Баъзе омилҳои ифротишавӣ ва роҳҳои мубориза бо он

Нозим Каримов
Бояд қайд намуд, ки солҳои охир проблемаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, яке аз қазияҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, диққати тамоми таба-қаҳои солимфикри ҷомеаро ба худ ҷалб намудааст.
Омӯзиш ва таҳлили маводи мавҷуда дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳарчанд вазъият дар ин самт аз нигоҳи аввал ором ва назоратшаванда бошад ҳам, аммо моҳиятан он мураккаб боқӣ мемонад.
Қазияи мазкур ба таҳлили амиқ ва ҳаматарафа эҳтиёҷ дошта, зарурияти баррасӣ ва арзёбии дақиқи он, пайдо намудани роҳҳои ҳалли он кайҳо дар ҷомеаи мо фаро расидааст. Дар акси ҳол он метавонад тадриҷан ба хуруҷи равандҳои пуршиддат бурда расонида, ҷомеаро гаравгони ҳодисаҳо ва амалҳои барои ҷамъият ва давлат хавфнок гардонад.
Терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ зуҳуроте мебошанд, ки ба амнияти тамоми сайёра таҳдид намуда, ба равандҳои асосии рушди муносибатҳои ҳамгироӣ ва иқтисодии кишварҳои ҷаҳон хатар эҷод менамоянд. Терроризм, экстремизм, бунёдгароӣ ва радикализм дар якҷоягӣ маҷмӯи мушкилотҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб рафта, барангезандаи ҷангу низоъҳо, қатлу куштор, даҳшату ваҳшоният ва бадбахтиҳои инсоният ба шумор мераванд.
 Чуноне ки маълум аст, оғози аксари инқилобҳои ранга, алалхусус «баҳори арабӣ» дар кишварҳои исломӣ дар чанд соли охир аввал бо роҳи интиқол додани андешаи динӣ-сиёсии нав, паҳн кардани он дар кишвар ва сипас дар ин замина барангехтани низоъ байни шаҳрвандони гуногунандешии сиёсӣ ва мазҳабӣ ба амал бароварда шуданд. Дар қисмати ин тағйиротҳои хунин нақши исломгароии сиёсӣ, ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидошта ва ҳаракатҳои динии ғайрисуннатии нави сиёсӣ хеле зиёд аст.
Мутаассифона, солҳои охир давлатҳои абарқудрат бо мақсади пурзӯр намудани манфиатҳои геополитикии худ ва даст доштан ба манбаъҳои молиявӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро, ки аксарияти аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, зери таваҷҷӯҳи худ қарор дода, ба воситаи маблағгузарии фаъ-олияти террористӣ ва экстремистӣ мехоҳанд суботи ҷомеаро ноором сохта, сохти давлатдории исломӣ ё худ «хилофат»-ро ба ин кишварҳо таҳмил намоянд. Илова бар ин, онҳо барои амалӣ сохтани ҳадафҳои геополитикии худ ба баланд рафтани сатҳи таассуби динӣ дар ин кишварҳо манфиатдоранд. Ин проблематика дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти ба худ хосро касб мекунад, зеро Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки манбаи нооромиҳо, маскани ҳар гуна ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ мебошад, сарҳади тӯлонӣ дорад. Абарқудратҳои ҷаҳонӣ барои амалисозии нақшаҳои геополитикии худ асосан ду калиди ниҳоят муҳим ва муассирро истифода менамоянд: якум, эҳсосоти динӣ, ҷанг андохтани намояндагони як дин дар асоси ихтилофоти мазҳабӣ, дар мисоли мамолики араб, Афғонистон, инчунин истифодаи унсури ислом ҳамчун воситаи тарсу даҳшат, масалан дар Сурия, Ироқ, Либиё; дуюм, миллатгароӣ (ба таҳрики даровардани курдҳо, истифодаи ҳиссиёти миллатгароӣ дар Украина, ташкил кардани “майдонхо”, ки оқибати он ба ҳама маълум аст).
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, солҳои охир КДАМ ҶТ мубориза бо ин зуҳуротҳои номатлубро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян кардааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба тамоюли рушди вазъият дар самти терроризм ва экстремизм омилҳои зерин таъсир мерасонанд:
– Тезутунд будан ва боз ҳам печидатар гаштани вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар заминаи вусъат пайдо кардани фаъолияти ҷангҷуёнаи ташкилотҳои террористии “Ҳаракати Толибон”, «ал-Қоида», “Ҳаракати Исломии Туркистон” ва “Давлати исломӣ”, таъсири бевоситаи он ба рушди вазъият дар ҷумҳурӣ ва дар робита ба ин баланд гардидани эҳтимолияти воридшавии гурӯҳҳои алоҳидаи мусаллаҳи террористӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ. Бояд ёдовар шуд, ки вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон ҳама вақт омили муҳими таъсиррасон ба вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таҳлили маълумотҳои дастрасгардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки вазъият дар ин кишвар бинобар афзоиш ёфтани фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, пайвастани гурӯҳҳои алоҳидаи террористӣ ба “Давлати исломӣ” ва аз тарафи онҳо ҳадафмандона ба нақша гирифтани таъсиси марказҳояшон дар вилоятҳои шимоли ин кишвар, ба хусус минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарз, идома доштани амалиётҳои даҳшатафканӣ аз ҷониби онҳо, инчунин ҳолатҳои гаравгон гирифтани шаҳрвандони тоҷик дар минтақаҳои марзӣ, қочоқи маводи мухаддир мураккаб ва нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар ҳамин ҳолат эҳтимолияти аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ғайриқонунӣ убур на-мудани сарҳади давлатӣ ва гузаштани онҳо ба қаламрави Тоҷикистон баланд боқӣ мемонад.
– Омили дигар ин мавҷудияти шумораи зиёди толибилмони марказҳои динии кишварҳои исломӣ дар вилоят, таъсири ақидаи динӣ-мафкуравии онҳо ба ҷа-вонону наврасон мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шумораи зиёди аҳолии минтақаи Қӯрғонтеппа бар асари даргириҳои сиёсӣ ба Афғонистон ҳамчун гуреза фирор намуда буданд. Муҳоҷирати иҷборӣ дар ин сарзамин ба афкори мардум, хусусан наврасон ва ҷавонон таъсири амиқ гузошт. Доираҳои манфиатхоҳ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ аз муҳити ба вуҷудомада истифода намуда, ҷавонону наврасонро ба доираи таъсири худ кашиданд. Маҳз дар ҳамин давра раванди сафарбаркунии ҷавонону наврасон ба марказу мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ оғоз гардид. Қисме аз ҷавонон ҳангоми таҳсил дар марказҳои динии кишварҳои хориҷӣ ба сафи ҷараёнҳои бегонаи динӣ ва қисми дигар ба сафи ташкилотҳои террористӣ дар ин кишварҳо ҷалб ва шомил шуданд. Маълум буд, ки ин амал аз ҷониби хадамотҳои махсус ва дигар қувваҳои клерикалии ин кишварҳо мақсаднок анҷом дода мешавад ва воситаи беҳтарини интиқоли падидаҳои манфӣ ба ҷумҳурӣ гардид. Дар айни ҳол дар худуди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 1267 толибилмони мадрасаҳои динии хориҷӣ расман ба қайд гирифта шудаанд. Ташвишовар он аст, ки то ҳанӯз шумораи муайяни толибилмони вилоят зиёда аз 100 нафар дар марказҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсили худро идома дода истодаанд.
– Паҳн гардидани равияҳои бегонаи динӣ миёни аҳолӣ, шомилшавии ҷавонон ба сафи онҳо, вусъат пайдо намудани ифротгароию тундгароӣ. Сабабгори асосии ин омили номатлуб низ, пеш аз ҳама, толибилмони мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Маҳз баъди баргаштани онҳо равияҳои динии “Ҳизбу-т-Таҳрир”, “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ансоруллоҳ” дар ҷумҳурӣ паҳн гардиданд. Яке аз хавфи ҷиддии андешаи сиёсати теократӣ, ки ин ҳизбу ҳаракатҳо тарғиб мекунанд, дар он аст, ки онҳо хусусияти бунёдгароӣ дошта, ба муқобили манфиатҳои давлатҳои миллӣ нигаронида шудаанд.
Баъди аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ эълон шудани равияи динии “Салафия” аъзоёну тарафдорони он ба қавле ба фаъолияти пинҳон-корона гузаштанд, аммо онҳо аз нияту мароми асосии худ, диндоркунонии ҷомеа ва заиф гардонидани пояҳои сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ даст нака-шидаанд. Солҳои охир дар ин самт тамоюли нав ба мушоҳида расид. Ба ҷараёни динии «Салафия» шомил шудани ҷавонон ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани онҳо ба амал меояд, ки ниҳоят раванди нигаронкунанда аст.
– Шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ чи дар қаламрави ҷумҳурӣ ва чи берун аз он ва дар ин замина пайдо гардидани тамоюли нав иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҷангҳои мазҳабии Сурияву Ироқ. Рӯйдодҳои сиёсӣ ва геополитикии солҳои охир нишон доданд, ки камогоҳӣ, сатҳи пасти дониш, аз моҳияти равандҳои сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ бохабар набудани ҷавонон метавонад ба густариши фанатизму вусъатёбии ақидаҳои ифротӣ табдил ёбад, ҳамзамон ба амнияти миллату давлат ва ҳифзи сохти конститутсионӣ хатари ҷиддӣ эҷод намояд.
Барои фанатик шудан (сафарбарии ҷавонон ба амалиётҳои террористии Сурия) донишҷӯи аълохон зарур нест. Зеро шахси саводнок объект ва ҳадафи таъ-сир шуда наметавонад. Ин ҷо шахсони бесавод лозим аст. Чаро Сино, Хайём, Убайди Зоконӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Фитрат, Мунзим ва садҳо бузургони дигар мутаассиб нашуданд? Зеро онҳо донишманд буданд ва баръакс, чароғи маърифати миллат гаштанд.
Бояд қайд намуд, ки қисмати асосии категорияи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Сурия дастпарварони марказҳои таълимии динии хориҷӣ, аъзоёни ҷамоати террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии ӯзбекистон» ва «Салафия» ташкил медиҳад. Самти аз ҳама муҳиме, ки барои ба гурӯҳҳои террористӣ шомил гардидани ҷавонони тоҷик мусоидат менамояд, маҷрои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия мебошад. Маҳз ба воситаи ҳамин кишвар зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони мо ба Сурия рафта, дар амалиётҳои террористӣ ширкат меварзанд.
Маълум гардид, ки ҷараёни ба муқовиматҳои Сурияву Ироқ рафтани ҷавонон, пеш аз ҳама, аз хориҷи кишвар, яъне ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани онҳо оғоз мегардад. Шароитҳои вазнине, ки дар онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ арзи вуҷуд мекунанд, ба тезонидани он мусоидат намуданд. Аз ҷумла, солҳои охир қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Россия ва талаботҳо ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар шадидтар гардиданд. Аксарияти муҳоҷирон баъди рафтан ба қаламрави ин кишвар муддати дароз ҷойи кор пайдо карда наметавонанд, қисме аз онҳо бо баҳонаҳои гуногун аз ҷойҳои корӣ бе додани маош ронда мешаванд, аксарияти муҳоҷирон дар шароитҳои тоқатфарсо умр ба сар мебаранд. Намояндагон ва мубаллиғони ташкилотҳои террористӣ бошад, ки шароити зисти муҳоҷирони меҳнатиро хуб омӯхтаанд, онҳоро осон ба доми худ меафтонанд.
Дуюм ин, ки ҷавонони аз қабили муҳоҷирони меҳнатӣ ба сафи ташкилотҳои террористӣ шомилгардида аксаран ҷавон буда, иродаи мустаҳкам надоранд, ҳам-чун “шахсият” пурра ташаккул наёфтаанд. Онҳо, ки муҳоҷирати меҳнатиро роҳи ягонаи ба даст даровардани даромад медонанд ва бо ин мақсад ба Россия ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафар мекунанд, бо дучор гардидан ба душвориҳои муайян ноумед ва рӯҳафтода мешаванд. Дар сурати ба онҳо пешниҳод гардидани маблағҳои калон аз тарафи боз ҳамон намояндагони ташки-лотҳои террористӣ онҳо дарҳол розигӣ дода, ба кадом амали ғайриқонунӣ даст заданашонро пайхас намекунанд.
Ба сифати омили сеюм ҳолати динӣ-эътиқодӣ ва рӯҳию равонии ҷавонон хизмат мекунад. Аксарияти онҳое, ки ба чунин амалҳои нангин даст мезананд, мақсаду мароми ягона надоранд, побанди фикри ба даст даровардани маблағҳои муфт ва осон мебошанд, ҳамаи он чизе, ки аз ҷониби мубаллиғони ташкилотҳои террористӣ ба онҳо пешниҳод мегардад, тез қабул мекунанд. Ин ҷо бештар заминаи таассубгароӣ, экстремистӣ ва таъсири муҳити диние, ки ҷавонон дар он тарбия ёфтаанд, яъне оилаи ба истилоҳ диндор ва мактабҳои динӣ аз худ дарак медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки марказу мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷӣ низ ба раванди шомилшавӣ ва ҷалб намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ва фаъолияти онҳо нақши муассир бозиданд.
 Аз тарафи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои қудратии вилоят дар асоси маълумотҳои оперативӣ ва расмии дастрасшуда иштирок ва алоқамандии 609 нафар шаҳрвандони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар ҷангҳои динӣ-мазҳабии Сурияву Ироқ муайян карда шудааст. Аз ин шумора 48 нафарашонро занҳо ва 56 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд. То ба имрӯз аз ҷониби сохторҳои марбута 163 нафар дастгир ва дар асоси ҳалномаҳои судӣ ба муҳлатҳои гуногун ба маҳкама кашида шудаанд. Тибқи маълумотҳои дастрасгардида 126 нафар сокинони вилоят дар ин муқовиматҳо ҳалок гардидаанд.
Танҳо бо ҷурми алоқамандӣ бо созмону ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ дар 3 моҳи аввали соли 2018 аз тарафи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 43 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 63 нафар оғоз гардид ва 16 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 20 нафар барои баррасӣ ба мақомотҳои судӣ ирсол карда шуданд.
Ҳамзамон, моҳҳои феврали соли ҷорӣ дар рафти амалӣ намудани чорабиниҳои мақсадноки оперативӣ аз ҷониби кормандони Раёсат зимни убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон шаҳрванд А.М., зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати деҳоти Заргар дастгир гардид. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда бо супориши махсуси ташкилоти террористии ДИИШ ҷиҳати ҷалби аъзоёни нав ва гузаронидани силсилатаркишҳо дар арафаи иди Наврӯз дар ҳудуди кишвар вориди ҷумҳурӣ гардидааст. Дар асоси нишондодҳои номбурда боз 18 нафар алоқамандони наздики ӯ аз шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Душанбе ва Истаравшани вилояти Сугд муайян ва дастгир карда шуданд, ки хамаашон аъзои ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” мебошанд.
Муайян гардид, ки ҷавононе, ки ба сафи ташкилотҳои террористӣ шомил карда мешаванд, дар аксарияти мавридҳо ғолибан зодаи як минтақаи муайяни ин ё он ноҳия мебошанд. Чунончи аз ноҳияи Бохтар асосан аз ҷамоатҳои деҳоти Сарвати Истиқлол ва Меҳнатобод, аз ноҳияи Шаҳритуз сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов, аз ноҳияи Вахш сокинони ҷамоати шаҳраки Киров, аз ноҳияи Ҷалолидини Румӣ ҷамоатҳои Туғаланг ва Маданият, аз ноҳияи Қубодиён бошад ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол шомил гардидаанд.
Дар шароити ҳозира аҳли зиё, ки нерӯи аслии мафкурасоз дар ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дур мондаанд. Чунин бархӯрд қисмати умдаи равшанфикронро берун аз ҳошияи ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ қарор додааст. Аз ин вазъият созмону ташкилотҳои ифротӣ ҳамаҷониба истифода менамоянд. Рӯҳониён талош доранд, ки имконоти ақлонӣ, фитрӣ ва зеҳнии табақаи мутамаддини ҷомеаро дар хизмати ҳадафҳои ғараз-нокашон қарор диҳанд.
Дар шароити имрӯза сатҳи баланди бекорӣ, ҷалб нагардидани ҷавонон ба таҳсил ва барномаҳои фарҳангӣ-равшаннамоӣ (кор накардани марказҳои фар-ҳангӣ, китобхонаҳо, варзишгоҳҳо, дастнорас будани барномаҳои телевизионӣ дар манотиқи дурдаст) махсусан дар деҳот боис гардидааст, ки насли ҷавон имко-ниятҳояшро амалӣ карда натавониста, ноилоҷ рӯй ба масҷидҳо биёваранд. Дар ин радиф доираҳои иртиҷоӣ таблиғоти хурофотпарастию таҳаммулнопазирро густариш медиҳанд.
Масҷид ва қишри манфиатпарасти рӯҳониёни маҳаллӣ ба сарчашмаи асосии иттилоотгирӣ, шаклгирии ҷаҳонбинӣ ва устуворсозии муносибатҳои иҷтимоӣ табдил ёфта, шаҳрвандонро дар асоси эътиқоду боварии кӯркӯрона ба доми фиреб мекашанд. Тундравони динӣ-мазҳабӣ шаҳрвандони ноогоҳро асосан бо ис-тифода аз масҷидҳо ҷалб карда, сипас онҳоро тавассути коркарди мағзию мафкуравӣ ба ҷиҳоду худкушӣ дар Покистону Афғонистон ва Ироқу Сурия ба таҳрик меандозанд.
Дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ мо ба онҳое эҳтиёҷ дорем, ки ба арзишҳои давлатдории миллӣ арҷ мегузоранд, анъана ва суннатҳои аҷдодиамонро ҳифз ме-кунанд, ба вазъи ҷумҳурӣ, таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ воқеъбинона нигариста, баҳри таҳкими сохти конститутсионӣ, оромию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагии халқи тоҷик ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Аз ин рӯ, сохторҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаи пешгирии чунин зу-ҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, дар ин самт чораҳои дахлдор ва таъхирнопазир андешанд.
Танҳо талошҳои якҷояи мо имконият медиҳанд, ки мушкилоти имрӯзаи ҷавононро бо истифодаи нерӯи созандаи худи онҳо тавассути фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба манфиати рушди давлату ҷомеа ҳаллу фасл намоем. Бо назардошти таҳлили баёнгардида, бо мақсади пешгирӣ намудан ва барҳам задани паҳншавии идеологияи террористӣ-экстремистӣ ва омилҳои ба он алоқаманду мусоидаткунанда ва баланд бардоштани таъсирнокии механизми таъмини амнияти миллӣ пешниҳод карда мешавад:
1. Ҷиҳати паст намудани сатҳи ифротгароии динӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо Раёсати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои вилоят ва дигар ниҳодҳои дахлдор оид ба таҳияи чорабиниҳои хусусияти маърифатидошта дар байни аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
2. Кафедраҳои ҷамъиятии ДДҚ ба номи Носири Хусрав вобаста ба масъалаи пешгирӣ ва барҳам задани паҳншавии ҷараёнҳои гуногуни экстремизми исломӣ, ки аз он терроризм ва сепаратизм ғизо мегирад, мақолаҳои илмӣ омода карда, дар рӯзномаву маҷаллаҳо нашр намоянд ва барои ташаккули афкори ҷомеа ва суботу амнияти кишвар хатарнок будани паҳншавии ин ҷараёнҳоро кушоду равшан нишон диҳанд.
3. Раёсати маориф ва илми вилоят миёни хонандагони мактабҳои миёна гузаронидани конференсияҳои илмиро вобаста ба масъалаҳое, ки метавонанд ҷаҳонбинии дунявӣ ва худшиносии миллиро бедор намоянд, роҳандозӣ кунанд.
4. Имкониятҳои мавҷудаи мақомотҳои хифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор баҳри аз марказҳои динии кишварҳои хориҷӣ баргардонидани толибилмони вилоят ва ҳамзамон аз пойгоҳҳои ташкилотҳои террористӣ баргардонидани сокинони вилоят дар якҷоягӣ бо волидайни онҳо равона карда шаванд.
Ҳар яки мову шуморо зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз неъмати бузурги бадастовардаамон – озодию истиқлолият, соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии кишвар, инчунин барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқамон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳру садоқат ба Ватани маҳбубамон аз ҳарвақта бештар заҳмат кашем.
Маҷмӯаи мақолаҳои
конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии
«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои
амалии пешгирии он дар маҳалҳо»
ш. Бохтар – 2018, саҳ. 75-85
Яндекс.Метрика