи соҳибкорӣ ба мо имкон медиҳад, ки тағйиротро вобаста ба табиат ва самти фаъолияти соҳибкорӣ, вобаста аз шароити иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дигар шароити зиндагӣ ва иқтисодиёт, пайгирӣ ва муайян созем. Аз ҷониби бисёре аз муҳаққиқон омӯзиши мушкилоти ташаккули категорияи соҳибкорӣ дар адабиёти иқтисодӣ дар заминаи таҳлил ва ҷамъбасти андешаҳои иқтисодшиносони барҷастаи гузашта гузаронида шудааст.
Нахустин асосгузори назарияи тиҷорат, ки бисёре аз олимон ва муҳаққиқон пайдоиши истилоҳи «соҳибкор»-ро ба вай нисбат медиҳанд, иқтисоддон ва соҳибкори фаронсавӣ Р.Кантиллон аст. Р.Кантиллон соли 1697 дар Ирландия таваллуд шудааст ва соли 1734 дар Лондон, дар синни 37 вафот кардааст. Вай таҷрибаи бойи соҳибкорӣ дошт, аллакай дар синни 20-солагӣ як бонкдори машҳур дар Париж буд. Аз байни бисёре аз асарҳои ӯ танҳо як асараш, ки пас аз маргаш дар соли 1775 таҳти унвони «Эссе дар бораи табиати савдо» чоп шуда буд, ба мо расидааст. Дар китоби мазкур Р.Кантиллон назарияи ба ном механизми гардиши пулҳои тиллоиро асоснок карда, формулаи «баланд фурӯшед, арзон харед»-ро эълон кард ва одамонеро, ки формулаи мазкурро пайравӣ мекунанд, соҳибкорон номид. Кантиллон моҳиятан консепсияи якуми соҳибкориро таҳия кардааст. Соҳибкор, бо дарки Р. Кантиллон, як субъекти махсус буд, ки қобилияти пешгӯӣ, хавфҳо, масъулияти пурраи қарорҳои қабулшударо на танҳо дар шароити стандартӣ, балки дар ҳолатҳои хавфнок, аз ҷумла ҳангоми эҷод, ба вуҷуд овард. Дар таърифҳои Р.Кантиллон, илова бар амалисозии вазифаи истеҳсолӣ ва савдо, вазъи хавф аз сабаби надонистани нархҳои маҳсулоти истеҳсолшуда низ инъикос ёфтааст, ки бештар хусусияти соҳибкорӣ дар давраи ҷамъоварии сармояи аввалия дошт.
Минбаъд назарияи соҳибкорӣ дар навиштаҳои асосгузори иқтисодиёти сиёсӣ, мутафаккири барҷаста Адам Смит (1723-1790), ки дар муассисаҳои таълимии англисӣ оид ба адабиёт, ҳуқуқшиносӣ, мантиқ ва фалсафаи маънавӣ дарс медод, таҳия карда шуд. А. Смит муаллифи асари бунёдӣ “Тадқиқот дар бораи табиат ва сарватҳои миллатҳо” мебошад. Дар ин китоб А.Смит рушди садсолаи мактаби классикии иқтисоди сиёсиро ҷамъбаст намуда, ғояи истеҳсоли мол ва мубодиларо ҳамчун як соҳаи фаъолияти инсонӣ, ки тибқи қонунҳои объективӣ инкишоф меёбад ва ба танзимоти давлатӣ ниёз надорад, асоснок мекунад. Ҳангоми таҳияи назарияи нархи бозориии мол, А. Смит вобастагии онро аз шароити истеҳсол ва таҳвили молҳо ба бозор амиқан ошкор кард. Аммо, А.Смит дар пажуҳиши худ ба масъалаи таъсири дархости муштарӣ ба нарх аҳамият надодааст. А.Смит соҳибкорро ҳамчун соҳиби корхона фаҳмида, мутаносибан ҳадафи асосии фаъолияти соҳибкориро – гирифтани даромади соҳибкорӣ шарҳ додааст.
Адам Смит аз миёни ҷанбаҳои гуногуни тиҷорат танҳо барои меҳнат арзиши баланд ва аз ҳад зиёдро қоил буд, аммо ҷанбаҳои дигари соҳибкориро чандон арзишманд нашумуоридааст ва ба онҳо кам эътино додааст, аз ин рӯ аксарияти муҳақкиқон назарияи ӯро барои кӯшиши ба ҳам баробар кардани соҳибони сарват ва идоракунандагони сарват интиқод кардаанд. Чунин фаҳмиши ин гурӯҳи шахсоне, ки дар муносибатҳои иқтисодӣ иштирок мекунанд, таърихан асоснок буд, зеро шакли асосии фаъолияти моликият дар он вақт як оилаи хурд ва ширкати миёна буд, ки дар он сармоя, чун қоида, аз ҷониби соҳиби воситаҳои истеҳсолот, хешовандон ва шарикони вай аз нав тавлид карда мешуд.
Идома дорад…
Наботов Маҳмадӣ
– сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ